Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби тозанашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

170Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури таълимӣ-методии «Ҳиллаи оперативӣ» (Оперативная комбинация), ки муаллифони он Шарифзода Ф.Р. – сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия ва Самиев Н.М. – сардори факултети № 6 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия мебошанд, ба забони русӣ аз чоп баромад.

Дастури таълимӣ-методии мазкур ба ҳиллаи оперативие, ки яке аз усулҳои муҳими фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад, бахшида шудааст. Усули мазкур бо назардошти риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи амалии фаъолияти оператвивӣ-ҷустуҷӯӣ таҳлил карда шудааст. Бинобар ин, дастури мазкур барои хонанда ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ манфиатбахш буда, ба кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, курсантон, шунавандагон ва адъюнктон тавсия карда мешавад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика