Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баландтарин рутбаи ҳарбӣ

Генералиссимус аз калимаи лотинӣ гирифта шуда маънояш "аз ҳама асос", яъне унвони баланди ҳарбӣ (вазифаи ҳарбӣ, унвони фахрии ҳарбӣ) дар Фаронса, Британия, империяи Рим, Австрия, Россияи тоинқилобӣ, ИҷШС, Шветсия, Испания, Мексика, Хитой, Япония ва дигар давлатҳо мебошад.
Бори аввал ин рутбаи олиро соли 1569 подшоҳи Франсия Карли IX ба бародари худ, ки баъдтар ҷойнишини ӯ шуд ва дар ҷаҳон бо номи Генрихи III машҳур аст, дода буд. Аммо он вақт ин рутба не, балки ҳамчун унвони фахрӣ ҳисоб мешуд.
Сипас, ин унвон дар мамолики дигари ҷаҳон низ дода шуд. Қисми зиёди давлатҳо ин рутбаро ба ходимон якумра дода, бархеи дигар танҳо як муддат медоданд ва он ҳам бошад, барои бурдани ҳаракатҳои ҳарбӣ буд. Аз ҳамин ҷиҳат на ҳамаи генералиссимусҳои асримиёнагӣ бо артиш алоқаманд буданд.
Яке аз машҳуртарин генералиссимус дар он давра лашкаркаши бузург Албрехт фон Валленштейн (1618-1684) буд, ки замони ҷанги 13-сола дар империяи Рим номдор гардид.
Дар Россия рутбаи генералиссимус бори аввал расман ба Александр Сергеевич Шеин аз ҷониби Пётри I дар соли 1696 пас аз юриши дубораи Азов дода шуд. Сипас, ба ин унвони фахрӣ гертсог Александр Данилович Меншиков сазовор дониста шуд. Дар ҳақиқат бо ин унвон вай ҳамагӣ чанд моҳ фаъолият намуда, баъдан аз он маҳрум гардид. Аммо аз ҳама машҳуртарин дорандаи рутбаи генералиссимус дар Россия лашкаркаши беҳамто, ки чандин маротиба ғолибиятро бар зидди турк ва франсузҳо ба даст оварда буд, Александр Василевич Суворов мебошад. Юриши итолиёвии вай қариб дар ҳамаи китобҳои ҳарбии ҷангӣ дохил шуда буд. Ба ғайр аз ин бо чунин рутба лашкаркашони номие ба мисли эртсгертсог Карл, генералиссимуси Амрико Мигел Идалго, ҳоким Карл Филипп су Швартсенберг, генерал Наполеон Жан-Батист Жюл Бернадот гирифтанд, инчунин ба рутбаи олии ҳарбӣ шоҳи Шветсия Карли XIV Юхан, ҳокими баварӣ Карл Филипп фон Верде мушарраф гардидаанд. Вале, дар империяи Россия ба шумораи лашкаркашони номӣ нигоҳ накарда, ҳеҷ кас дар асри XIX ба рутбаи генералиссимус лоиқ дониста нашуд.
Тавре таърих гувоҳ аст, ҳамаи генералиссимусҳои асри 20 сардори давлат буданд. Ба шумораи онҳо ба мисли ходимони намоён чун роҳбари Шӯравӣ Иосиф Сталин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Хитой Чан Кайшӣ, ҳукмфармои Испания Франсиско Франко, сардори ҶХДК Ким Ир Сен ва ғайраҳо.
Сун Ятсен - нахустин генералиссимуси асри 20. Вай ходими давлатӣ, инқилобчӣ ва роҳбари Хитой буд. Ӯ ба ин рутбаи муҳим пеш аз дигар генералиссимусҳои ҷаҳон ноил гаридида буд. Хусусан Сун Ятсен дар сарчашмаи инқилобии дастаи хитоии Гоминдан меистод. Дар рафти ҷанг барои мансаб, пас аз инқилоб сарнагун шуда, дар монархияи дунёӣ дар ҷануби мамлакат ҳукумати нав ташкил гардид. Сун Ятсен дар он рутбаи олӣ генералисиммуси Ҳукумати ғарбии халқии Хитойро гирифт. То охири умри худ вай барои муттаҳид кардани мамлакатҳо барои як давлати демократӣ шудан мубориза мебурд, аммо марги ӯ дар соли 1925 ба ин кор монеа шуд.
Шояд аз ҳама номдортарин генералиссимуси хитоӣ дар асри 20 Чан Кайшӣ бошад. Ин лашкаркаши бузург ва ходими сиёсӣ дар соли 1933 ба сари "чамбарак"-и ҳизби Гоминдан нишаст, ки онро пас аз марги Сун Ятсен роҳбарӣ мекард. Аслан вай ба оғози юриш дар шимоли мамлакат дар соли 1926 маҷбур кард, ки ба васеъ намудани сарҳадҳои Ҷумҳурии Чин дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат карда шуд.
Дар соли 1928 Чан Кайшӣ сарвари давлат интихоб гардид. Дар соли 1931 мудохилаи японҳо дар Манчжурия сар шуд ва соли 1937 ҷанг сар зад, ки Чан Кайшӣ дар он фаъолона иштирок намуд. Ҳамон вақт ба ӯ унвони генералиссимус дода шуд. Пас аз ғалабаи қувваҳои шарикон бар Япония дар рафти ҷанги дуюм дар Чин, ҷанги шаҳрвандӣ байни тарафдорони Гоминдан ва коммунистон бо роҳбарии Мао Тсэдун оғоз гардид. Чан Кайшӣ дар сари қӯшуни худ мағлуб шуд ва бояд ба Тайван ақиб менишаст. Дар Гоминдан ҳукумати Ҷумҳурии Чин ташкил карда шуд. Чан Кайшӣ бар сари ин қисми давлати эътирофшудааш то охири умри худ, яъне то соли 1975 президент монд.
Иосиф Виссарионович Сталин (Ҷугашвили) - доҳии Шӯравӣ, ходими барҷастаи сиёсӣ, роҳбари ИҶШС. Маҳз дар замони ҳукмронии вай Шӯравӣ ғалабаи бузургро бар Германияи фашистӣ ба даст овард. Барои ҳамин вай бо рутбаи генералиссимус сазовор гардид. Ин бори аввал дар таърихи Шӯравӣ пас аз давраи Суворов ба вуҷуд омад. Ба нобарориҳои моҳҳои аввали ҷанг нигоҳ накарда, Сталин тавонист вазъиятро ба дасти худ гирад ва роҳи ҳалли масъаларо дар ташкил намудани мудофиа ёбад. Барои ҳамин хизматҳояш ба Сталин рутбаи баланди ҳарбӣ - генералиссимус дода шуд. Ин рутба ба ӯ бо қарори Шӯрои олии ИҶШС дар моҳи июни соли 1945 дода шуд.
Франсиско Франко - ҳукмфармои Испания, солҳои 1892-1975 яке аз шахсиятҳои нотакрор дар таърихи ҳозиразамон аст. Вале, бар замми ин корнамоии вай имкон дод, ки мисли дигар генералиссимусҳои ҷаҳон шуҳратёр гардад. Рӯйхати корнамоии вай тамоман васеъ аст. Дар ҷаҳон Каудило (тавре ӯро пас аз ба сари қудрат омадан номиданд), пас аз соли 1936, ки дар Испания табаддулоти ҳарбиро ба вуҷуд овард, машҳур шуд. Он замон вай рутбаи генералиссимусро гирифт. Дар ҷанги шаҳрвандӣ зидди республикачиҳо ғолиб омад ва бо кӯмаки Германияи гитлерӣ ва Италияи фашистӣ вай ягона роҳбари Испания гардид ва режими авторитариро дар мамлакат ҷорӣ кард. Пас аз оғози ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Франко ба ҷонибдории ҳаммаслаконаш набаромад, вале кӯшиш мекард, ки бетарафиро пеша кунад, чи тавре таърих нишон дод, ин қарори ӯ оқилона буд. Ин ба ӯ имкон дод, ки ҳокимиятро ҳатто пас аз соли 1945 низ ҳифз кунад. Воқеан, вай Испанияро то охири марги худ, яъне то соли 1975 роҳбарӣ кард, сипас ҳукмронии давлатро ба шоҳ Хуан Карлоси I дод.
Ким Ир Сен аввалин доҳӣ ва созмондиҳандаи Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (ҶХДК) мебошад. Ӯ бо рутбаи баланди ҳарбӣ дар асри 20 зиёда аз ду сол нисбат ба дигар генералиссимусон монд. Соли 1945 Ким Ир Сен раиси ҶХДК шуд ва соли дигар Сарвари давлати навини ҶХДК гардид. Солҳои 50-ум ҷанги бераҳмона бо Кореяи Ҷанубӣ авҷ гирифт. Аммо ҷанг бе ягон ғолиби асосӣ ба охир расид.
Пас аз ин Ким Ир Сен танҳо ба корҳои дохилии кишвар сару кор гирифт. Дар соли 1992, ду сол пеш аз марги Ким Ир Сен ба ӯ рутбаи генералиссимус дода шуд.
Ба нақши таърихии шахсиятҳои шинохта, ки рутбаи баланди ҳарбӣ доштанд, баҳо додан мушкил аст. Саҳми бузург дар таърих қариб ҳамаи генералиссимусони ҷаҳон гузоштаанд. Рӯйхати ғолибият ва дастовардҳои онҳо дар тамоми китобҳои таърих вуҷуд дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика