Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия бо намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН)

197

Рӯзи 9-уми январи соли 2019 Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр бо коршиноси минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) оид ба идоракунии давлатӣ Александра Миерханс ва коршиноси кишварҳои дафтари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) дар Ҷумҳурии Қирғизистон Айнура Беккоенова вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф.А. оид ба дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва корҳои анҷомдодашуда дар доираи ислоҳоти милитсия маълумоти муфассал дод.
Зикр гардид, ки тибқи сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳамкории зич бо аҳолӣ ва таъмини шафофият дар фаъолияти кормандони милитсия “Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020” ва “Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020” қабул карда шуд.
Дар партави татбиқи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия дар назди мақомоти корҳои дохилӣ Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, имрӯз ҳамкорӣ бо аҳолӣ наздик гардида, эътимоду боварии мардум ба кормандони милитсия афзудааст.
Дар доираи ислоҳоти милитсия корҳои ободониву бунёдкорӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ бомаром идома дошта, бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалии “ЭмерҷенсГруп”, “Сейферволд”, дигар созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони ватанӣ муҳайё намудани шароити моддиву маишии кормандон боиси дилгармӣ ба кору хизмат ва пешравӣ дар ҷодаи интихобнамуда гардидааст.
Таъкид гардид, ки бо талошу кӯшиши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати ба амал баровардани ислоҳот дар низоми кору фаъолият, таъсиси сохторҳои нав ва бунёди бинову иншоотҳои замонавӣ, шароити хизматрасонӣ, фароғату истироҳат, заҳмати зиёд ба харҷ дода шуд.

198

Дар доираи ислоҳоти милитсия дар ҳамаи раёсатҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дигаргуниҳои куллӣ ба назар расида барои кормандон шароитҳои хубу замонавӣ муҳайё гардидааст.
Дар ин радиф бо шарикони иҷтимоии ислоҳоти милитсия аз қабили Дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон, Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, Ташкилоти байналмилалии “Сейферволд”, Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ як қатор вохӯриҳо баргузор гардида, Нақшаҳои кории якҷоя таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Дар доираи ислоҳоти милитсия барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани робитаи шаҳрвандон бо милитсия дар ВКД телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, телефони “Мадад-1919” ва “Хабарнигори фаврӣ”-и Вазорати корҳои дохилӣ (939 222 111), ки бо шабакаҳои иҷтимоии Вайбер, Вотсап, Имо ва Вичат пайваст аст, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Шаҳрвандон оид ба ҳама ҳодисаҳову воқеаҳо, қонуншиканиву ҷинояткорӣ ба мақомоти милитсия занг зада хабар медиҳанд. Дар давоми соли 2018 тавассути ин алоқаҳо ҳамагӣ 6525 нафар (ба телефони боварии Вазир 2378 арзу муроҷиат) ва дархостҳои шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милитсия қабул гардидааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ масоили пешгирии зӯроварӣ дар оила, махсусан нисбати занону духтарон мавриди баррасӣ қарор гирифта, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф.А. доир ба қабул ва мавриди иҷро қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва дар ин самт аз ҷониби ВКД амалӣ гаштани як қатор чорабиниҳо маълумоти муфассал дод.
Дар рафти вохӯрӣ коршиноси минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) оид ба идоракунии давлатӣ Александра Миерханс оид ба амалӣ намудани иқдомҳои ҷадид, ки ба бартарафсозии зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон равона гардидаанд, ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин дар хотимаи мулоқот доир ба нақшаҳои ояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ислоҳоти милитсия табодули афкор сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардиданд.
Дар доираи ислоҳоти милитсия эътимоду боварии мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва робитаи бештари онҳо бо милитсия тақвият ёфта, шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгари ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромӣ дар ҷомеаро дида, ҳамкории худро бештару беҳтар менамоянд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика