Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Ҷавонони насли замони истиқлол - ифтихори миллатанд»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми декабри соли 2016 дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд, ки чунин иқдом боиси сарфарозии кулли ҷавонони Тоҷикистон, бахусус курсантону шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва онро бо дили гарму масъулияти баланд қабул намуданд.
Бо ин васила бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД рӯзҳои 11-14 апрели соли 2017 бо курсантони Академияи мазкур сӯҳбатҳои озод дар намуди ҷамъомади таълимӣ-методӣ аз рӯи мавзӯи «Ҷавонон насли замони истиқлол - ифтихори миллатанд» баргузор гардид.
Ин ҷамъомад аз ҷониби курсантон хело ҳам хуш пазируфта шуд, зеро онҳо аллакай дарк намуданд, ки аз бар намудани донишҳои фанҳои кафедра аз қабили ҳуқуқи маъмурӣ, фаъолияти маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, асосҳои идоракунӣ дар мақомоти мазкур, пешгирии зӯроварӣ дар оила, мурофиаи маъмурӣ ва ғайра дар мадди аввал истода, билохира дар оянда фаъолияти амалӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои асосӣ арзёбӣ мешавад.

Аз рӯи мавзуи «Ҷавонон насли замони истиқлол - ифтихори миллатанд» сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД, номзади илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Имомёрбеков Атобек баромад намуда қайд кард, ки вобаста ба раванди таълиму тарбия Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид ба миён оварданд, ки «Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем».
Аз ин лиҳоз, ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти калонсолон буда дар ҳаёти сиёсиву иҷтимои ҷомеаи навини тоҷикон, чун нерӯи бунёдгар ва созанда бояд дар инкишофи ҷомеаи имрӯза фаъолона ширкат намоянд. Имрӯз ҷавонони мо, чун насли замони истиқлол баҳри пайваста баланд бардоштани савияи илму маърифат, маҳорати касбӣ кӯшишу ғайрат намуда, ҳамчун мутахассисони варзида дар мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа ва ҳифзи истиқлолият фаъол бошанд.
Дар ин ҷамъомадҳо роҳбарони «Шурои ҷавонон» номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Наҷмуддинов М., «Шӯрои раҳнамоён»-и Академия полковники милитсия Асламов Б. иштирок ва баромад намуда, фикру андешаҳои хешро вобаста ба мавқеи ҷавонон ва бахусус курсантон дар раванди донишомӯзӣ баён карданд. Баҳри мукаммал намудани дониши курсантон ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар раванди таълиму донишомузӣ чорабиниҳои иловагӣ, ки қаблан аз ҷониби кафедра аз қабили сабақгардонии курсантон бо тарзи нав, нишастҳои озод доир ба мавзӯъҳои мухталифи тааллуқ ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва ғайра баррасӣ гардида буданд, дар нишастҳои алоҳида бо курсантон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ курсантони курси 2-юм: Забиров Ш., Сайфуллозода М., Муҳаббатов Б., Бойматов П., Юнусов Ғ., курсантони курси 3-юм: Шарипов В., Усмонов Ҳ., Манучеҳри Ш., Сайфуддинов С., Давлатов А., Ашуров С., Холов Б. ва курсантони курси 4-ум: Ҳусейнзода Ф., Саидова Р., Одилов М., Зоидов М. баромад намуда, фикру ақидаҳои хеш ва таклифу пешниҳодҳои муфидро барои такмили раванди таълиму донишомӯзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина курсантон ба хулоса омада ибрози ақида намуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат дар ҳаққи ҷавонон фаъолияти хешро дар раванди донишомӯзӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» боз ҳам дучанд намуда, бо баҳои хубу аъло таҳсилро давом хоҳанд дод. Мақсади асосии ин чорабинӣ пеш аз ҳама расонидани таъсири мусбӣ ба шуури курсантон ва ба ин васила дар қалби онҳо, бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ, меҳанпарастӣ ва ватандустӣ мебошад.
Толибова Г.М., лейтенанти калони милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика