Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳилаи дувуми курсҳои такмили ихтисос барои кормандони милитсия ва хизматчиёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ

529

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи факултети №3 бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати нашъавори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос, марҳилаи дуюм оғоз гардид. 

530

Кайд кардан ба маврид аст, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида барои гузаронидани дарсҳо дар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос мутахассисони варзидаи соҳа дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷалб карда шуданд.
Рузи 16 майи соли 2018 сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., бо шунавандагони мазкур вохӯрӣ гузаронида, баъдан дар мавзӯи «Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва чорабиниҳои махсус» ба онҳо машғулият гузаронид.

531

Инчунин аз ҷониби прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ Сулаймон Искандарӣ дар мавзӯи «Мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва пешгирии шиканҷа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба шунавандагон дарси таълимӣ гузаронида шуд.
Ҳалимзода Д.Д., сардори кафедраи такмили ихтисос, н.и.сиёсӣ., подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика