Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тренинг барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила

186

Аз 2-юм то 4-уми июли соли ҷорӣ дар Академияи ВКД ҷиҳати амалигардонии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 тренинг доир ба таълими кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд бардоштани маҳорати онҳо оид ба дарсдиҳии фанни «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид.

187

Дар тренинги мазкур сардори шуъбаи роҳбарии нозирони минтақавии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД, нозирони калони ин раёсат, кормандони РВКД дар ш.Душанбе, РВКД вилоятҳои Хатлон, Суғд, МКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт, ШВКД дар шаҳрҳои Ҳисор, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ, ноҳияи Варзоб, қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб иштирок намуданд.
Ташкилкунандаи тренинг Филиали ташкилоти Геселшафт фюр Организатсион, Планунг унд Аусбилдинг (ГОПА) мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, PDV) буд.
Дар қисмати аввали чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Саидзода З.А. баромад карда, иброз намуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад ва дар ҷомеаи Тоҷикистон оила ҳамеша мақоми муқаддам ва аввалия дорад.
Ҳамчунин, дар тренинг директори филиали GOPA/PDV дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко иштирок намуд.
Дар рафти тренинг масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, ҷабҳаҳои назариявии танзими ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ дар оила, омӯзиши маҳорати дарсдиҳии фанни пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷабҳаҳои аксуламали кормандони милитсия оид ба ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила, ҷабҳаҳои равонии зӯроварӣ дар оила баррасӣ шуданд.

188

Дар тренинг кормандони амалия оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” фаъолияташонро муаррифӣ намуда, нуқтаи назари худро ҷиҳати боз ҳам бештар гардонидани фаъолияти худ оид ба тақвият ва устувории бунёди хонаводаҳо, истеҳкоми оиладорӣ, ҳифзу дифоъ ва беҳдошти ҳар як узви оила, ҳамчунин, барои фароҳам овардани василаи созгори рӯҳонӣ баҳри рушди насли тозаҷавони Тоҷикистон дар шакли «Презентатсия» пешниҳод намуданд.
Каримова Л.М., Убайдуллозода Ф.А., Убайдуллоев Ш.Э.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика