Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Академияи ВКД

320

Рӯзи 30-уми ноябри соли 2018, дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ дар самти тақвияти кор бо ноболиғону ҷавонон ва ташаббуси кафедараи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Акдемияи ВКД дар толори фарҳангии ин муассисаи олии таълимии махсус бо ҷалби мутахассисони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти пешгирии хуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорону курсантони Академияи мазкур конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Чораҳои самараноки пешгирии каҷрафтории ноболиғону ҷавонон: назария ва таҷриба» баргузор гардид.

319

Ҳадаф аз баргузории ин конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ ин баррасии масоили ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон баҳисоб меравад.
Дар Академияи ВКД бо ҳамбастагии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2020 зери мавзӯи «Коркарди муносибати назариявӣ-методологии омӯзиши сабабҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳуқуқии каҷрафторӣ дар ҷомеаи тоҷик дар шароити гузариш ба муносибатҳои нави ҷамъиятӣ» таҳти роҳбарии сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, н.и.ҳ, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур тадқиқоти илмӣ гузаронида мешавад, ки натиҷаҳои он ба ВКД ва дигар сохторҳои марбута пешниҳод мегарданд.
321Кори конференсияро муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милисия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким бо сухани мукаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Кабирзода Ҷурахон Ҳаким ҳамчунин иброз намуд, ки шахсан ба масоили мазкур Вазири корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи хос зохир намуда, дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо ҷавонони минтақаҳои кишвар мулоқоту вохӯриҳо баргузор менамояд.
Сипас риштаи сухан ба Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон устод Саидмуккарам Абдулқодирзода дода шуд. Мавсуф аз шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии кишвар, ҷасоратҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ризоияти миллӣ, тарбия ва ба камол расонидани фарзанд аз ҷониби волидайн, масъулияти дуҷонибаи волидайн ва фарзанд дар асоси маърифати дини мубини ислом ва донишҳои дунявӣ, канорагирӣ аз тундравию ифротгароӣ, вазъи геополитикии кишварҳои ҷангзада, харобию даҳшати зидди тамаддуни исломӣ ва башарӣ будани гурӯҳҳои ифротӣ суҳбати пандомез намуда, ҳозиринро ба шукргузории неъматҳои худовандӣ даъват намуд.
Ҳозирин маърӯзаи Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон устод Саидмуккарам Абдулқодирзодаро дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ахлоқу маънаваият - беҳтарин роҳи пешгирии каҷрафтории ноболиғону ҷавонон» бо мароқи том шуниданд.
Сипас, сардори Хадамоти пешгирии хуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Фаттозода А. «Дар бораи табирҳои муфиди пешгирии каҷрафтории ноболиғону ҷавонон: назария ва таҷрибаи он» иттилои пурра дод.
Сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳои Суди Олии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин дар мавзӯи «Проблемаҳои таъсиррасонӣ барои пешгирии ҷиноятҳои ноболиғон» маърӯза намуда, ба саволҳои сершумори иштирокчиёни конференсия посух дод. Мутахассиси Хадамоти пешгирии хуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, подполковники милитсия Тағоев Равшан дар мавзӯи «Ҷавонон-нерӯи бунёдгару созандаи мамлакат» маърӯза намуд.

322

Дар фарҷоми конференсия муовини сардори шуъбаи иттиллоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Муродзода Фирӯза дар мавзӯи «Ҳифзи саломатии ноболиғон аз маводи нашъадор» маърӯзаи муфассал намуда, иброз дошт, ки хушбахтона нашъамандӣ миёни ноболиғон дар соли 2018 коҳиш ёфта, ягон ноболиғ бо ин аъмол ба қайд гирифта нашудааст, ки аз кори самараноки кор бо ноболиғон дарак медиҳад.
Марӯзаҳои боқимонда ба кафедараи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Акдемияи ВКД барои нашр пешниҳод гардиданд.
Кори конференсияро муовини сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. - ҳамчун модератори мавзӯҳои илмӣ ҷамъбаст намуд ва дар фарҷоми конференсия тавсияҳои муфид баҳри пешгирии каҷрафтории ноболиғону ҷавонон қабул гардиданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. -махсус барои Сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика