Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳокимаи ҳамкориҳо дар мулоқот бо намояндаи Агентии миллии Британияи Кабир

 

Имрӯз (12.06.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ намояндагони вазорат бо роҳбари минтақавии Агентии миллии зидди ҷиноятҳои муташаккили Британияи Кабир ҷаноби Фред Ҳеллон вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин корманди дигари Агентии мазкур Луиза Ханипова, намояндаи Сафорати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Раҷабов, инчунин аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ намояндагони раёсатҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва Бюрои марказии миллии «Интерпол» иштирок доштанд.


Бо сухани ифтитоҳӣ вохӯриро сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад оғоз бахшида, зимни суханрониаш аз сатҳи ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии миллии зидди ҷиноятҳои муташаккили Британия Кабир дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили байналмилалӣ ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки дар ин самт заминаҳои ҳамкориҳо васеъ буда, аллакай қадамҳои аввалин гузошта шудааст.
Дар навбати худ, роҳбари минтақавии Агентии мазкур ҷаноби Фред Ҳеллон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки мақомоти онҳо омода аст, бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои дахлдор ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.


Зимни мулоқот ҷонибҳо оиди густариш додани ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили байналмиллалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон, пешгирии истисмори одамон, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи корӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, ҳамчунин паҳлуҳои лоиҳаи Созишнома оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили байналмилалӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии зидди ҷиноятҳои муташаккили Британия Кабирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои зикргардида боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
Х. Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика