Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нақлиётии марговар дар шаҳри Панҷакент ва Турсунзода

16-уми майи соли 2018, тахминан соати 01:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Суфиев Фирӯз Қурбонович, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Панҷакент-Айнӣ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Л.Шералии ш.Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота Раф-4”, таҳти идораи ронанда, Оқилов Азимҷон Абдукаримович, соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Амондара, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Суфиев Ф.Қ. ва мусофираш Қурбонов Азамат Абдуазизович, соли таваллудаш 1995, сокинони деҳаи Ёрӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Сипас, дар беморхона Қурбонов А.А. ба ҳалокат расидааст.
16-уми майи соли 2018, тахминан соати 15:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико”, Саидов Азиз Абдулоиқович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Ҷовидони шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Алиева Назира Шамсиддиновна, соли таваллудаш 1980, сокини деҳаи Ҷовидон ва Ҳасанова Насиба Шамсиддиновна, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагардон: Алиева Н.Ш. ва Ҳасанова Н.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика