Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир ба Ваҳдати миллӣ

 

169

Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстиву ҳуввияти миллӣ ва сарҷамъии мардум, гиромидошти волоияти қонун, садоқатмандӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар байни ҳайати устодон, курсантону шунавандагон аз тарафи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – пояи устувори миллат» созмон дода шуд.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров Меҳриддин Садриддинович оғоз намуд. Зимнан таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар заминаи тинҷу оромӣ, арзиши олии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

170
Сипас, Шарипов Шавкат - дотсенти кафедраи «Таърихи Ватан»-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Ваҳдат наҷоти миллат ва бақои давлат» баромад кард. Қайд гардид, ки ваҳдат ва тарғиби ваҳдатофарӣ ҳамчун кафолати ҳамдилию ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар новобаста ба нажоду миллату маҳал буда, барои рушди минбаъдаи кишвар заминаҳои мусоиди иқтисодиву иҷтимоӣ гузошта метавонад.
Дотсент Шарипов Ш. таъкид намуданд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз шаҳрвандони Тоҷикистон 90 ҳазор ҳалок шуда бошанд, пас дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта зиёда аз 150 ҳазор нафар туъмаи марг шуданд. Бинобар ин мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори Ваҳдати миллӣ ва муттаҳидии тоҷикистониён хеле муассир арзёбӣ гардид. Дар он солҳо фақат як сухани «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ҳамчун ифодакунандаи орзую омоли мардуми кулфатзадаи тоҷик садо дода буд.
Дар мавзӯи «Ташаббускори ваҳдати миллӣ-омили саодати мардум» муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия Баҳодурзода М. баромад карда, раванди сулҳофарии тоҷиконро дар масири таърихи навини тоҷикон собит намуд.
Шунавандаи курси такмили ихтисос самти шуъбаи мубориза зидди гардиши маводи мухаддир капитани милитсия Олимов Фирузҷон дар мавзӯи «Оид ба ифтихори миллӣ» баромад карда, Ваҳдатро сарчашмаи истиқлолияти давлатӣ ва худшиносиву худогоҳии миллати куҳанбунёди тоҷикон маънидод кард.
Дар охири конференсия хулоса бароварда шуд, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи Истиқлолияти давлатӣ ва рукни осоиштагии ҷомеа ва арзиши олӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ кафолати ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу салоҳ, муттаҳидии мардуми тоҷик ва роҳ ба сӯйи созандагиву ободкорӣ дар кишвар буда, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ вазифаи олии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла, мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб меёбад.
Абдулатифов У.Ҳ. - сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, полковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика