Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ

4-уми сентябри соли 2017 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ бо иштироки сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., муовини аввали сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., устодону омӯзгорон ва курсантон баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки «Ин неъмати бебаҳо имкон дод, ки мо бо дастовардҳои таърихӣ, маданияту фарҳанги оламшумул ва сулҳофарию тамаддунпарварӣ ба ҷаҳониён исбот намоем, ки Тоҷикистон кишвари куҳанбунёд буда, дар тӯли таърихи ҳазорсола бо осору эҷоди гаронбаҳои шоирону нависандагон, олимон ва зиёиёну донишмандони худ машҳур гардидааст.
Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгирона, хизмату заҳмати устуворона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикону тоҷикистониён ба ҳадафу мақсади ниҳоии худ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва як давлати аз нигоҳи сиёсӣ орому осуда расиданд».

Дар кори конференсия ҳамчунин ҷонишини сардори факултети № 2, полковники милитсия Асламов Б.С. - дар мавзӯи «Марҳилаҳои таърихии таҳкими истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1, номзади илмҳои таърих, майори милитсия Алимардонов М.У. дар мавзӯи «Истиқлолият ва инкишофи сиёсии Тоҷикистон», сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Каримов Ҳ.М. дар мавзӯи «Аҳамияти истиқлолият дар идоракунии давлатӣ», дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, майори милитсия, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Маҳмадов С.А. дар мавзӯи «Ватан ва ифтихори ватандорӣ» ва муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, майори милитсия Самиҳов Б.С. дар мавзӯи «Зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити муосири Тоҷикистон» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар ҷараёни конференсия муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. аҳли толорро бо ин ҷашни муқаддас табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо дарки баланди масъулият содиқона ба Ватан хизмат намуда дар пойдорӣ, таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас гузоштаанд.
Дар хотимаи конференисияи илмӣ-назариявӣ байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида, олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ доир ба моҳият ва мафҳуму муҳтавои Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика