Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба низоми ягонаи илми ҷаҳонӣ ворид гардид

Бо шарофати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба Ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо кӯшиш ва талоши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардидаанд, имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хосатан мақомоти корҳои дохилӣ музаффариятҳои назаррас дастёб гардиданд.

Албатта чунин дастовардҳое, ки имрӯзҳо дар фаъолияти рӯзмарраи ин ниҳоди қудратманди давлатӣ дар самти таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди мураккабтарин унсурҳои ҷинояткорӣ, аз ҷумлаи терроризм ва ифротгароӣ ба даст омадаанд, хело зиёд мебошанд.
Аммо метавон хотирнишон сохт, ки мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари чунин масъулияте, ки давлату Ҳукумат дар назди он гузоштаанд, ҳамзамон ба масъалаи таълиму тарбия ва раванди омода намудани кадрҳои миллӣ барои ниёзи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар тавассути Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошад.
 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии таълимӣ буда, дар баробари омода намудани мутахассисони касбӣ, ҳамзамон масъулияти омода намудани мутахассисони илмӣ-педагогиро низ бар уҳда дорад. Яъне метавон гуфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Академияи ВКД ин ҳам бошад пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад, ки самараи хуб ба бор оварда истодааст.
Дар ин ҷода, яке аз хушхабарҳое, ки имрӯзҳо бо ташаббуси бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба даст омадааст ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кормандони соҳаи илми ҷумҳуриро рӯҳбаланд намудааст, ин бо қарори махсуси Президиуми Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия дар Феҳристи маҷаллаҳои тақризшаванда, ки дар онҳо асосан натиҷаҳои илмии тадқиқотҳои диссертатсионӣ ба нашр мерасанд, ворид гардидани маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти № 2058 аз 06 июни соли 2017 мебошад.
Эътироф гардидани маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия далели расман эътироф гардидани маҷаллаи мазкур ва ба низоми ягонаи илми ҷаҳонӣ ворид гардидани он мебошад.
Инчунин маҷаллаи мазкур метавонад ҳамчун дастоварди беназир дар пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман олимону донишмандони соҳаи илми ҷумҳурӣ ҳисоб ёфта, заминаи воқеиро барои омода намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ муҳайё созад.
Бояд тазаккур дод, ки маҷаллаи мазкур соли 1998 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №0117 ба қайд гирифта шудааст ва маводи илмиро бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба нашр мерасонад.
Маҷаллаи мазкур аз даврони таъсисёбияш то ба имрӯз тавонистааст чун минбари муаррификунандаи таърихи ташаккулёбӣ ва фаъолияти милитсияи тоҷик хизмат намуда, ҳамзамон мақолаҳои фарогири таърихи ташаккулёбӣ ва инкишофи ин ниҳоди қудратманди давлатиро ба нашр расонад, ки метавонад сарчашмаи зарурӣ барои аз ҷониби муҳаққиқони имрӯз ва оянда чун заминаи бунёдӣ барои анҷом додани корҳои тадқиқотӣ истифода гардад.
Бояд тазаккур дод, ки дар шумораҳои мухталифи маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар баробари таҳлил ва баррасии масъалаҳои мубрами илмҳои ҳуқуқшиносӣ, таърихӣ-ҳуқуқӣ, инчунин паҳлуҳои дигари фаъолияти милитсия аз ҷумлаи муносибатҳои ахлоқӣ-фарҳангӣ, корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, роҳҳои омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда ва такмили ихтисоси онҳо барои МКД ва дигар мавзӯъҳои мубрами замони муосир инъикос ёфтаанд.
Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ низ саҳми маҷаллаи илмии мазкур назаррас буда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус ва дигар кишварҳои хориҷӣ мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ нашр менамоянд, ки ин омил низ метавонад ҳамчун табодули таҷриба барои инкишофи илми ҳуқуқшиносии муосир мусоидат намояд.
Одиназода А.Ш., Юлдошев Р.Р., Самиҳов Б.С. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика