Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушду густариш ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ

Рӯзҳои 1-2-юми декабри соли 2017 ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибирии ВКД Россия дар ш.Красноярск Медведев Игор Анатолевич, генерал-майори политсия ва ёрдамчии сардори ин муассиса оид ба робитаҳои байналмилалӣ, майори политсия Лотц Денис Николаевич ташриф оварданд.
Меҳмононро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., муовини аввали сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., муовини сардор оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Шарифзода М.С., роҳбарони воҳидҳои таълимӣ ва илмӣ-таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифта, вохӯрӣ доир намуданд.

Мавриди қайд аст, ки вохӯрии мазкур дар доираи иҷроиши Созишнома дар бораи тайёр намудани кадрҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ (политсия) ва қӯшунҳои дохилии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 25 майи соли 2007 дар шаҳри Сочи ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Федератсияи Россия, ки 21 августи соли 2007 дар шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расида буд, баргузор гардид.
Мақсади ташриф овардан ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин пеш аз ҳама ба имзо расонидани Созишнома, инчунин муҳокимаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар самти таълим ва илм, иштироки муштарак дар лоиҳаҳои илмӣ-таълимии байналмилалӣ ва ғайра байни донишгоҳи ВКД Россия дар шаҳри Красноярск ва Академияи ВКД Тоҷикистон буд.
Дар рафти вохӯрӣ роҳбарони ҳарду муассисаи олии таълимии системаи ВКД Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Донишкадаи Сибирии ВКД Россия ва Академияи ВКД Тоҷикистонро ба имзо расониданд. Баъд аз он тарафҳо ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Сипас меҳмонон бо роҳбарони ҷузъу томҳои Академияи ВКД оид ба корҳои илмӣ-таълимӣ мулоқот намуданд.
Баъди итмоми вохурӣ меҳмонон бо инфраструктураи нави Академияи ВКД шиносоӣ пайдо намуданд, аз ҷумла, синфхонаҳои махсуси ҳолатҳои фавқулоддаи факултети № 5, техникаи махсус, китобхонаи электронии шуъбаи илм, тир, ҳамчунин дар рафти дарс иштирок намуданд.
Дар нимаи дуюми рӯзи 1 декабри соли 2017 меҳмонон бо ҳайати профессорону-омӯзгорон ва курсантони курсҳои 3-5 факултети № 2 Академияи ВКД вохӯрданд.

Дар рафти вохӯрӣ сардори Донишкадаи ҳуқуқии ВКД Россия дар шаҳри Красноярск, генерал-майори политсия Медведев И.А. доир ба хусусиятҳои омода намудани кадрҳо дар ин мактаби олӣ баромад намуд. Баромади номбурда аз ду қисм иборат буд. Қисми якуми баромад оид ба таърихи донишкада бахшида шуда буд. Лозим ба ёдоварист, ки Донишкадаи ВКД Россия дар шаҳри Красноярск ягона муассисаи таълимии махсус дар ҷаҳон мебошад, ки мутахассисони мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор омода менамояд. Муассисаи мазкур аз соли 1962 аввал ҳамчун мактаби миёнаи махсуси ВКД ва аз соли 1998 ҳамчун Донишкадаи ҳуқуқӣ фаъолият менамояд. Ҳоло дар ин муассиса беш аз 600 намояндагон аз дигар давлатҳо мехонанд, ки аз ҳисоби онҳо 29 нафар – аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Инчунин, 16 октябри соли 2017 дар ш.Манагуаи Ҷумҳурии Никарагуа филиали ин Донишкада кушода шудааст, ки мутахассисонро оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадорро барои минтақаи Ҷануби Америка тайёр менамояд. Дуюм қисми презентатсия ин шиносоӣ оид ба хусусияти рафти таълим бахшида шуда буд. Баъд аз итмом расидани презентатсия ба сардори донишгоҳи мазкур баъзе саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо мавсуф ҷавоб гардонида, умедворӣ баён намуд, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши байни Академияи ВКД ва Донишкадаи Сибири ВКД Россия дар ш.Красноярск устувор хоҳад шуд.
Рӯзи 2 декабри соли 2017 вохӯрии хотимавӣ гузашт, ки дар рафти вохӯрӣ саволҳои зерин барои муҳокима гузошта шуданд:
- ҳамкориҳои оянда оид ба амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак дар самти маориф ва илм,
- мубодилаи андеша ва таассурот доир ба вохурӣ.
Роҳҳои мусбии дигаргунӣ дар муносибатҳо қайд гардиданд.
Баъдан тибқи барнома меҳмонон аз Наврӯзгоҳ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Каримова Л.М., сарнозир оид ба робитаҳои байналмилалӣ, подполковники милитсия,
Убайдуллоев Ш.Э., полковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад