Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари ҷавонон ба минтақа ва ноҳияи Рашт

514

Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи ислоҳоти милитсия як зумра кормандони милитсия ва гуруҳи ҷавонони фаъоли «Авангард» ба минтақа ва ноҳияи Рашт сафарбар гардиданд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Нуробод ҷавононро ҳамсолони хеш ва роҳбарияти ноҳияи мазкур бо самимияти хоса ва суруду тарона пешвоз гирифтанд.

516517

Дар деҳаи Улфатободи ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи мазкур намояндагони ВКД ва ҷавонони гуруҳи «Авангард» бо аҳли ҷамоатчигӣ, ҷавонон ва фаъолони ноҳия суҳбату вохӯрии судманд доир намуданд.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор зимни суханронӣ зикр кард, ки масъалаи шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро доғи рӯз маҳсуб ёфта, мутаассифона чунин далел дар ноҳияи Нуробод низ ҷой дорад.
Номбурда мисолҳои дақиқ аз шомил гардидани баъзе ҷавонон ба чунин равияҳо оварда, зикр кард ки ҳаракату равияҳои эктремистиву террористӣ ҳеҷ умумияте бо дин надоранд. Зеро террорист дин, мазҳаб, миллат ва давлат надорад.

518519

Дар идомаи чорабинӣ дигар намояндагони ВКД ва ҷавонони фаъоли гуруҳи «Авангард» баромад намуда, бо шукргузорӣ аз суботу сарҷамъӣ ва ҳамдилии ҷавонон иброз доштанд, ки баҳри пойдориву устувор мондани дӯстии ҷавонон ва якпорчагии Ватан камари ҳиммат мебандем.
Дар навбати худ имомхатиби ҷамоати мазкур ва фаъолони ҷомеа аз суханронии созандаи Пешвои муаззами миллат, ки рӯзи 12-уми майи соли равон бо аҳли ҷомеа баргузор гардид, ёдовар шуда, иброз дошт, ки суханони Сарвари давлатро ҳамеша сармашқи кору пайкори хеш қарор медиҳем.
Сафари намояндагони ВКД ва ҷавонони фаъоли гуруҳи «Авангард» дар минтақаи Рашт идома дорад.
Абдулло Шоҳиён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика