Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғамхорӣ ба фарзандони камбизоат

 

171

Бо максади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ҷиҳати сарпарастӣ ва ғамхорӣ қарор додани ятимону ниёзмандон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани кӯмаки молиявии курсантони ятим, хатмкунандагони мактаб-интернатҳое, ки бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ дар Академия таҳсил менамоянд, баргузор гардид.

172

Кумаки молиявӣ ва туҳфаҳоро ба курсантон роҳбарияти Академияи ВКД супорида, ба онҳо хониши хубу аълоро орзу намуданд.
Курсантон аз ин муносибати инсонпарварона изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуданд, ки онҳо бо тамоми шароитҳо, хобгоҳ, хӯроки гарм, китобхонаю толори варзишӣ, кохи фарҳангӣ дар Академияи ВКД фаро гирифта шуда, аз замони Истиқлолият, сиёсати хирадмандонаи иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ менамоянд.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика