Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон”

250

Доир ба заҳматҳои пайваста ва шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу субот заҳматҳо кашидаанд, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ санаи 21 декабри соли 2018 аз ҷониби Ҷамъияти илмии “Наҷотдиҳандагон”-и кафедраи “Ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда” ва “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи мазкур мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешвои миллат – ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар курсантон, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, аъзоёни гурӯҳи ҷавонони “Авангард” ва гирандагони стипендияи Президентӣ иштирок доштанд. Меҳмонони чорабиниро курсантони Академияи ВКД бо қироати шеърҳо дар васфи “Пешвои миллат” пешвоз гирифтанд.
Чорабинии мазкурро муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Асламов Бозоралӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки воқеан саҳми Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳо, бо манзили зист ва ҷои кор таъмин намудани онҳо, ба зиндагии осоишта баргардонидани мардуми азияткашида хеле назаррас ва беназир аст. Ба Тоҷикистони ҷангзада овардани сулҳ, субот, амонӣ ва ба роҳи созандагию бунёдкорӣ равона намудани мардум худ қаҳрамонист. Қаҳрамоние, ки таърих амсолашро кам дидааст.

251

Ҳамзамон Асламов Бозоралӣ доир ба филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ», ки санаи 19 декабри соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» омода ва намоиш дода шуд, сухан кард. Ба гуфтаи мавсуф, ҳадаф аз намоиш додани филм - шинос намудани ҷавонон бо таърихи халқи тоҷик, дастовардҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳи нек, ватандӯстию худшиносӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намудани онҳост. Гуфтан бамаврид аст, ки филми «Марди роҳ» баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Он филми таърихиест, ки имрӯз ҳар як ҷавонро ба дӯст доштани Ватан ва расидан ба қадри Истиқлолияту ваҳдати миллӣ даъват менамояд.
Дар филми мазкур наворҳое ба мушоҳида мерасанд, ки инсонҳо бо марг мубориза мебаранд. Гуруснагӣ, оби чашми модарон, хонаҳои вайрону валангор, манзилҳои бесоҳиб ва бисёр лаҳзаҳои мудҳише ҷой дода шудаанд, ки насли имрӯза бояд аз он ибрат гирифта, барои дигарбора такрор нашудани он кӯшиш намояд.
Баъди суханрониҳои Асламов Бозоралӣ баромади Нуруллозода Меҳрулло – Сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, капитани милитсия, дар мавзӯи «Ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – роҳнамои ҷавонон» шунида шуд.
Номбурда пеш аз шурӯи мавзӯъ аз хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда қайд намуд, ки ҳар як фарди ватандӯст, худогоҳу худшиноси миллати тоҷик бояд фахр намояд, ки Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии ҳаллу фасли мушкилоти глобалии вобаста ба об ва чун роҳбари кишвари пешсаф дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола ба ҳисоб меравад ва ӯро бо сиёсати хирадмандонааш дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Сипас риштаи сухан ба Мардонов Сафармуҳаммад – Раиси “Шӯрои ҷавонон”–и Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқии Пешвои миллат» баромад намуда қайд кард, ки башарият ҳамеша қаҳрамонҳоеро тасаввур мекард ва дар хаёли худ месохт, ки бо фидокориҳои худ тавонанд онҳоро аз зулмот наҷот бахшида, роҳашонро ба сӯи оянда равшан созанд. Аз чунин андешаҳо шахсиятҳое тавлид ёфтанд, ки ба дили мардум равшаниву гармӣ бахшида, раҳнамову раҳкушои инсонҳо шуданд. Миллати тоҷик дар садади аз байн рафтану нобуд шудан дар шахси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Қаҳрамони воқеӣ гардид ва ниҳоят орзую ормони одамон воқеият ёфту ба мақсадашон расиданд. Тоҷикон аз баракати чашму дилу сухани равшани Пешвояшон батадриҷ аз чандин зулмоти нобудкунанда наҷот ёфтанд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур, меҳмонон аз қабили Фарҳоди Абдулмаҷит – Равоншиноси корҳои сиёсӣ-тарбиявии Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитан, дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, дар руҳияи ватандӯстонаи ҷавонон», Шаҳриёр Ҳабибов – гирандаи Стипендияи Президентӣ, волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъии мо ҷавонон», Наимҷон Эрбоев – донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи фарҳанги миллӣ» ва Асламзода Фотима – донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе, дар мавзӯи «Пешвои миллат-раҳнамои ҷавонон» баромад намуда, доир ба мавзӯъҳои худ ба аҳли нишаст маълумотҳои лозимаро пешниҳод карданд.

252

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур курсантон Раҷабалиён Абдулҳаким дар мавзӯи «Мо, ҷавонон, ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат ҳастем ва хоҳем монд» ва Ҷамшедов Алихон дар мавзӯи «Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд» баромад намуда, қайд карданд, ки пайравӣ ба Пешвои миллат барои ҳар яки мо мояи ифтихор аст, изҳори ин пайравӣ - рафтору амал ва саҳму иштироки бевоситаи мо дар татбиқи ташаббусҳои пешгирифта мебошад. Мо бо Пешвои худ ифтихор мекунем! Зеро Пешвои миллати мо ҷони худро барои наҷоти халқаш сипар кард, ба миллат умри дубора бахшид, андешаи миллиро эҳё кард, Тоҷикистонро ободу машҳури дунё ва миллати тоҷикро сарбаланди олам гардонид.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби курсанти курси 4-уми факултети №5, сержанти милитсия Ҳокимҷон Ҳабибов қироати шеър, ки доир ба саҳми Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳо, бо манзили зист ва ҷои кор таъмин намудани онҳо, ба зиндагии осоишта баргардонидани мардуми азияткашида ва ба Тоҷикистони ҷангзада овардани сулҳ, субот, амонӣ ва ба роҳи созандагию бунёдкорӣ равона намудани мардум нақл мекард, иҷро карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки доирнамоии чунин маҳфилҳо ба болоравии донишу маҳорат ва маърифати ҷавонон, аз он ҷумла, курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Нуруллозода Меҳрулло, Мардонов Сафармуҳаммад, Холзода Комил, Убайдуллоев Шавкат - омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика