Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маводҳои ҷолиб дар бораи политсия

Хадамоти оташнишонӣ таъсис дода шуд. Ғайр аз ин, политсия салоҳияти мақомоти судиро дошт ва имконият дошт, ки оид ба парвандаҳои ҷиноӣ ҷазо таъин намояд.

Баъди инқилоби февралӣ бо қарори Ҳукумати Муваққатӣ аз 10 марти соли 1917 Департаменти политсия тасдиқ карда шуд. Бо Қарори Ҳукумати Муваққатӣ «Оид ба тасдиқи милитсия» ва «Низомномаи муваққатӣ дар бораи милитсия», ки 17 апрели соли 1917 ба тасвиб расид, «милитсияи халқӣ» таъсис дода шуд.

Дар ШМА музди меҳнати кормандони политсия аз 40 ҳазор доллар дар як сол, бо собиқаи корӣ ин маблағ баланд карда мешавад. Зиёда аз вақти муқаррарӣ миқдори маош 150% (яъне 1 соат баробари 1,5 соат) пардохт карда мешавад.

Дар шаҳри Квинсленд (Австралия) воҳиди политсияе ҳаст, ки вазифаҳои кормандони он аз таъмини амнияти сомонаҳои бесим ва пешгирии соҳибони онҳо аз хатар иборат аст. Политсияи «бесим» барои барҳам додани осебпазирии сомонаҳои хонагӣ (сетҳо) ва барои решакан кардани сӯиқасди истифода бурдани онҳо аз ҷониби ҷинояткорон таъин карда шудааст.

Як вақтҳо дар Олмон политсия буми-майзадаро, ки бисёр шароб нӯшида буд, дастгир намуда буданд. Кормандони политсияи маҳаллӣ нақл мекунанд, ки ду шиша бо боқимондаҳои машрубот дар назди ин парранда хобида буд. Бум бошад, дар сари роҳ нишаста ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ ягон аҳамияте намедод.

Дар Англия бошад, политсияро bobby меноманд. Ин калима аз номи сарвазири Британияи Кабир – Роберт Пил (шакли кӯтоҳи Роберт – Боб ё ин, ки Бобби) гирифта шудааст. Дар охири асри 19-ум ӯ политсияро таъсис дода, онро ба як муассисаи муваффақ ва самаранок табдил дод.

Калимаи «политсия» аз забони полякӣ (policja) ба забони русӣ ворид шудааст, ки русҳо онро аз забони немисӣ (polizei) гирифтаанд ва онҳо дар навбати худ - аз забони лотинӣ (politia – «сохти давлатӣ»).

Аз ҳама политсияи бетараҳҳум дар байни давлатҳои тамаддунӣ – ин полистия бразилиягӣ мебошад. Мафияи маводи мухаддир дар ин давлат бисёр сахт мебошад, бинобар ин политсияро лозим меояд, ки бо «усулҳои худ» бо онҳо мубориза барад. Дар бисёр мавридҳо ин усулҳо аз усулҳои худи ҷинояткорон фарқе надоранд.

 

Таҳияи Маҳбуба Гулова.

 

http://funfacts.ru/interesnye-fakty-istorii/332-interesnye-fakty-o-policii.html


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад