Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашри ду китоби нав дар Академияи ВКД

Аз тарафи нашриёти “ЭР-граф”-и шаҳри Душанбе китоби таълимии “Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ” ба нашр расид. Муаллифони ин китоб кормандони Академияи ВКД Насуриён П.А., Нуралиев С.Ш. ва Нуриддинзода С.Н. буда, он зери таҳрири Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба чоп расидааст.
Бояд гуфт, ки китоби таълимии “Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ” бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати китоби дарсии мактабҳои олӣ тавсия шудааст.
Дар китоби мазкур масъалаҳои асосии назариявӣ ва амалӣ оид ба омӯзиши фанни таълимии “Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ” баррасӣ шуда, баҳри пурра аз худ кардану дар оянда истифода намудани муқаррароти он дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд пешкаш карда шудаанд.
Омӯзиши муқаррароти ин фан имконият медиҳад, ки дар замири шунавандагону курсантон ақидаҳои илман асосноккардашуда оид ба мафҳуму моҳияти милитсия, асосҳои ҳуқуқии фаъолият ва принсипҳои он, вазъи ҳуқуқии милитсия ва сохторҳои алоҳидаи ҷузъу томҳои ВКД ташаккул дода шаванд. Ҳамчунин, дар он мушаххасан хусусиятҳои асосиву муҳими намудҳои алоҳидаи хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ нишон дода шудаанд.
Тадқиқоти мазкур барои олимони соҳа, муҳаққиқон, аспирантону докторантҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шунавандагону курсантони Академияи ВКД ва ҳамаи онҳое, ки ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳ доранд, судманд хоҳад буд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар пешгуфтори ин китоби таълимӣ чунин овардааст: “Дар омода намудани китоби дарсӣ, ки бори аввал дар кишвар бо забони тоҷикӣ ба нашр мерасад, аз сарчашма ва адабиёти илмӣ, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои вобаста ба қонуният, тартибот, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки фаъолияти милитсияро ба танзим медароранд, васеъ истифода гардидааст. Масъалаҳое, ки дар китоб баррасӣ гардидаанд, бо назардошти шаклу усулҳои муосири фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ омода карда шуда, пешниҳоди хонанда гардидаанд”.
Ҳамчунин, қайд намудан ҷоиз аст, ки аз тарафи мутахассисони Академияи ВКД - адъюнкти курси 1-уми Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, майори милитсия Ҳайдарзода Зафар Пирмаҳмад ва адъюнкти курси 2-юми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Ҳайдарзода Мурод Пирмаҳмад воситаи илмӣ-таълимӣ бо номи “Тавсифи ҳуқуқӣ-ҷиноятии савдои одамон” ба табъ расид.
Дар китоби мазкур, ки зери таҳрири номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳаётҷон Сафаров ба нашр расидааст, таърихи пайдоиш ва инкишофи савдои одамон, таносуби мафҳумҳои савдои одамон аз хариду фурӯши одамон, таҳлили таркибии ҷинояти савдои одамон ва бандубасти он мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.
Ин воситаи илмӣ-таълимӣ ба мутахассисони соҳаи муқовимат ба савдои одамон, омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯёну донишҷӯёни мактабҳои олии соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва доираи васеи хонандагон, ки завқманди дарки масоили муқовимат ба савдои одамонро доранд, тавсия карда мешавад.
У. ОЛИМ, Л. КАРИМОВА. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад