Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони донишманду маърифатнок метавонанд миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд

Имрӯз (25.04.с.2017), кормандони милитсия бо донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар раванди вохӯрӣ филм дар бораи муноқишаҳои гурӯҳии байни мактаббачагон намоиш дода шуд, ки оқибати кӯтоҳандешии ин гуна толибилмонро маҳкум менамуд. Ҳамчунин, филми «Сад пушаймонӣ аз Сурия», ки он низ манзури иштирокчиёни вохӯрӣ гардонида шуд, аз ҳаёти он ҷавонони сабукандеше нақл мекард, ки бо ҳар гуна роҳҳо танҳо ва дар баъзе ҳолатҳо ҳамроҳи аъзои оилаҳояшон ба ин кишвари ҷангзада рафта, вале баъди пушаймониҳои зиёд, бо мусоидати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба Ватани аҷдодӣ баргардонида шуданд.
Зимни вохӯрии роҳбарият ва кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ бо донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии мазкур вазъи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла миёни донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб зимни суханронӣ дар ин ҷамъомад ҷавононро ба илму донишандӯзӣ даъват намуда, зикр сохт, ки бояд аз ҳар рӯзи таҳсил ба хотири аз худ намудани илму донишҳои муосир самаранок истифода баранд. Тавре ӯ зикр намуд, дар замони имрӯз танҳо ҷавонони донишманду маърифатнок метавонанд миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.
Дар идомаи вохӯрии судманд, ҳамчунин намояндагони гурӯҳи ҷавонони фаъоли «Авангард» Сатторова Шоҳзода - донишҷӯи бахши 1-уми Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, дар масъалаи садоқат ба Ватан-Модар изҳори назар кард.
Дар интиҳои ин вохӯрии судманд байни донишҷӯён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб доир гардид.
Мавриди зикр аст, ки чунин вохӯриҳои судманд дар як қатор муаассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар якҷоягӣ бо гурӯҳи ҷавонони фаъоли «Авангард» ташкил ва гузаронида шуданд.
Абдулло Шоев, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД, капитани милитсия 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика