Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон сиёсати Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд

Рӯзи 18-уми апрели соли 2017 бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони «Авангард» бахшида ба «Соли Ҷавонон» дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи муддавар дар мавзӯи «Ҷавонон сиёсати Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд» доир гардид.

Сараввал бо сухани ифтитоҳӣ Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ баромад намуда, меҳмононро хайра мақдам гуфт. Зикр гардид, ки ҷавонони зодаи истиқлол ҳамаҷониба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд.
Дар ҷараёни Мизи мудаввар намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб оид ба фаъолияти гурӯҳи ҷавонони «Авангард» баромад намуда, иброз дошт, ки мақсади ин гурӯҳ боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон мебошад. Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо ҷавонони фаъол пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбату вохӯриҳо ташкил намуда, дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар рафти чорабинӣ Бухоризода Мансур Ғоиб аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои саҳми назарррас гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти милитсия Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ва Рабизода Тақдиршоҳро бо Ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонид.

Сипас, роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард" Мардихудо Давлатов дар мавзӯи «Дастовардҳои ҷавонон ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли Ҷавонон» аз ҷониби Пешвои миллат», Наврузбек Хурамзода - корманди ТВ Тоҷикистон, аъзоёни фаъоли гурӯҳи «Авангард» Иззатулло Музаффаров ва Муминова Хайринисо дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ» баромад карданд.

Инчунин аъзои фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав Эмомалӣ Набиев дар мавзӯи «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти оби тоза дар ҷаҳон» маърӯза намуд.
Дар фарҷоми мизи муддавар курсантоини Академияи Вазорати корҳои дохилӣ доир ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад