Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мурофиаи ҷиноятӣ

133Мурофиаи ҷиноятӣ: китоби дарсӣ / Муҳаррири масъул Р.Р.Юлдошев. – Душанбе: «Эр-Граф», 2018. – 556 с.

Зери назари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ.
Муқарризон: Маҷидзода Ҷ.З. – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;
Искандаров З.Ҳ. – профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;
Лутфуллозода Ш. – раиси Коллегияи судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ.
Китоби дарсӣ мавзӯҳои асосии фанни таълимии «Мурофиаи ҷиноятӣ»-ро ки мутобиқи фаслҳо, бобҳо ва моддаҳои алоҳидаи КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф шудаанд, фарогир мебошад.
Китоби мазкур дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, барномаи таълимии фаннӣ омода карда шудааст ва дар он низоми амалкунандаи қонунгузории Тоҷикистон, сарчашмаҳои илмию таълимии ватанию хориҷӣ, дастоварду натиҷаҳои амалияи ҳуқуқтатбиқнамоии мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, тамоми тағйироту иловаҳои дахлдори санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ бо риоя ва истифода аз талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ васеъ истифода бурда шудаанд.
Китоби дарсии мазкур бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 2/24 аз 22 феврали соли 2017 ба сифати китоби дарсӣ барои донишгоҳҳои олӣ тавсия карда шудааст.
Китоби дарси ба доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuno

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика