Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китобҳои тозанашри омӯзгорони Академияи ВКД

210Аз ҷониби омӯзгорони Академияи ВКД полковникҳои милитсия Асламов Б.С., Самиев Н.М., Қосимов Ф.М. ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди китобҳои нав ба нашр расиданд. 

Аз ҷониби Қосимов Ф.М., Самиев Н.М. «Луғати истилоҳоти махсуси фаъолияти оперативӣ-чустуҷӯӣ», Душанбе, Эр-граф, 2018.-120с. чоп шуд. Муқарризон: д.и.ҳ., генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷ.З., н.и.ҳ., подполковники милитсия Юлдошев Р.Р.
Дар китоби мазкур муҳимтарин истилоҳоти махсус, ки дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ истифода мегарданд, гирд оварда шуда, шарҳи худро ёфтаанд. Китоб барои курсантон, омӯзгорон, адъюнктон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудааст.
211Китоби дигар аз ҷониби Асламов Б.С., Қосимов Ф.М. бо номи «Милитсияи Тоҷикистон - таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ», Душанбе, Акдемияи ВКД, 2018.-88с. ба чоп расид.
Муқарризон: д.и.ҳ., генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷ.З., н.и.т., генерал-майори милитсия Имомёрбеков А. Китоб аз таърихи милитсияи точик, тайёр кадани кадрҳо ва дастовардхои солҳои Истиқлолият маълумот медиҳад. Китоб ба кулли хонандагон пешбинӣ гаштааст.
Каримова Л.М., Убайдуллоев Ш.Э.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика