Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаҳои қаллобӣ

12Ба ШВКД дар ноҳияи Деваштич бо ариза зани 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яхтанди ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми декабри соли 2017, зани 40-солаи сокини деҳаи Хуҷаи ноҳияи Деваштич бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 175 000 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. 

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 30-солаи сокини ноҳияи Истравшан бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми феврали соли 2015 марди 30-солаи сокини кӯчаи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 тонна равғани пахта, ба маблағи умумии 18 000 доллари амрикооиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 58-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ворид гардидааст, ки аз соли 2010 то охири соли 2014 марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 65 600 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика