Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масъалаҳои мубрам бо ҳамкорони чинӣ

113

Рӯзи 13-уми августи соли 2018 муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич бо ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии Ноҳияи мухтори  Монголия дохилӣ дар назди Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо роҳбарии муовини сардори Департаменти мазкур ҷаноби Чэн Инсзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, вохӯрӣ доир намуд.

114115

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷустуҷӯӣ шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошта ба воситаи «Интерпол», инчунин тақвият бахшидани мубодилаи иттилоот, ташкили гурӯҳи кории якҷоя ва дигар масоили мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор таклифҳои судманд аз қабили ташкил намудани алоқаи хизматӣ ҷиҳати тақвият бахшидани мубодилаи иттилоот ва баргузор намудани вохӯриҳои корӣ баён гардиданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика