Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ

Бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар толори маҷлисгоҳи факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд доир гардид. 

Дар ин чорабинӣ муовини сардори Академияи ВКД, ӯ низ сардори факултети №4 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ, дотсенти кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Эркаев Сафар, кулли кормандони факултети №4 ва курсантону шунавандагон ширкат варзиданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултети №4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ кушода, зимнан қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро бо мафкураи ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Ваҳдати миллӣ омили бузурги Истиқлолияти давлатӣ гардида, баъдан барои рушду нумӯи кишвар дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳангу таърих заминаи мусоид фароҳам меоварад. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвар торафт густариш ёфта истодааст. Дар партави идеяҳои Ваҳдати миллӣ, тоҷикистониён аз худшиносиву худогоҳии хеш бохабар гардида, арзиши Истиқлолияти давлатиро яке аз арзишҳои пурғановат донистаанд.
Маҳз Ваҳдати миллӣ мардуми парокандаи Тоҷикистонро пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам овард ва муттаҳид намуд. Ҳар як порчаи Ватан ҳар як хору хаси он баҳри тоҷикистониён муқаддас гардидааст ва имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик аз ин арзиши гаронбаҳо бахту саодати хешро чашида истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тибқи маълумоти СММ Тоҷикистон дар радифи дигар мамлакатҳои пешрафта рушду нумӯъ карда, торафт сатҳи камбизоатӣ паст шуда истодааст ва нишондиҳандаи охирини он дар соли 2015 ҳамагӣ 31%-ро ташкил додааст. Дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули минбаъдаи ҷомеа ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои онҳо тамоми шароитҳои таҳсилро муҳайё намудааст.
Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон», такони ҷиддӣ бахшидан ба НБО Роғун, кушодашавии нақбҳо ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар, таъмини аҳолӣ бо масолеҳи озуқаворӣ ва либоса ва дар радифи он ташаккули истеҳсолоти дохили кишвар, барқарорсозии робитаҳои дипломативу хориҷӣ бо кишварҳои ҷаҳон имконият дода истодааст, ки Тоҷикистон ҳамчун сарзамини биҳиштосо тараққӣ намояд.
Тамоми дастовардҳои имрӯзаи кишвар маҳз бо шарофати қадамҳои устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷодаҳои ҳаёти моддиву маънавии халқ мебошад. Имрӯзҳо мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси дастуру супоришоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баҳри истиқрори арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар фаъолият намуда, баҳри пойдорӣ ва оромии ҷомеа кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ карда истодаанд.

Сипас, дотсенти кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Эркаев Сафар Абдулхайрович дар мавзӯи «Ваҳдат ормони олии миллат» баромад карда, дар бораи душвориҳои зиндагии мардум дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва қурбониву хисороти моли мардум дар он солҳо маълумот доданд. Аз назари олим хишти Ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буд. Доир ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ намуда, маърӯзачӣ қайд намуд, ки роҳбари навинтихобшуда дар ҳузури намояндагони халқ бо як овози матину боварибахш Савганд ёд карданд ва ваъда дода буданд, ки ба мардум сулҳ меоранд. Сулҳе, ки барои мардум саодату оромиро меовард бидуни мутаҳиддӣ дар асоси Ваҳдати миллӣ номумкин буд. Аз ин рӯ, музокироти тоҷикон ба Ваҳдати миллӣ дар кишвар заминагузорӣ менамуд. Ҳамчунин доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу субот ва оромиву шукуфоии кишвари маҳбубамон маълумоти хеле муфассал баён карда шуд.
Дар баробари ин муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия Баҳодурзода М. дар мавзӯи «Ташаббускори Ваҳдати миллӣ – омили саодати мардум» баромад карда нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пойдории сулҳи тоҷикон қайд карда, яке аз қаҳрамониҳои бузург дар сулҳу суботи Тоҷикистон донистанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар вилояти Суғд аз курси тайёрии ибтидоӣ гузашта истодаанд. Бинобар ин шунавандагон Аскарова Шаҳноза ва Бобоев Маҳмуд дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – неруи созанда» ва «Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи давлатдории навини тоҷикон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво карда, зарурати Ваҳдати миллиро дар кишвар яке аз қадамҳои нахустин ва пешқадами Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.
Дар хотимаи чорабинии мазкур баҳри болидахотирии ҳозирин консерти идона бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Абдулатифов У.Ҳ., сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика