Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии ҳамкориҳо дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ

131

Рӯзи 2-юми ноябри соли 2018 муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати ҷамъиятии бехатарии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Нанкин ҷаноби Сзян Пин ва намояндагони гурӯҳи кории Раёсати мазкур вохӯрӣ намуд. 

Зимни вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба арзи сипос намуда, зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷамъиятии бехатарии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи чаҳорчӯбаи санадҳои баимзорасида то ба имрӯз ҳамкории хуберо ба роҳ монда, дар ин асно мубодилаи таҷрибаи корӣ баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии қонуншиканӣ ва баргузории курсҳои омӯзишӣ тақвият ёфтаанд.

132

Муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати ҷамъиятии бехатарии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Нанкин ҷаноби Сзян Пин дар навбати худ зикр кард, ки дар густариши ҳамкориҳои ин ду сохтори мақомоти корҳои дохилӣ саҳми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро беандоза буда, то имрӯз баҳри пешбурди самтҳои фаъолияти ин ду ниҳод корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ рушду густариш хоҳанд ёфт.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика