Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфренсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар ВМКБ бахшида ба таҷлили ҷашни 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовинони сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Ғайратшо Муборакшоҳзода, подполковники милитсия Шавқат Музафарзода, ҳайати шахсии Раёсати мазкур, ДТММ, сарбозон ва афсарони қисми низомии 3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ иштирок намуданд.
Конфренсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Конститутсия, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Ғайратшо Муборакшоҳзода ҳамаи иштирокдорони чорабиниро аз номи роҳбарияти ВКД ва сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур барои қабули ҳуҷҷати олии ҳуқуқии кишварамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Мавсуф зимни баромад қайд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи соҳибистиқлолии давлатамон мебошад. Маҳз дар заминаи истиқлолияти давлатӣ барои муайян намудани сохторҳои конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта шуда, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун таъмин карда шуд.
Ҳамзамон муовини сардори Раёсат қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошад ва аз суханони волои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ёдоварӣ намуд, ки «Эътирофи соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилона фароҳам оварда, халқро ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунад».
Дар чорабинӣ инчунин кормандони РВКД дар ВМКБ мазмуну муҳтавои моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори Шуъбаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Ҳабиби Алимаҳмад суханронӣ намуда, қайд кард, ки қабули Конститутсия бенизомиҳоро дар кишвар хотима дода, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуд ва сулҳу суботу ваҳдати миллиро дар мамлакат устувор гардонид.
Эътибори олии ҳуқуқӣ ва амали мустақими меъёрҳои Конститутсия заминаи муҳими таъмини қонунияти конститутсионӣ дар кишвар мебошад, зеро ин принсип тақозо менамояд, ки меъёрҳои қонунҳо ва дигар асноди ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсия ва барои амалӣ шудани он қабул карда шаванд.
Нозири калони Шуъбаи нозиротӣ-ташкилии РВКД дар ВМКБ майори милитсия Кайхусрав Асматбеков қайд кард, ки дар Конститутсия боби дуввум пурра ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Маҳз бо тадбиқи пайгиронаи Конститутсия корҳои ободонию созандагӣ дар кишвар вусъати тоза гирифтанд.
Бунёди шоҳроҳҳое, ки ҳамаи минтақаҳои кишварамонро ба ҳам пайванд мекунанд, сохтмони неҳругоҳҳои бузурги барқии обӣ, ислоҳоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, ҷорӣ шудани шаклҳои наву муосири хоҷагидорӣ тақвияти мавқеи соҳибкории хурду миёна аз ҷумлаи дастовардҳои мардуми Тоҷикистон мебошад, ки ҳама аз баракат ва шарофати Кониститутсия ва ҳуқуқҳои васеи дар он муайянгардида ба даст омадаанд. ВМКБ имруз аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҷуғрофӣ комилан озод гардида, муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ на танҳо бо минтақаҳои ҷумҳурӣ, балки бо кишварҳои ҳамсоя бо тадриҷ густариш меёбанд.
Муффатиши калони РВКД дар ВМКБ Бахтиёр Муллоев зимни баромад чунин изҳор дошт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ қарор доранд, тамоми мушаххасоти давлат ба назар гирифта шудаанд. Зеро озодии инсон дар сурате оғоз меёбад, ки қонунҳои қабулшуда эътибори амалӣ пайдо намоянд. Аз ин лиҳоз, маҳз доштани давлати ҳуқуқбунёд зербинои асосии мавҷудияти ҳама гуна озодӣ мебошад ва имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки бинои давлатдории Тоҷикистон маҳз болои ин зербино бунёд гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Далер Чоршанбиев


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад