Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақаллубкорӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 56-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд муроҷиат намудааст, ки аз санаи 22-юми сентябри соли 2016 то санаи 11-уми феврали соли 2017, марди 30-солаи сокини кӯчаи Сари Осиёи ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи фиреб ба боварии ҶДММ “Ҳоҷи Юсуф” даромада, аз он ҷо 12 ҳазору 802 халта орди навъҳои гуногунро ба маблағи 1 миллиону 767 ҳазору 185-сомонию 97-дирам насия гирифта, аз ин 1 миллиону 439 ҳазору 934 сомонию 50-дирамро пардохт намуда, боқимонда 369 ҳазору 5-сомонӣ маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 

Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат марди 43-солаи сокини ш.Душанбе, роҳбари ҶСК “УМР”, корхонаи қуму шағалбарорӣ, муроҷиат намудааст, ки охирҳои соли 2016, марди 43-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 150 ҳазор рубли русиро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот давом дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика