Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 101-и ноҳияи Сино

534

Рӯзи 17 майи соли 2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки хонандагони муассисаи мазкур, падару модарони онхо, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор, сардори Сарраёсати маорифи шахри Душанбе Азизӣ Миралӣ Маҳмадалӣ ва дигар намояндагони мақомоти дахлдор чорабинии мақсаднок ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили ҳуқуқвайрокуниву ҷиноятпешагӣ, пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ, риояи бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои марбута доир гардид.

535

Дар оғози чорабинӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Миралӣ Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳои судмандро барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ амалӣ муфид арзёбӣ кард. Номбурда афзуд, ки чунин вохӯриҳо ба он мусоидат мекунад, ки ҷавонон интизоми намунавӣ дошта, дар дарсҳо фаъолона иштирок намоянд ва ба ҳеҷ гуна қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор иброз дошт, ки пешгирии содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, ҳар як шаҳрванди солими ҷомеаро зарур аст дар ин самт дар баробари мактабу маориф ва дигар сохторҳои марбута саҳмгузор бошанд. Қайд гардид, ки маҳз беназоратии бархе волидайн ва масъулини муассисаҳои таълимӣ аст, ки баъзан ноболиғон даст ба ҳуқуквайронкунӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ мезананд.
Зикр гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ бо ибтикору ҳамдилӣ метавонем ҳама гуна ҷиноятпешагӣ, ҳуқуқвайронкуниву амалҳои ношоистаро дар байни наврасону ҷавонон пешгирӣ намоем.
Дар идомаи чорабинӣ аъзои гурӯҳи «Авангард» Сарбоззода Ёсуман баромад намуда, изҳор дошт, ки ҳукумати мамлакат ҷиҳати илмомӯзӣ, аз бар намудани барномаҳои таълимӣ ва технологияи муосир баҳри насли ояндасози миллат шароитҳои замонавӣ муҳайё намуда, ҳамаҷониба ғамхорӣ менамояд. Аз ин лиҳоз мову шумо хонандагонро зарур аст, ҷавобан ба чунин ғамхориҳои роҳбарияти давлат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, бо рафтори намунавӣ ва одоби ҳамида заррае ҳам бошад ба ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

536537

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор падару модароне, ки фарзандонашон бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсил менамоянд, Ифтихорномаву Сипоснома тақдим карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи ВКД дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабиниҳои мақсаднок дар муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт ва минтақаҳои гуногуни кишвар пайваста доир мегардад.
Абдулло Шоҳиён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика