Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоии кормандони милитсия бо шароити илмомӯзии донишҷӯён

Дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону муҳассилин гузаронида мешаванд. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин гуна чораандешиҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамин аст, ки чанд рӯз қабл кормандони шуъбаи ҷавонони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД ҷиҳати таъмини иҷроиши талаботи таҳсил дар мактабҳои олӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии мақсаднок гузаронида, бо шароити таҳсил ва донишомӯзии онҳо аз наздик шинос шуданд.
Коллеҷи омӯзгорӣ ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, донишандӯзӣ ва ҳам аз ҷиҳати риояи талаботҳои марбутаи соҳаи маориф намунавӣ мебошад. Воқеан, намуди зоҳирии донишҷӯёни он, иштироки онҳо дар дарсҳо ва ҳозирҷавобию дониши баланди муҳассилин диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамчунин, тозаву озода будани саҳни коллеҷ ва бо овезаҳои гуногун оро додани дохили бинои он боз ҳусни дигар зам намудааст.


Дар суҳбат бо омӯзгорону донишҷӯёни ин коллеҷ кормандони милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки ин қонун падару модарро вазифадор менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Тавре қайд карда шуд, коллеҷ барои ҳар як ҷавон макони омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия мебошад. Омӯзгорони он бошанд, дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи донишҷӯёнро такмил медиҳанд.
Дар доираи ин чорабинӣ, кормандони милитсия ҳамчунин аз хобгоҳи ин коллеҷ боздид ба амал оварда, бо шароити зисти бошандагони он аз наздик шиносоӣ пайдо карданд. Воқеан, дар ин макони зисти донишҷӯён низ ягон камбудӣ ба мушоҳида нарасида, барои онҳо шароити мусоиди зисту дарстайёркунӣ муҳайё гардидааст.


Дар суҳбат бо кормандони милитсия масъулини Коллеҷи омӯзгорӣ зикр намуданд, ки баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ боиси дастгирӣ буда, чунин чораандешиҳо ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, хусусан донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.
Абдулло ШОЕВ, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ, капитани милитсия 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика