Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

526

15 майи соли 2018 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғу ташвиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва аҳамияти он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар, барои андешидан ва ҷоннок кардани кор дар ин самт конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои истифодаи захираҳои обию энергетикӣ ва экология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 

Дар кори конференсия олимони барҷастаи ватанӣ, коршиносони соҳаи обу экология, туризм ва ҳолатҳои фавқулодда иштирок доштанд.
Чорабинии мазкурро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки маротибаи чорум бевосита аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли мушкилиҳои соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди амал қарор гирифтанд. Бо пешниҳоди Сарвари давлати мо қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардида, он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда шуд.
Ҳамзамон Шарифзода Файзалӣ зикр намуд, ки мушкилоти таъминоти об танҳо проблемаи минтақавӣ набуда, солҳои охир ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Тадқиқотҳои илмӣ исбот кардаанд, ки то соли 2030 бар асари гармшавии иқлими саёра норасоии об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба миён омада, зиёда аз 40% – и сокинони сайёра аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат бо дарки ин мушкилии сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба ин масъала ҷалб намудаанд. Ҳадафҳои бар асоси ин ташаббусҳо гузошташуда, хеле наҷибона, инсондӯстона ва оқилонаву саривақтӣ буда, онҳо ба бартараф намудани мухолифатҳо байни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои об, фароҳам овардани фазои боварӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии боз ҳам шаддидтар шудани танқисӣ аз захираҳои об равона шудаанд. Ҳадафҳои мазкур имкон медиҳанд, ки сиёсатмадорон, иқтисодчиён, олимону коршиносони соҳа ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тариқи мубоҳисаҳои созанда ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои соҳа муваффақ шаванд.
Баъди суханрониҳои Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ баромади директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Кобулиев Зайналобуддин Валиевич дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи захираҳои обии дарёҳои бурунмарзии Осиёи марказӣ» шунида шуд.

527

Номбурда пеш аз шурӯи мавзӯъ аз хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда қайд намуд, ки ҳар як фарди ватандӯст, худогоҳу худшиноси миллати тоҷик бояд фахр намояд, ки Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии ҳаллу фасли мушкилоти глобалии вобаста ба об ва чун роҳбари кишвари пешсаф дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба ҳисоб меравад ва ӯро бо сиёсати хирадмандонааш дар арсаи байналмилал мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Ҳамчунин баромадкунанда қайд кард, ки Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Бояд таъкид кард, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем.
Сипас риштаи сухан ба ходими илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Ҳасан Мирзоевич дода шуд. Номбурда дар мавзӯи «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масоили вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ» баромад намуда қайд кард, ки икдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии ҷомеаи ҷаҳон аз ин пешниҳод ба он хотир аст, ки дар нимаи дуюми асри бистум ва оғози асри бистуякум бо афзун гардидани шумораи аҳолии сайёра ва тараққиёти бахшҳои гуногуни иқтисодиёту саноат инсоният тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи хеш бори аввал ба норасоии шаддиди оби нӯшокӣ дучор омад, ки нодида гирифтани он оқибатҳои ҳалокатовар дошта, хатари заволи тамаддуни инсониро пеш меорад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки иқдоми Тоҷикистон дар заминаи рушди дипломатияи об барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидати фаъол мекунад.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур бахшида ба эълон гаштани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ мулоҳизаҳо шунида шуд. Аз ҷумла, дотсенти кафедраи экологияи Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат Ашуралиев Муродалӣ дар мавзӯи «Табиати Тоҷикистон ва муаммоҳои экологии он» баромад намуда қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои такмили минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад.
Дар рафти чорабинӣ баромадкунандагон бо суханҳои пурмазмуни худ шавқу рағбати курсантонро бедор намуданд. Аз ҷумла курсанти курси 2 факултети №2, сержанти хурди милитсия Зардаков Довудҷон, ки завқи баланди шеърнависӣ дорад баъди баромади профессор Кобулиев Зайналобуддин Валиевич чаҳор мисра шеър дар мазмуни зерин эҷод намуда, дар назди ҳозирин қироат кард:
Об манбаи ҳаёти ҷонӣ бошад,
Сарчашмаи умри зиндагонӣ бошад.
Зеро, ки ҳаёти одаму тайру вуҳуш,
Бо об ҳамеша ҷовидонӣ бошад.

528

Ҳамчунин дар чорабинии илмии мазкур курсантон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Маҳфили мазкур бо як шукӯҳу шаҳомати хоса анҷом пазируфт ва дар охир аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Баъди анҷоми чорабинӣ меҳмонон аз китобхонаи Асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китобхонаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки дар ошиёнаҳои сеюм ва ҳаштуми бинои нави Академия қарор доранд, дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Бояд қайд намуд, ки доирнамоии чунин маҳфилҳо ба болоравии донишу маҳорат ва малакаи курсантон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад кард.
Нуруллозода М., Убайдуллоев Ш., омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика