Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шакли мукаммалкардашудаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии Вазорати корҳои дохилӣ такмил дода шуда, барои муҳокимаи оммавӣ пешниҳод карда мешавад.
Шаҳрвандон метавонанд фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳои худро оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ба суроғаҳои электронии зерин ирсол намоянд:
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул ба хизмат, адои хизмат ва таъмини кафолатҳои давлатии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва назорати фаъолияти политсияро муайян ва ба танзим медарорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- политсия - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти касбӣ ва мусаллаҳонаи ҳокимияти давлатӣ (сохтори таркибии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошад, ки ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мегардад.
Политсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ муҳофизат намуда, тибқи ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур истифодаи чораҳои пешгирӣ, бурдани корҳои профилактикӣ, таҳқиқ, тафтиши ҷиноятҳо (ҳуқуқвайронкуниҳо), иҷроиши чораҳои маҷбурӣ ва дигар чораҳои қабулгардидаро таъмин менамояд.
Шахсоне, ки дар политсия фаъолият мебаранд, ба корманди политсия ва коргари политсия ҷудо мегарданд.
- корманди политсия – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳуқуқу уҳдарориҳои хизматии хешро оид ба адои хизмати давлатӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ бар дӯ ш гирифтааст;
- коргари политсия - хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ мебошанд, ки фаъолияти ёрирасониро (хизматрасонӣ) иҷро менамояд;
- асосҳои кофӣ - агар шахс дар лаҳзаи содир намудан ё бевосита пас аз содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дастгир шуда бошад, агар шоҳидон, ё ҷабрдида бевосита ба шахси мазкур ҳамчун шахси ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда нишон диҳанд, агар дар бадани шахси мазкур, сару либос ва дар бари ӯ мавҷуд буда, дигар ашёҳои аз ҷониби ӯ истифодашаванда, дар манзил ё воситаи нақлиёти ӯ изҳои аёне дарёфт шаванд, ки аз алоқамандии ӯ ба қонуншиканӣ гувоҳӣ медиҳанд;
- маълумоти кофӣ – ахборот, хабар, иттилоот ва маҷмӯи басандаи онҳо вобаста ба воқеа, ҳодиса ва ҳолати кор, ки ба зиёдтар аз он эҳтиёҷ набошад;
- мақоми давлатӣ – воҳиди сохтории дастгоҳи давлатӣ, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос, амалӣ менамояд;
- шахси мансабдори давлатӣ – шахсе, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ, ишғол менамояд;
- уҳдадории мансабӣ – уҳдадориҳои пешбининамудаи мансаби мушаххаси давлатӣ, ки ҷавобгӯ и мақсад ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ буда, хизматчии давлатӣ дар доираи меъёрҳои муқарраркардаи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷро мекунад.
- талаботи тахассусӣ – талаботе, ки бо мақсади майян кардани тайёрии касбӣ ва мувофиқат ба мансаби мушаххаси давлатии хизмати давлатӣ ба шаҳрвандон ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои ишғоли мансаби баландтари давлатии хизмати давлатӣ муқаррар карда мешавад;

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи политсия
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи политсия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Самтҳои асосии фаъолияти политсия
Самтҳои асосии фаъолияти политсия тибқи Қонуни мазкур инҳо мебошанд:
- таъмин намудани ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;
- дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ таблиғоти ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон, идораву корхона, муассиса ва ташкилотҳо (минбаъд - ташкилотҳо) сарфи назар аз шакли моликият;
- амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
- ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ;
- пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;
- ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, кофтукови шахсони онҳоро содиркарда;
- тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ;
- кофтукови ҷинояткорон ва шахсони бе ному нишон ғайбзада;
- муайян кардани шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда;
- ҳимояи якхелаи шаклҳои гуногуни моликият;
- пешбурди парвандаҳои маъмурӣ ва иҷроиши ҷазоҳои маъмурӣ;
- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- иҷроиш ва бурдани назорат оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳ;
- ҳимояи давлатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва дигар шахсони ҳифзшаванда;
- расонидани кӯмак ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо;
- амалӣ намудани фаъолияти ташхисӣ (экспертӣ) ва ташхиси (экспертизаи) криминалистӣ;
- амалӣ намудани фаъолияти шиносномавӣ, бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва масъалаҳои шаҳрвандӣ.

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти политсия
Фаъолияти политсия дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- садоқат ба Ватан, беғаразона ва содиқона хизмат кардан ба халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- қонуният, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати ҳифзи онҳо;
- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо, қадр ва номуси инсон ва шаҳрванд;
- баробарии ҳама дар назди қонун;
- адолати иҷтимоӣ;
- инсондӯстӣ;
- касбият ва салоҳиятнокии корманди политсия;
- устувории ҳайати шахсии политсия ва ҷоннисорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
- яккасардорӣ ва мутамарказии идоракунии он;
- ҳисоботдиҳӣ, мувофиқат, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷомеа;
- шаффофияти фаъолият ба ҷузъ фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
- ғайриҳизбӣ будани хизмат дар политсия;
- истифодаи дастовардҳои илму техника ва системаҳои технологию иттилоотӣ.

Моддаи 5. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти политсия
1. Политсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, шаҳрвандӣ, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳимоя мекунад.
2. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.
3. Корманди политсия дар ҳолатҳои маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифадор аст, ба ӯ асос ва сабабҳои чунин маҳдудият, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯро вобаста ба ин ҳолатҳо фаҳмонад ва барои шинос шудан бо маводе, ки ба маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шахс асос шудаанд, имконият диҳад.
4. Ба корманди политсия истифодаи муносибати бераҳмона ё паст задани шаъну шарафи инсон ва шаҳрванд манъ аст. Корманди политсия безарурият набояд амалҳоеро анҷом диҳад, ки дар натиҷа метавонад ба инсон ва шаҳрванд зарари ҷисмонӣ, молумулкӣ ва маънавӣ расонида шавад.
5. Политсия ҳуқуқи бе розигии инсон ва шаҳрванд дар бораи ҳаёти шахсӣ ва оилавии ӯ, ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ё паҳн кардани маълумотро надорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Ба корманди политсия ифшо намудани маълумотҳое, ки сирри давлатӣ ва хизматӣ, инчунин дигар маълумотҳои аз ҷониби қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳанд, манъ аст.
7. Амали корманди политсия, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро маҳдуд месозад, фавран қатъ карда мешавад, агар мақсади қонунӣ ба даст омада бошад ё муайян карда шавад, ки ин мақсад наметавонад ё набояд бо роҳи маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба даст оварда шавад.
8. Корманди политсия ҳуқуқҳои шахсони дастгиршуда ва ҳабсгардидаро эълон ва таъмин менамояд, ҳуқуқҳои шахсро аз лаҳзаи дастгиршавӣ оид ба истифода аз ёрии адвокат таъмин менамояд, дар давоми се соат баъди воқеан дастгиршавии шахс протоколи дастгиркуниро тартиб дода, як нусхаи онро бо дастхат ба дастгиршуда ё намояндаи қонунии ӯ месупорад, дар ҳолатҳои зарурӣ бо дархости дастгиршуда муоинаи тиббии ӯро мегузаронад, дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгир намудан ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда, аъзои болиғи оила ё хешовандони наздики ӯро хабардор мекунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро медиҳад ва дар муддати 24 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ ба прокурор хабар медиҳад, дар мавриди зарурат барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ тадбирҳо меандешад, инчунин хатареро, ки ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулк дар натиҷаи дастгиркунӣ ё ба ҳабс гирифтани шахс таҳдид мекунад, бартараф менамояд.
9. Аз ҳаракати (беҳаракатии) корманди политсия, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ташкилоти динӣ ва ё ташкилотҳои дигарро поймол мекунад, ба роҳбарияти болоии политсия ё Комиссияи махсуси назди Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ё суд шикоят овардан кардан мумкин аст.

Моддаи 6. Ҳамкории политсия бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо
1. Политсия дар иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаи худ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҳамкорӣ менамояд.
2. Ҳар як корманди политсия барои дар рӯҳияи боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва хайрхоҳӣ нигоҳ доштани робитаи қавӣ бо ҷомеа, масъул аст.
3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои ташаббусӣ, дружиначиёни халқӣ, ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва дигар шаҳрвандон метавонанд ба таври ихтиёрӣ, барои ҳалли вазифаҳои дар назди политсия гузошташуда, иштирок намоянд.
4. Бо мақсади таъмин намудани иштироки ҷомеа дар ислоҳоту рушди фаъолияти политсия ва мустаҳакам намудани боварии аҳолӣ ба политсия:
1) дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои минтақавии он Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъсис дода мешавад, ки дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад.
2) дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад, ки Низомномаи он аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5. Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар асоси иштироки ихтиёрии шаҳрвандони фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.
1) Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятиро раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳбарӣ мекунад ва ба ҳайати он намояндаи политсия дар сатҳи сардори Шӯъба, шӯъбача ва ё муовинони онҳо, инчунин сокинони фаъоли маҳалаҳо ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил шуда метавонанд.
2) дар ҳайати Шӯрои ҷамъиятии мазкур мансаби нозир оид ба кор бо ноболиғон ва мансаби нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода мешавад. Ин нозирон ба муовини раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки самти фаъолияти мазкурро роҳбарӣ мекунад, тобеъ мебошад. Мансаби нозир оид ба кор бо ноболиғон ва мансаби нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
6. Бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва кушодани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо, шаҳрвандон бо розигии худ метавонанд ба мақомоти политсия дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, ошкоро ва ғайриошкоро мусоидат ва ҳамкорӣ намоянд. Маҷбуран ҷалб кардани шаҳрвандон барои ҳамкорӣ бо политсия манъ аст.
Тартиб ва намудҳои мусоидат ва ҳамкории шаҳрвандон ба политсия, ҳимояи иҷтимоии онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
7. Шахсоне, ки бо мақомоти политсия мусоидат менамоянд, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Маълумот дар бораи шахсоне, ки ба политсия махфиёна мусоидат менамоянд ё мусоидат намудаанд, танҳо бо розигии хаттии онҳо, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят, ифшо карда мешавад. Ҳангоми ворид шудани маълумоти кофӣ дар бораи вуҷуд доштани хатар ба ин гуна шахсон, инчунин хешовандони наздики онҳо, политсия уҳдадор аст, барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, қадру номус ва молу мулки онҳо, инчунин барои муқаррар кардани сарчашмаҳои таҳдид ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор чораҳои амниятӣ андешад.
8. Фаъолияти политсия барои ҷомеа бояд то дараҷае ошкоро бошад, ки он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии ҷиноятӣ, фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда, инчунин ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои қонунии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо мухолифат накунад.
9. Шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар доираи ҳуқуқ ва ваколатҳои худ, ба истиснои маълумотҳое, ки дастрасӣ ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» маҳдуд аст, метавонанд дар бораи фаъолияти политсия маълумоти эътимоднок гиранд.
10. Политсия аз фаъолияти худ мунтазам ба шаҳрвандон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ ахборот пешниҳод менамояд, ки он тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотии Интернетӣ ва ҳисоботдиҳии шахсони мансабдор (на камтар аз як маротиба дар се моҳ) сурат мегирад.
11. Тартиби ҳисоботдиҳӣ оид ба фаъолияти политсия ва кормандони ваколатдори ҳисоботдиҳанда ба аҳолӣ аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
12. Политсия дар доираи ваколаташ уҳдадор аст, тибқи дархости расмӣ ба васоити ахбори омма ва шаҳрвандон иттилоот пешниҳод намояд.
13. Афкори умум яке аз меъёрҳои асосии баҳогузории фаъолияти политсия мебошад, ки тартиби онро Вазири корҳои дохилӣ муайян мекунад. Бо ин мақсад, Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма ва марказҳои тадқиқотӣ, мунтазам мониторинги афкори ҷомеаро мегузаронад. Натиҷаи мониторингҳо ба самъи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва шаҳрвандон ба таври хаттӣ, тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иттилоотии Интернет расонида мешавад.

Моддаи 7. Ҷалби дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин кормандони дигар вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иҷрои вазифаҳои политсия
1. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии он, кормандони дигар вазорату идораҳо ҷалб карда мешаванд.
2. Иштироки курсантҳо, шунавандагон, адюнктҳо, роҳбарият ва ҳайати омӯ згорию профессории муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷониби онҳо амалӣ намудани дигар вазифаҳо, ки иҷрои онҳо ба зиммаи политсия вогузор гардидааст, ҷузъи тайёрии касбии онҳо ба шумор меравад ва дар барномаҳои таълимии дахлдор ворид карда мешавад. Барои иштирок дар чорабинӣ ва вазифаҳои зикргардида курсантон ва шунавандагони ба синни 18 солагӣ нарасида роҳ дода намешавад.
3. Дар ин ҳолат нисбат ба онҳо ҳуқуқу вазифаҳо, кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҷавобгарии пешбинишуда барои кормандони политсия паҳн мегардад.
БОБИ 2. СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ПОЛИТСИЯ

Моддаи 8. Сохтори политсия
1. Политсия сохтори таркибии Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
2. Сохтори ташкилӣ, шумораи воҳидҳои корӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории политсия, ҳаҷми маош ва ҷойгиршавии политсия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Воҳидҳои политсия, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, маблағузорӣ карда мешаванд, дар мувофиқа бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар объектҳои махсусан муҳим ва минтақаҳои тартиботи реҷавидошта, инчунин дигар мақсадҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад воҳидҳои махсуси политсия таъсис дода шаванд.
3. Дар ҳайати политсия барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он вогузоршуда, дигар воҳидҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва хадамотҳо таъсис дода мешаванд.
4. Меъёрҳо ва ҳадди ниҳоии шумораи воҳидҳои кории ҷузъу томҳои сохтории политсия дар доираи шумораи воҳидҳои кории умумии мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 9. Роҳбарии политсия
1. Роҳбарии политсияро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, амалӣ менамояд.
2. Дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо роҳбарии политсияро сардорони раёсат ва шӯъбаҳои политсия амалӣ менамоянд.
3. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани сардорони Сарраёсат, Сармарказ, Раёсат, Марказ ва Хадамотҳои политсия, Раёсатҳои политсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Мухтори Кӯ ҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳия ва минтақаи Рашт, Қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, Шӯъбаҳои политсия дар шаҳру ноҳияҳо ва дар нақлиёт аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Сардорони политсияи дар объектҳои махсусан муҳим ва минтақаҳои тартиботи реҷавидошта, бо тартиби муайянкардаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
4. Барои ҳар як мансаб ва вазифаи мутахассис дар политсия дастурамалҳои мансабие, ки ҳуқуқу уҳдадориҳо, масъулият, донишу малакаи заруриро муайян мекунанд, пешбинӣ карда мешаванд.
5. Роҳбарии политсия ва сохтори таркибии он тибқи салоҳияти сатҳи идоракунии зерин амалӣ карда мешавад:
- сатҳи аввал – дорои салоҳияти стратегӣ (Роҳбарият ва мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ);
- сатҳи дуюм – ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии оперативӣ (Сарраёсати политсия, раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии он);
- сатҳи сеюм – сатҳи фаъолияти оперативӣ - хизматии амалӣ ва иҷро (раёсатҳо, шӯъбаҳо ва шӯъбачаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва деҳотии политсия).
Роҳбарони ин мақомот ва зерсохторҳои он барои иҷроиши ваколатҳои ба зиммаи политсия гузошташуда масъул мебошанд.
6. Вазорати корҳои дохилӣ дар робита ба фаъолияти политсия дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- банақшагирӣ, истифода ва назорати хароҷоти маблағҳои аз буҷет ҷудошуда, аз ҷумла хароҷоти сармоягузорӣ, инчунин хароҷоти воҳидҳои сохторӣ;
- дар асоси озмун таъин намудани роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи мазказӣ ва минтақавӣ;
- таҳияи стратегия ва барномаҳои миллӣ оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, коррупсия, ҷиноятҳои муташаккилона ва махсусан хавфнок, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва дигар масъалаҳои амнияти ҷамъиятӣ дар мутобиқат бо афзалиятҳои давлатӣ дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ;
- рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бар зидди ҳама шаклҳои терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва трансмиллӣ, савдои одамон, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба политсия;
- қабул намудани дастурамалҳо оид ба масъалаҳои рушд, ташкилӣ, кадрӣ ва дигар самтҳои асосии фаъолияти политсия.
7. Роҳбарони политсия дар доираи ваколатҳои худ бо тартиби муқаррарнамудаи Вазири корҳои дохилӣ оид ба фаъолияти политсия ва дигар масъалаҳои самти фаъолияти он ҳисобот медиҳанд.

Моддаи 10. Сарнозироти политсия
1. Сарнозироти политсия аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ таъсис дода мешавад ва дар асоси Дастурамали тасдиқнамудаи Вазири корҳои дохилӣ фаъолият мебарад.
2. Сарнозироти политсия ба Вазири корҳои дохилӣ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад. Сарнозироти политсия ба таври касбӣ ва холисона, бо риояи пурраи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ба манфиати тамоми ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият мебарад.
3. Вазифаҳои Сарнозироти политсия инҳо мебошанд:
а) гузаронидани санҷишҳои нозиротии фаъолияти мақомоти политсия ва пешниҳоди ҳисобот оид ба натиҷагирӣ ва самаранокии политсия дар расидан ба мақсадҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур;
б) санҷиши аризаҳо дар бораи аз тарафи кормандони политсия содир кардани вайронкуниҳои ҷиддии интизомӣ ва пешниҳод кардани тавсияҳо ба Вазири корҳои дохилӣ барои андешидани чораҳо;
в) таъмини ҳимояи ҳуқуқӣ, ҷисмонӣ ва моддии кормандони политсия аз таҳдидҳои поймол гардидани ҳуқуқҳои бо қонун ҳифзшаванда, таҳдид ба ҳаёт ва саломатии онҳо, аъзои оила ва молу мулки онҳо;
г) таъмини ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва дигар вазифаҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба зиммаи политсия вогузор карда мешаванд.

БОБИ 3. ВАЗИФАҲОИ ПОЛИТСИЯ

Моддаи 11. Вазифаҳои политсия оид ба таъмини амнияти инсон, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ
Политсия вазифадор аст:
1) ҳаёт, саломатӣ, амният, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро аз кирдорҳои ғайриқонунӣ ё таҳдиди хатар ҳифз намояд;
2) ҳаёт ва саломатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ё шахсоне, ки бо мақомоти политсия ҳамкорӣ менамоянд, ҳамчунин аъзоёни оилаҳои онҳоро ҳифз намояд;
3) ба шахсоне, ки аз ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, офатҳои табии ва техногенӣ зарар дидаанд, инчунин дар ҳолати оҷизӣ, ё ин ки дигар ҳолати барои саломатӣ ва ҳаёт хатарнок қарор доранд ёрии таъҷилӣ расонад;
4) ба мақомоти тандурустӣ дар ошкор намудан ва ба муассисаҳои табобатӣ овардани шахсони гирифтори бемориҳои рӯ ҳӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, зуҳравӣ, вируси норасоии масунияти бадани инсон (ВИЧ) ё аломати норасогии масунияти бадан (СПИД), ки нисбати онҳо асосҳои бо ҳуҷҷат тасдиқшуда мавҷуд аст, мусоидат намояд;
5) дар доираи салоҳияти худ дар таъмини амнияти авиатсияи гражданӣ иштирок намояд, фурудгоҳҳо ва иншоотҳои зерсохтории онҳоро ҳифз намояд, барои иҷозат додан ба кор дар хадамоти амнияти авиатсионӣ, ки он ба объектҳои ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин муҳити атроф хатари калон доранд, хулоса пешниҳод намояд.

Моддаи 12. Вазифаҳои политсия оид ба муҳофизати молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Политсия вазифадор аст:
1) молу мулки шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро аз амалҳои ғайриқонунӣ, ҳимоя намояд.
2) нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, ашёҳо, молҳои арзишнок, хазина ва дигар молу мулки дарёфтшударо, ки ба политсия супорида шудаанд, таъмин намояд ва то ба ихтиёри мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори дахлдор супоридан, инчунин барои ба соҳибони қонуниашон баргардонидан тадбирҳо меандешад.

Моддаи 13. Вазифаҳои политсия дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо
Политсия вазифадор аст:
1) ариза, хабар ва дигар маълумотҳоро (аз ҷумла, дар шакли электронӣ) дар бораи ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ва шахсони онҳоро содиркарда қабул намуда, ба қайд гирад, талон-огоҳинома дода, санҷиш гузаронад ва аз натиҷаи баррасии аризаю муроҷиатҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муроҷиаткунандагон хабар диҳад;
2) ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешгирӣ ва ошкор намояд;
3) ҷазои маъмуриро таъин ва иҷро намояд;
4) дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ тибқи тобеияти тафтишотӣ, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ гузаронад, омодасозии босурати маводҳоро барои баррасии судӣ амалӣ намояд, дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон иштирок намояд, аз оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ рад кунад, ё ин ки аз рӯ и тобеияти тафтишотӣ ирсол намояд;
5) бақайдгирии ягонаи ҷиноятҳо, шахсони ҷиноят содиркардаро ба роҳ монад;
6) шахсони ҷиноят содиркардаи аз таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва суд пинҳоншуда, аз иҷрои ҷазои ҷиноятӣ саркашинамуда, бедарак гумшударо ҷустуҷӯ намояд, шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда ва ҷойи молу мулки аз ҷониби суд мусодирашавандаро муайян намояд;
7) ҷойи қарор доштани шахсони рабудашуда ва ба гарав гирифташударо муайян карда, барои озод намудани онҳо тадбирҳо андешад;
8) доир ба муайян ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва мусодира намудани онҳо чораҳо андешад, нигоҳдорӣ ва нобудсозии онҳоро амалӣ намояд;
9) дар доираи салоҳият пешбурди парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ амалӣ намояд;
10) шахсони дастгиршуда, ҳабсшуда ва шахсонеро, ки нисбати онҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ шудааст, посбонӣ, нигаҳдорӣ ва муҳофизат намояд;
11) дар доираи салоҳияти худ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ экспертизаҳои судии давлатӣ, инчунин аз рӯи маводи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тадқиқоти илмӣ-техникӣ гузаронад;
12) фаъолияти экспертӣ ва ташхисӣ-криминалистиро амалӣ намояд;
13) фаъолияти бақайдгирии давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии дактилоскопӣ, аз ҷумла ҷасадҳои шахсияташон номаълум ва бақайдгирии геномиро (ирсиро) амалӣ намояд;
14) нисбати шахсоне, ки бинобар ҳолати саломатӣ, синну сол ё дигар сабабҳо дар бораи худ маълумот дода наметавонанд ва барои муайян намудани ҷасадҳои шахсияташтон номаълум, тадбирҳои ҳаммонандкунӣ андешад;
15) амалҳои терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангиро огоҳ, пешгирӣ ва ошкор намояд;
16) дар амалиётҳои зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ иштирок намояд.

Моддаи 14. Вазифаҳои политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ
Политсия вазифадор аст:
1) ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятиро таъмин намояд;
2) ҳангоми баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ, варзишӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо якҷоя бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амният ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин намояд;
3) дар доираи салоҳияти худ назорати рафтори шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод шударо амалӣ намояд, дар назоратбарии рафтори маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои бе маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст ё мавқуф гузоштани адои ҷазо татбиқ шудааст, иштирок намояд.

Моддаи 15. Вазифаҳои политсия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Политсия вазифадор аст:
1) бехатарии ҳаракатро дар роҳҳо ба танзим дарорад ва назорати давлатиро таъмин намояд, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар нақлиёти муҳаррикдорро ба қайд гирад, қабули имтиҳонот ва додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ, аз ҷумла байналмилалиро амалӣ намояд, муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиётиро гузаронад, санҷиши ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро гузаронад, назорати онро амалӣ намояд ва бо тартиби муқарраргардида воситаҳои нақлиётиро роҳбаладӣ намояд;
2) ҳодиса ва садамаҳои нақлиётиро бақайд гирифта, пешбурди ҳисоботи омории онро ба роҳ монад;
3) барои интиқоли борҳои махсус иҷозатнома диҳад, хатсайрҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва гаронвазнро мувофиқа намояд, барои истифодабарии воситаҳои нақлиёти автомобилии сиёҳшиша иҷозат диҳад, рафти тайёркунии ронандагонро назорат барад, барои тайёр кардани кортҳои шаҳодатномаҳои ронандагӣ, аз ҷумла шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ, талон ба онҳо, иҷозатномаи муваққатӣ, гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимии ронандагони воситаҳои нақлиёт, аломатҳои бақайдгирии давлатӣ, маълумотнома - ҳисобҳо ва дигар маҳсулоти махсусе, ки барои иҷозат додан ба ҳаракат дар роҳ, инчунин дар корҳои васлкунӣ ва истифодабарии воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ зарур, ҳамчун фармоишгари давлатӣ баромад намояд.

Моддаи 16. Вазифаҳои политсия оид ба амалӣ намудани назорати нигоҳдорӣ ва истифодаи силоҳ
Политсия вазифадор аст:
1) риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳро назорат барад, барои ба даст овардани силоҳи ғайринизомӣ ё хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, нигоҳдорӣ, гирифта гаштан, ҳамлу нақл, ворид намудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани силоҳи мазкур ва лавозимоти он рухсатнома диҳад, барои хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ё хизматӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли моддаҳои таркандаи таъиноти саноатӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ иҷозат диҳад, муҳлати онро тамдид намояд, аз нав ба расмият дарорад, боздорад ва бекор кунад;
2) ҷойҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи силоҳ, лавозимоти ҷангии он, моддаҳои тарканда, ҳамчунин объектҳоеро, ки дар он ҷо гардиши силоҳ амалӣ мегардад, бо роҳи азназаргузаронӣ назорат намояд, дар сурати ошкор гардидани вайронкунии қоидаҳои муқарраргардида ба шаҳрвандон ва шахсони мансабдор дар хусуси бартараф намудани чунин камбудиҳо амрнома диҳад, ашёҳои зикргардидаро гирад, фаъолияти объектҳои дахлдорро манъ намояд, иҷозатномаҳои додашударо бекор намояд.
Тамоми намудҳои силоҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо ва дар соҳибияти шаҳрвандон бударо бо роҳи тирпаронӣ ба қайди ягонаи тиру гилзадонии Вазорати корҳои дохилӣ ворид намояд;
3) қабул, нигоҳдорӣ ва нобудсозии силоҳи оташфишон, газӣ, сард, дигар силоҳ ва лавозимоти ҷангии онҳо, дастгоҳҳо ва моддаҳои таркандаи ихтиёран супоридашуда, дарёфтгардида ва мусодирашударо амалӣ намояд.

Моддаи 17. Вазифаҳои политсия дар шароити ҳолати фавқулода
Политсия вазифадор аст:
1) ҳангоми ҷорӣ гардидани вазъияти фавқуллода тартибот ва амнияти ҷамъиятиро таъмин намояд;
2) дар чорабиниҳо оид ба рафъи оқибати садамаҳо, сӯхтору офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, наҷот додани одамон ва расонидани кӯмак ба онҳо, ҳифзи молу мулки беназоратмонда, дар сурати ҷорӣ намудани вазъияти фавқулода ё ҳолати ҷанг дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳудуди алоҳидаи он, дар таъмини низом, инчунин дар ҳолати эпидемия ва эпизоотияҳо дар гузаронидани чорабиниҳои карантинӣ иштирок намояд.

Моддаи 18. Вазифаҳои политсия оид ба амалисозии чораҳои маҷбуркунӣ
Политсия вазифадор аст:
1) супоришҳои хаттии роҳбари мақоми тафтишот, муфаттиш, мақоми таҳқиқро дар бораи пешбурди ҳаракатҳои тафтишотии алоҳида, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дастгир кардани шахсони дар содир кардани ҷиноят гумонбар ва айбдоршаванда, дар бораи пешбурди дигар ҳаракатҳои мурофиавӣ, овардани шаҳрвандон барои гузаронидани ташхисҳои судӣ - равонпизишкӣ (психиатрӣ) дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ амалӣ намояд;
2) қарорҳои (таъиноти) судиро (судяро) дар бораи ҳабси маъмурӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт, ба подош гирифтан ё мусодира намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро, иҷро намояд;
3) таъиноти судӣ (судя) ва қарорҳои прокурорҳо, таҳқиқбарандагон ва муфаттишон, қарорҳои Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро дар бораи маҷбуран овардани ноболиғон, падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда, ки аз ҳозир шудан бо даъвати онҳо саркашӣ менамоянд, иҷро намояд.

Моддаи 19. Вазифаҳои политсия оид ба амалӣ намудани фаъолияти шиносномавӣ, бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва масъалаҳои шаҳрвандӣ
Политсия вазифадор аст:
1) додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайди зист гузоштан, баҳисобгирӣ ва аз қайди зист баровардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати маваққатӣ ё доимӣ доранд, амалӣ намудани фаъолияти суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, назорати риояи Қоидаҳои реҷаи шиносномавӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро ба роҳ монад;
2) аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандӣ ва хориҷӣ баррасӣ намояд;
3) аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ оид ба даъват намудани шаҳрвандони хориҷӣ аз хориҷаро баррасӣ намояд;
4) аризаи шаҳрвандон оид ба қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷ шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд, оид ба муайян намудани мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдорро диҳад;
5) шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро ба қайд гирад, аризаи онҳоро оид ба истиқоматӣ доимӣ ва ба қайди зист гузоштан баррасӣ намояд;
6) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои ворид шудан ба минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатнома диҳад;
7) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои истиқоматӣ доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади зист диҳад ва барои баромадан ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони бешаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳоро барасмият дарорад;
8) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ мақоми гуреза диҳад ва ба шахсони паноҳҷӯ янда ҳуҷҷатҳои лозимӣ диҳад, Марказҳои муваққатии нигоҳдории шахсони паноҳҷӯ яндаро таъсис диҳад;
9) риояи Қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба тариқи транзитӣ убур намудани онҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат барад, барои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи муайян кардани шахсият, инчунин барои онҳое, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешаванд, Марказҳо таъсис диҳад, инчунин дар доираи ваколатҳои худ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ чораҳои маъмурӣ андешад.

Моддаи 20. Вазифаи политсия оид ба амалисозии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Политсия вазифадор аст:
Бо мақсади огоҳонидан, пешгирӣ намудан, ошкор кардан ва кушодани ҷиноятҳо, таъмини амнияти шахсӣ, инчунин бо дигар мақсадҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад.
Моддаи 21. Вазифаҳои политсия оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон
Политсия вазифадор аст:
1) дар доираи ваколатҳои худ якҷоя бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкунии кӯдаконро пешгирӣ намояд;
2) шахсони ба синни 18 солагӣ нарасидаи шахсияташон муайян набуда ва ҷинояти начандон вазнин содир кардаро, инчунин ноболиғоне, ки ҷиноят содир кардаанд, вале ба синну соле, ки аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро мерасад, нарасидаанд, ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон ҷойгир намояд;
3) ноболиғонеро, ки ҳуқуқвайронкунӣ содир кардаанд, ба Шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявии нозироти политсия таҳвил намояд, барои аз тарафи ноболиғон содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба падар ё модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда маводи дахлдор тартиб диҳад;
4) аз болои ноболиғоне, ки аз ҷазо озод гардидаанд, бо татбиқи чораҳои маҷбуркунонии таъсиррасонии тарбиявӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд, аз иҷрои ҷазо шартан пеш аз муҳлат озод шудаанд, ё нисбати онҳо қарор дар бораи шартан татбиқ накардани ҷазо қабул шудааст, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор назорат барад.

Моддаи 22. Вазифаҳои политсия нисбат ба ҷабрдидагони ҷиноят
Политсия вазифадор аст:
1. Нисбат ба ҷабрдидагони ҷиноят ва дигар шахсоне, ки ҳуқуқҳояшон поймол шудаанд, муносибати хайрхоҳона ва эҳтиромона зоҳир намояд, ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои зерин мусоидат ва кӯмак намояд:
- ҳимояи давлатии ҷабрдидагони мурофиаи судии ҷиноятиро таъмин намояд;
- дастрасии ҷабрдидагонро ба адолати судӣ, ҳуқуқи ҷуброни зарар ба онҳоро бо роҳи қабул, бақайдгирӣ ва ҳаллу фасли муроҷиати онҳо амалӣ намояд;
- ҷабрдидагонро аз ҳуқуқи талаб кардани ҷуброни зарар ва ҳимояи ҳуқуқӣ воқиф намояд;
- дар бораи имконияти гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ, моддӣ, тиббӣ, равонӣ (психологӣ) ва иҷтимоӣ ҷабрдидагонро огоҳ намояд;
- дар сурати мавҷуд набудани имконияти расонидани кӯмаки тиббӣ дар маҳал, фиристонидани ҷабрдидаро ба муассисаҳои тиббӣ амалӣ намояд;
- ҳангоми зарурат ба ҷойи истиқомат фиристодани ҷабрдидаро таъмин намояд;
- бо дархости ҷабрдида, санҷиши бехатарии манзили ӯро гузаронад, муҳофизати маҳал ва манзили ӯро ташкил намояд, дар сурати мавҷуд будани хавфи асосноки такроршавии сӯйиқасд ё таъсиррасонӣ аз тарафи гумонбарон ё айбдоршавандагон, муҳофизати ҷисмонии ӯро таъмин намояд;
- ҷабрдидагонро аз нақши онҳо дар давраи тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ, инчунин ҳуқуқи гирифтани иттилоот дар бораи муҳлатҳо огоҳ намояд.
2. Ҳифзи иттилоотро нисбати ҷабрдида таъмин намояд ва дар ин бора ба ӯ хабар диҳад.
3. Пас аз иҷрои расмиёт ҳама молу мулки ҷабрдидаро аз рӯйи мансубият бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас гардонад.
Моддаи 23. Вазифаҳои политсия дар дигар самтҳои фаъолият:
Политсия вазифадор аст:
а) дар фаъолияти худ ҳифзи сирри давлатӣ ва хизматиро таъмин намояд;
б) ҷиҳати такмил додани усулҳои идоракунӣ, тайёрии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон, фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ барад;
в) татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат ва бехатарии экологиро таъмин намояд;
г) фаъолияти иҷозатномадиҳиродар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷозатдиҳиро дар асоси Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» амалӣ намояд.

БОБИ 4. ВАКОЛАТҲОИ ПОЛИТСИЯ
Моддаи 24. Ваколатҳои политсия ҳангоми пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо
Политсия ваколатдор аст:
1) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳоеро, ки ба амалӣ намудани ваколатҳои политсия мамониат мекунанд, талаб намояд ва дар сурати иҷро накардани чунин талабот аз чораҳои маҷбуркунонии пешбининамудаи Қонуни мазкур истифода барад;
2) барои бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии қонуншиканиҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо оид ба зарурати андешидани тадбирҳо бо зикри муҳлати бартарафсозӣ ва хабар додан аз иҷрои он пешниҳод манзур намояд, ҳангоми саривақт иҷро накардани талаботи пешниҳодот, масъалаи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъулро андешад;
3) шахсони ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамударо маҷбуран ба политсия таҳвил диҳад ва нисбати онҳо маводҳои зарурӣ тартиб диҳад;
4) дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои гумонбар донистани шахс дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти онҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои заруриро, ки барои риояи қоидаҳои назоратбарии чунин шахсон ба зиммаи политсия вогузор шудаанд, талаб намояд;
5) дар азназаргузаронии бор ва бағоҷи мусофирони нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ иштирок намояд;
6) дар доираи салоҳияти худ дар гузаронидани муоинаи пеш аз парвоз ва пас аз парвози сарнишинон (аъзои экипаж), дигар кормандони авиатсияи гражданӣ, захираҳои дохили ҳавопаймоҳо, борҳо ва почта иштирок намояд;
7) боздоштшудагонеро, ки шахсияташон маълум нест, бо иҷозати суд (прокурор) барои муайян намудан ба Қабулгоҳи оворагардону гадоёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд. Муҳлати амалӣ намудани ин чорабинӣ то як моҳ, дар ҳолатҳои истисноӣ аз тарафи суд (прокурор) ин муҳлат то ду моҳ тамдид карда мешавад;
8) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, ашё ва дигар далелҳоро ба қайд гирад ва ин маълумотҳоро барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ истифода барад;
9) системаҳои иттилоотӣ, техникаи сабти видеоӣ ва овоз, дастгоҳҳои аксбардорӣ, инчунин дигар воситаҳои техникӣ ва махсусеро, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ҳамчунин ба муҳити атроф зараровар нестанд, дар фаъолияти хизматӣ истифода барад, пешбурди махзани видео ва видеотекаҳои шахсони бо парвандаҳо ва маводи санҷишҳои политсия дахлдоштаро амалӣ намояд, махзани маълумоти оперативӣ - маълумотдиҳӣ, криминалистӣ, оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва иттилооти дигарро дар бораи шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, ашёҳо ва далелҳо таъсис дода, истифода барад, махзани маълумоти дигар мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла маълумоти шахсии шаҳрвандонро тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд;
10) дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ташфиқоту тарғиботи ҳуқуқӣ барад;
11) корманди политсия баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор ҳуқуқ дорад силоҳи хизматӣ ва воситаҳои махсусро бо худ нигоҳ дорад ва истифода барад;
12) корманди политсия барои таъмини амнияти шахсӣ ва дигар шахсон метавонад аз силоҳи хизматӣ, тоскулоҳ, сипар, гази ашковар, нимтанаҳои зиреҳдор ва воситаҳои дигари муҳофизатӣ истифода барад;
13) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва зарурияти воқеӣ, корманди политсия қувваеро, ки ба дараҷаи қувваи ба муқобили ӯ ва шахсони дигар истифодашаванда мутаносибро асоснок истифода барад.
Моддаи 25. Ваколатҳои политсия оид ба муайян ва ошкор намудани ҷиноят
Политсия ваколатдор аст:
1) шахсони дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда ва нисбаташон чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ шударо дастгир намояд ва то таҳвил додан ба ҷойи нигаҳдорӣ, дар ҳабс нигоҳ дорад;
2) шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро вобаста ба парвандаҳо ва маводҳое, ки дар пешбурди политсия қарор доранд, тариқи шифоҳӣ ё бо истифода аз каналҳои техникии алоқа ё ин ки, хаттӣ даъват намояд, дар сурати саркашӣ кардан онҳоро маҷбуран оварад;
3) барои муайян намудани далели истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва дигар воситаҳои мадҳушкунанда гумонбаронро аз шаҳодаткунонӣ ва муоина тиббӣ гузаронад;
4) шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ғайриқонунӣ воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, мадҳушкунанда ва заҳролудро истеъмол мекунанд, барои оворагардӣ, гадоӣ ва фоҳишагарӣ дастгир шуда, ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, шахсияташон муайян набошад, аксбардорӣ, сабти аудио-видеоӣ ва бақайдгирии дактилоскопии онҳоро гузаронад;
5) дар доираи салоҳияти худ ташхисҳои судии давлатӣ ва тадқиқоти криминалистӣ гузаронад;
6) бо мақсади огоҳонидан, пешгирӣ намудан ва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҷустуҷӯ и ҷинояткорони пинҳоншуда, шахсони бедарак гумшуда ва муайян намудани ҷасадҳои шахсияташон номаълум фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯ иро амалӣ намояд, маълумотҳоро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникӣ ба даст овардашударо, истифода барад;
7) барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ ва вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, ҳангоми таъқиб ва дастгир кардани маҳкумшудагони фирорнамуда ва шахсони ба ҳабс гирифташуда, ҷустуҷӯ и ҷинояткорон ва шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд, инчунин ҳангоми ҳолатҳои дигари фавқулода, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, минтақаҳои маҳал, иншоот, иморати алоҳида ва воситаҳои нақлиётро иҳота карда, азназаргузаронии онҳоро амалӣ намояд;
8) ҳангоми бевосита пешгирӣ намудани ҷиноятҳо, таъқиби шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ва дар ҳолатҳои фавқулодае, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, ба хонаҳои истиқоматӣ, ҳудуд ва бинои ташкилотҳо, қитъаҳои замини шахсони алоҳида дохил шавад (ба истиснои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта), чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ гузаронад, вобаста ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ё маводи санҷишӣ бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи хизматӣ, бе мамониат ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташриф оварад, бо ҳуҷҷатҳои лозимӣ шинос шавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ, онҳоро гирад;
9) ҳангоми мавҷуд будани маълумоти диқиқ дар бораи ҷинояти содиршуда ва шахсони онро содир намуда, дар соҳаи фаъолияти молиявӣ (бонкӣ ва хазинадории буҷетӣ), хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ ва савдо ба биноҳои ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон (ба истисно аз намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта) ворид шавад, бо иштироки соҳибмулк ё намояндаи ваколатдори ӯ азназаргузаронии биноҳои истеҳсолӣ, савдо ва дигар биноҳои хидматӣ, воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи моликиятро анҷом дода, дар доираи салоҳияти худ ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб диҳад.

Моддаи 26. Ваколатҳои политсия оид ба огоҳонидан, пешгирӣ кардан, ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Политсия ваколатдор аст:
1) ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ шахсро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад ё дар ин бобат маводи заруриро тартиб дода, барои баррасӣ ба суд (судя) ирсол намояд;
2) шаҳрвандонро аз рафтори ғайриқонунӣ ба таври расмӣ огоҳ намояд ва онҳоро ба қайд гирад;
3) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳуҷҷатҳои аломатҳои сохтакорӣ дошта, мол, ашё ва моддаҳои дар муомилоти шаҳрвандӣ манъбуда ё аз муомилот баровардашуда ва ё муҳлати истифодабариашон ба охир расидаро мусодира намояд, моликияти бесоҳибро нигоҳ дорад ва масъалаи мансубияти минбаъдаи онро ҳал намояд;
4) ҳангоми мавҷуд будани маълумоти дақиқ дар бораи мол ва ашёе, ки муомилоташон манъ ё маҳдуд мебошад, бо азназаргузаронии шахсӣ, бори дастӣ ва бағоҷи мусофирони ҳавопаймоҳои гражданӣ, ҳарбӣ, киштиҳо, қатораҳои роҳи оҳан ва воситаҳои нақлиётро анҷом диҳад.

Моддаи 27. Ваколатҳои политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандан
Политсия ваколатдор аст:
1) шахсони дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ қарордошта, ки намуди зоҳирии онҳо шаъну шарафи инсонӣ ва ахлоқии ҷомеаро таҳқир мекунанд ва қобилияти мустақилона роҳ рафтанро надоранд ё ин ки метавонанд ба атрофиён ва худашон зарар расонанд, инчунин шахсони дар манзилҳояшон дар ҳолати мастӣ қарордоштаро, ки агар рафтори онҳо боиси хавфу зарар ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулки шуморида шавад, дар асоси аризаи шифоҳӣ ё хаттии сокини он манзилҳо, чунин шахсонро барои нигоҳ доштан, ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи мақомоти тандурустӣ (ҳушёрхонаи тиббӣ) таҳвил диҳад;
2) бо мақсади таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин барои гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотии алоҳида, ҳуқуқи даромадани шаҳрвандонро ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ва иншоот, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, рафтуомади пиёдагардонро дар кӯчаю роҳҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, муваққатан маҳдуд ё манъ намояд;
3) бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон якҷоя бо ташкилкунандагони чорабиниҳои оммавӣ азназаргузаронии шахсии шаҳрвандон, амволу ашёи бо худ доштаи онҳоро ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди иншоот, қитъаҳои маҳал ё ҷойҳои ҷамъиятие, ки дар он ҷойҳо чорабиниҳои оммавӣ баргузор мегарданд, ҳангоми зарурат бо истифода аз воситаҳои техникӣ, сагҳои хизматӣ ва дигар қувваю воситаҳо амалӣ намояд, дар сурати даст кашидани шаҳрванд аз азназаргузаронии шахсӣ ӯро ба чунин ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ надиҳад;

Моддаи 28. Ваколатҳои политсия оид ба амалисозии назорати нигоҳдорӣ ва истифодаи силоҳ
Политсия ваколатдор аст:
1) ба ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ барои ба даст овардан, нигоҳ доштан ва интиқол додани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангии он, ашё ва маводи тарканда, моддаҳои сахттаъсири кимиёвӣ, заҳрнок, нашъадор ва масолеҳи дигар ва ба шаҳрвандон барои ба даст овардан, гирифта гаштан ва нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангии он иҷозат диҳад, чунин иҷозатро бекор кунад, аз ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва аз шаҳрвандон ҳангоми риоя накардани қоидаҳои гардиши силоҳ, силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро пас гирад, барои фаъолият оид ба фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва хизматӣ, лавозимоти ҷангии он иҷозат диҳад, барои кушодани корхонаҳои таъмири силоҳ, муҳрсозию зарробӣ, мағозаҳои силоҳфурӯшӣ ва тир, ҷойҳои тирандозӣ, иҷозат диҳад;
2) санҷиши ҷойҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурӯш, ҷамъоварии коллексия ва ба намоиш гузоштани силоҳ, қисмҳои асосии силоҳи оташфишон, истеҳсоли тири силоҳ ва қисмҳои асосии он, истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода ва паҳн намудани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва маҳсулоти тарфгарӣ, инчунин ҷойҳои партовтозакунии лавозимоти ҷангиро гузаронад, агар шароити ҷойгиркунонӣ, истифодабарӣ ва интиқоли маводи таркандаи таъиноти саноатӣ, ҳама намуди маҳсулоти тарфгарӣ ба ҳаёт, саломатӣ ё амнияти шаҳрвандон таҳдид намояд, ё ин ки талаботи муқарраргардидаи баҳисобгирӣ, нигоҳдории маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва таъмини амнияти корҳои таркишгарӣ иҷро нашаванд, то бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, амалӣ иҷозатномаҳоро барои нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва интиқоли маводи таркандаи таъиноти саноатӣ, ҳама намуди маҳсулоти тарфгариро боздорад.

Моддаи 29. Ваколатҳои политсия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ.
Политсия ваколатдор аст:
1) воситаҳои нақлиётро манъ намуда, ҳуқуқи истифода ва идора кардани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои мансуб ба воситаи нақлиёт ва борҳои интиқолшавандаро санҷад, муоинаи воситаҳои нақлиётро дар сурати гумонбар шудан аз истифода бо мақсадҳои ғайриқонуниро гузаронад;
2) истифодаи воситаҳои нақлиётеро, ки бар асари нуқсонҳои техникӣ ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳдид мекунанд, инчунин аз муоинаи техникии ҳатмӣ нагузаштаанд, қисм ва агрегатҳои пинҳонӣ, қалбакӣ ва тағйирдодашуда, ё ин ки аломатҳои бақайдгирии давлатии қалбакӣ, тағйирдодашуда, ҳамчунин тамғаи ба маълумоти дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ номувофиқ доранд ва аз тарафи соҳибони онҳо уҳдадории муқарраргардида оид ба суғуртаи ҷавобгарии шаҳрвандӣ иҷро нашудааст, манъ намояд;
3) воситаҳои нақлиётро боздошт ва ронандаро аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт барканор намояд, воситаҳои нақлиёти дар ҷустуҷӯ қарордоштаро боздошт ва дар таваққуфгоҳҳои махсус ҷойгир намояд;
4) дар сурати риоя накардани талабот оид ба таъмини амнияти ҷамъиятӣ гузаронидани корҳои таъмиру сохтмонро дар кӯчаю роҳҳо маҳдуд ё манъ намояд, барои ба воситаҳои нақлиёт насб кардани дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва садодиҳанда, аломатҳои тафриқавии шартӣ, сиёҳ кардани шишаҳо иҷозат диҳад, аз мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гузаронидани чорабиниҳоро оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳро талаб намояд.

Моддаи 30. Ваколатҳои политсия дар шароити ҳолатҳои фавқулода ва ҳангоми амалисозии чорабиниҳои махсус
Политсия ваколатдор аст:
1) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ (ба истиснои таксӣ), инчунин аз роҳҳои пулакӣ, аз ҷумла аз воситаҳои нақлиёт сарфи назар аз шакли моликияташон ройгон истифода барад. Кормандони воҳидҳои политсияи дар нақлиёт буда, ҳуқуқ доранд дар минтақаҳои хизматрасонӣ, дар қатораҳо ва ҳавопаймоҳо бо мақсади хизматӣ ройгон сафар намоянд;
2) дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои нақлиёте, ки ба ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ё шаҳрвандон тааллуқ доранд (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробар кардашуда), бе мамониат истифода барад, бо талаби соҳибони воситаҳои нақлиёт маблағи хароҷот ва товони зарари расонидашуда аз ҳисоби махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад;
3) бо мақсади хизматӣ, аз воситаҳои алоқае, ки ба ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таъаллуқ доранд, (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробар кардашуда) ва дар ҳолатҳои таъхирнопазир аз воситаҳои алоқаи ба шаҳрвандон тааллуқдошта, бо ҷуброни хароҷот аз ҳисоби махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе мамониат истифода барад;
4) дар давраи амали вазъияти фавқулода, ҳолати ҷанг ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ чораҳо ва маҳдудиятҳои муваққатиро татбиқ намояд.

Моддаи 31. Ваколатҳои политсия ҳангоми дастгиркунии шахсоне, ки аз адои ҷазо саркашӣ менамоянд
Политсия ваколат дорад шахсонеро, ки аз адои ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ саркашӣ мекунанд, аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси пешакӣ ва ҷойҳои нигоҳдории дастгиршудагон фирор намудаанд дастгир намояд, дар политсия нигоҳ дорад ва онҳоро ба мақомот ё муассисаҳои дахлдор супорад.

Моддаи 32. Ваколатҳои политсия дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ва ҷиноятҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ содиршуда
Хизматчиёни ҳарбиеро, ки дар содир намудани ҷиноятҳо гумонбар дониста шудаанд дастгир намояд, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд, ҳаракатҳои тафтишотии таъхирнопазирро гузаронад ва дар муҳлати муқаррар намудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯ и тобеияти тафтишотӣ супорад, инчунин хизматчиёни ҳарбиеро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, то ба патрулҳои ҳарбӣ, коменданти ҳарбӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ё комиссарони ҳарбӣ супоридан, нигоҳ дорад.

Моддаи 33. Ваколатҳои политсия оид ба ҷалбсозии шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва воситаҳои ахбори омма дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо
Политсия ваколатдор аст:
1) бо мақсади огоҳонидан, пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо, муайян намудани ҳолатҳои ҷиноят ва шахсони онро содирнамуда, ҷустуҷӯ и ҷинояткорони пинҳоншуда, шахсони беному нишон ғайбзада, инчунин шахсоне, ки бо хешовандонашон алоқаро гум кардаанд, аз воситаҳои ахбори омма ва алоқа истифода барад;
2) шахсонеро, ки дар ошкор кардани ҷиноятҳо, дастгир кардани шахсони онҳоро содирнамуда ва иҷрои дигар вазифаҳои ба зиммаи политсия гузошташуда кӯмак расонидаанд, ҳавасманд гардонад ва ба онҳо мукофотпулӣ диҳад.

Моддаи 34. Ваколатҳои политсия оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон
Политсия ваколатдор аст:
1) дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ноболиғонеро, ки аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ шартан озод шудаанд ё маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо иҷрои ҳукми маҳрум сохтан аз озодӣ мавқуф гузошта шудааст, зери назорат қарор диҳанд;
2) ноболиғонеро, ки кирдори зиддиҷамъиятӣ ё ҳуқуқвайронкунӣ содир кардаанд, бе назорат ва бепарастор мондаанд, ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ ё муассисаҳои махсусгардонидашуда барои ноболиғоне, ки ба кӯмаки иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба утоқҳои махсусгардонидашудаи политсия барои ноболиғон таҳвил намояд, нисбати падар ё модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда, маводи дахлдор тартиб диҳад;
3) ноболиғоне, ки амалҳои хатарноки зиддиҷамъиятӣ содир карда, шахсияташон муайян карда нашудааст дастгир намуда, ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ ва ноболиғони бесаробон мондаро ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ таҳвил диҳад.

Моддаи 35. Ваколатҳои политсия ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва истифодаи таҷҳизоту техникаҳои махсус
Политсия ваколатҳои худро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, истифодаи таҷҳизотҳо ва техникаи махсус дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

БОБИ 5. ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҶИСМОНӢ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН

Моддаи 36. Шартҳо ва доираи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон
1. Корманди политсия дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, бо салоҳдиди худ, қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро бо назардошти вазъияти ба миёномада, ҳамчун чораҳои ниҳоӣ истифода мебарад.
2. Корманди политсия ҳуқуқ дорад барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, дастгир кардани шахсони онҳоро содирнамуда, рафъ намудани муқовимат ба талаботи қонунии корманди политсия аз қувваи ҷисмонӣ, усулҳои ҷангии гӯ штин, воситаҳои худмуҳофизатӣ ва дастрас истифода барад, агар усулҳои ғайримаҷбурии иҷрои вазифаҳои ба зиммаи корманди политсия вогузоршуда, натиҷаи лозимӣ надиҳанд.
3. Корманди политсия пеш аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон дар бораи нияти истифодаи он, огоҳ мекунад.
4. Корманди политсия ҳуқуқ дорад дар бораи нияти истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон огоҳ накунад, агар таъхир кардан ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё корманди политсия таҳдиди бевосита намояд ё тавонад сабабгори дигар оқибатҳои вазнин гардад.
5. Дар ҳама ҳолатҳо, агар худдорӣ намудан аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон ғайриимкон бошад, корманди политсия бояд кӯшиш намояд, ки то ҳадди имкон зарари нисбатан камтари ҷисмонӣ, маънавӣ ва моддӣ расонад.
6. Ҳангоми истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон ва расонидани зарари ҷисмонӣ ё ҷароҳат, корманди политсия вазифадор аст ба зарардидагон кӯмаки тиббии аввалия расонад.
7. Дар бораи расонидани зарар ба саломатӣ ва ё зарари моддӣ ба шаҳрванд дар натиҷаи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон корманди политсия вазифадор аст, ба сардори бевоситаи худ ва ё ба қисми навбатдории мақомоти политсияи ҳудудӣ хабар диҳад.
8. Ҳангоми аз тарафи корманди политсия истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон, ки дар натиҷа ба шаҳрванд зарари ҷисмонӣ расонида шудааст, политсия аз он дар муҳлати кӯ тоҳтарин, вале на дертар аз 24 соат прокурор, хешовандон ё шахсони наздики зарардидаро огоҳ менамояд.
9. Берун аз ҳадди ваколат истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
10. Кормандони политсия, кормандони дигар вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, курсантҳо ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ иштирок мекунанд, барои расонидани зарари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ ба шахс ҷавобгар нестанд, агар онҳо қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур истифода бурда бошанд.
11. Корманди политсия вазифадор аст, барои коршоямӣ ба амалиётҳо дар шароити истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон алоқаманд, мунтазам аз тайёрии махсус ва санҷишҳо гузарад.
12. Барои истифодаи корманди политсия номгӯ и воситаҳои махсус, намудҳои силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
13. Гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ, зиддитеррористӣ, фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бар зидди ҷинояткории муташаккилона, ҳолатҳои фавқулода, аз қабили номӯ ътадилии сиёсии дохилӣ ё ҳама гуна зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ, барои риоя накардани қоидаҳои истифодабарии қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон асос шуда наметавонанд.

Моддаи 37. Истифодаи воситаҳои махсус
1. Корманди политсия дар мавридҳои зерин ҳуқуқ дорад шахсан ва ё дар ҳайати гурӯҳ (ҷузъу том) воситаҳои махсусро истифода барад:
1) барои бартараф намудани ҳамла ба инсон ва шаҳрванд;
2) барои бартараф намудани муқобилият ба корманди политсия;
3) барои дастгир намудани шахсе, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят ба чашм афтода, кӯшиши пинҳон шуданро дорад;
4) барои дастгир намудани шахсоне, ки оид ба нишон додани муқобилияти мусаллаҳона аз ҷониби онҳо асосҳои кофии зерин мавҷуд аст:
а) ҳангоми аз масофаи муқаррарнамудаи корманди политсия наздик шудани ҷинояткор ба корманди политсия;
б) дар сурати ба силоҳи корманди политсия даст расонидан ва кӯшиши онро гирифтани шахсони дигар;
в) ҳангоми бо корд ё силоҳи оташфишон мусаллаҳ будани ҷинояткор;
г) ҳангоми ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир кардани шахс;
д) дар сурати аз ҷиҳати ҷисмонӣ бартарият доштани ҷинояткор;
е) ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳаёти шаҳрвандони зиёд, бо мақсади истифодаи норинҷак, маводи тарканда (миёнбанди шаҳид) ва дигар ашёҳои хатарнок;
ж) ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба шаҳрвандон ва корманди политсия.
5) барои ба политсия таҳвил додани шахсони дастгиршуда, посбонӣ намудани дастгиршудагон, ҳабсшудагон ва ба ҳабси маъмурӣ гирифташудагоне, ки бо рафтори худ мақсади фирор кардан, расонидани зарар ба атрофиён ё ба худ, ё ин ки муқобилият нишон додан ба корманди политсияро доранд;
6) барои рафъи ҳуҷум ба бино, иморат, иншоот ва воситаи нақлиёте, ки ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо тааллуқ доранд;
7) барои озод кардани шахсоне, ки бо истифодаи зӯроварӣ дар бино, иморат, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва қитъаҳои замин аз тарафи ҷинояткорон ғасбшуда, нигоҳ дошта мешаванд
8) барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракатҳои гурӯҳӣ, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор месозанд;
9) барои нигоҳ доштани воситаи нақлиёте, ки ронандааш талаби корманди политсияро оид ба нигоҳ доштани нақлиёт иҷро намекунад.
2. Ба сифати воситаҳои махсус истифода мешаванд:
- калтакҳои махсус – дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситаҳои газии махсус - дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 4, 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- дастбанд (дар мавриди набудани дастбанд корманди политсия ҳуқуқ дорад, воситаҳои зердастро барои бастан истифода барад) – дар мавридҳои дар бандҳои 2, 3, 4 ва 5 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситаҳои нурафкану садодиҳандаи ҷароҳатрасон - дар мавридҳои дар бандҳои 4, 6, ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситаҳои боздорандаи нақлиёт – дар мавридҳои дар банди 8-и, қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- обпошакҳои махсус - дар мавридҳои дар бандҳои 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- мошинҳои зиреҳпӯш (танҳо бо супориши сардори политсия бо минбаъд хабардор намудани прокурор дар давоми 24 соат аз лаҳзаи истифода бурдан) – дар мавридҳои дар бандҳои 4, 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- сагҳои хизматӣ– дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- дастгоҳҳои барқӣ (электрошокер) – дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 3, 4 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситаҳои нобудкунандаи монеаҳо – дар мавридҳои дар бандҳои 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситаҳои махсуси рангкунанда – дар мавридҳои дар бандҳои 3, 7 ва 9 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- аспҳо – дар мавридҳои дар бандҳои 3 ва 7-и қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- тирҳои резинӣ – дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 3 ва 7-и қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда
- лавозимотҳои ҷангии ҷароҳатрасон, инчунин ҳамшабеҳи силоҳи оташфишон ё сард, норинҷакҳои дастӣ, таҷҳизотҳои таркандаи худсохт ва штатӣ (минаҳо).
Ҳама намуди воситаҳои махсус метавонад дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 38 Қонуни мазкур низ, истифода шаванд.
3. Нисбат ба занҳои ҳомиладориашон аён, шахсони нишони аниқи маъюбидошта ва хурдсолон, истифодаи воситаҳои махсус манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд, ҳуҷуми гурӯҳӣ ё дигар ҳаракатҳои ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдидкунандаро содир мекунанд ва баръало дар чунин қонуншиканиҳо фаъолона шарикӣ мекунанд.
4. Ҳангоми гузаронидани гирдиҳамоӣ, роҳпаймоӣ, намоишҳо, пикетҳо ва маҷлисҳои ғайриқонунӣ, ки тартиботи ҷамъиятӣ вайрон мегардад, истифодаи воситаҳои махсус иҷозат дода мешавад.
5. Корманди политсия ҳангоми мудофиаи зарурӣ ё зарурати ниҳоӣ ва набудани воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон ҳуқуқ дорад аз ҳама гуна воситаҳои дастрас ва ашёҳо бо шартҳо ва маҳдудятҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур истифода барад.
- пеш аз он ки корманди политсия воситаи махсусро истифода барад, бояд огоҳ намояд.

Моддаи 38. Истифодаи силоҳи оташфишон
1. Истифодаи силоҳи оташфишон ин чораи ниҳоӣ мебошад.
2. Истифодаи силоҳи оташфишон ин паррондани тир барои безарар гардонидани шахс мебошад, ки ҳаракати хавфнокаш бартараф карда шавад.
Корманди политсия ҳуқуқ дорад, дар ҳолатҳои зарурӣ, дигар намудҳои силоҳро низ истифода барад, ки боиси марги инсон намегарданд.
3. Корманди политсия ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин шахсан ва ё дар ҳайати гурӯҳ силоҳи оташфишонро ба сифати чораи ниҳоӣ бакор барад:
1) барои ҳимояи шахс аз ҳуҷуми ба ҳаёт ва саломатии ӯ хавфнок;
2) барои озод кардани гаравгонҳо;
3) барои зада гардонидани ҳуҷум, ҳуҷуми гурӯҳӣ ё мусаллаҳона, аз ҷумла бо истифода аз моддаҳои тарканда ва оташангез ба корманди политсия, шахсони дигаре, ки вазифаи давлатӣ ва ё ҷамъиятиро оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иҷро мекунанд;
4) барои зада гардонидани ҳуҷум, ҳуҷуми гурӯҳӣ ё мусаллаҳона, аз ҷумла бо истифода аз моддаҳои тарканда ва оташангез ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти муҳим ва муҳофизатшаванда, биноҳои мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, зада гардонидани ҳуҷум ба дастаҳои (нарядҳои) ҳарбӣ ва хизматии политсия;
5) барои дастгир кардани шахсе, ки:
а) муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳад;
б) дар кирдораш аломатҳои ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини ба муқобили ҳаёт, саломатӣ ё моликият дошта, кӯшиши ғайб заданро дорад;
в) дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдор дониста шудааст, ё аз озодӣ маҳрум шуда, дар ҷойҳои нигаҳдории ҳабсшудагон зери посбонӣ қарор дошта, ки ҳаракати фирор намуданро дорад ё амалҳои бо роҳи зӯроварӣ озод намудани чунин шахсро дорад;
д) мусаллаҳ аст ва аз иҷрои талаби қонунии корманди политсия дар бораи супурдани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои тарканда, моддаҳои оташангез ва дигар маводи хатарнок саркашӣ мекунад;
6) барои барҳам задани кӯшиши ба даст овардани силоҳи оташфишон, воситаи нақлиёт, техникаи махсус ва ҷангие, ки дар ихтиёри политсия мебошад;
7) барои рафъи ҳуҷум ба шаҳрвандон ва кормандоне, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сафарбар шудаанд, инчунин ба иншооти муҳим ва ҳифзшаванда, биноҳои мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли молкият ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин барои рафъи ҳаракатҳои фаъолонаи шахсоне, ки даъвати оммавии зидди ҳуқуқӣ мекунанд;
8) барои вайрон намудани воситаҳои қулфшаванда, ҳамчунин қисмҳо ва таркибҳое, ки барои ворид шудан ба манзил, бино, ҳуҷра, қитъаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд;
9) барои боздоштани воситаи нақлиёт бо роҳи вайрон кардани қисми он, агар ҳаракатҳои ронанда ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатари воқеӣ гузошта, худи ӯ ба талаботи қонунии такрории корманди политсия оид ба боздоштани воситаи нақлиёт итоат накунад;
10) барои безарар гардонидани ҳайвоноте, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё худи корманди политсия таҳдид мекунад;
11) барои тирпаронии огоҳикунанда, додани бонги хатар ё даъват ба ёрӣ бо роҳи тирпаронии ба боло ё самти бехатар.
4. Пеш аз истифодаи силоҳи оташфишон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, дар бораи нияти истифодаи он шифоҳи ё бо роҳи тиркушодан огоҳӣ дода мешавад.
5. Дар ҳолатҳои зерин силоҳи оташфишон бе огоҳӣ истифода бурда мешавад:
- ҳангоми ҳуҷуми ногаҳонӣ ё мусаллаҳона;
- ҳангоми ҳуҷум бо истифода аз моддаҳои оташангез, техникаи ҷангӣ, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда, киштиҳои дарёӣ ва дигар ашёи хатарнок;
- ҳангоми бо силоҳи оташфишон ва ё бо истифода аз воситаи нақлиёт аз маҳбас фирор намудан;
- ҳангоми ҳаракат аз воситаҳои нақлиёт фирор намудани шахсони ба ҳабс гирифташуда;
- барои озод кардани гаравгонҳо.
6. Нисбат ба занон, шахсони нишони аниқи маъюбӣ дошта ва ноболиғон, агар синну соли онҳо бараъло аён бошад, истифода намудани силоҳи оташфишон манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳои аз ҷониби чунин шахсон нишон додани муқобилияти мусаллаҳона, анҷом додани ҳуҷуми гурӯҳӣ ё мусаллаҳона.
Истифода намудани силоҳи оташфишон ҳангоми ҷамъ омадани шумораи зиёди одамон, ки аз ин амал метавонанд шахсони дигар зарар бинанд, манъ аст.
7. Дар ҳама ҳолатҳои истифодаи силоҳи оташфишон корманди политсия вазифадор аст, ки барои таъмини амнияти шаҳрвандони гирду атроф, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба зарардидагон, инчунин хабардор намудани хешовандон ва ё намояндагони қонунии онҳо, тадбирҳои зарурӣ андешад.
8. Корманди политсия аз ҳар ҳолати истифодаи силоҳи оташфишон дар давоми 24 соат аз лаҳза ва маҳалли истифодаи он ба сардори бевоситаи худ гузориш медиҳад ва дар ҳолати ҳалок шудани одамон фавран прокурорро огоҳ намояд.
9. Корманди политсия дар рафти иҷрои Вазифаҳои хизматӣ ва риоя кардани талаботҳои истифодаи силоҳ тибқи Қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Моддаи 39. Кафолати амнияти шахсии корманди мусаллаҳи политсия
1. Корманди политсия агар чунин шуморад, ки дар вазъияти баамаломада мумкин аст асосҳои истифодабарии силоҳи оташфишон, ки дар моддаи 38 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба миён оянд, ҳуқуқи намудор ва омода намудани силоҳи оташфишонро дорад.
2. Кӯшиши шахси дастгиршаванда, ки дар даст силоҳи оташфишон, сард ё предмет дошта, бо он ба саломатӣ зарар расонида метавонад, ҳангоми наздик шудан ба корманди политсия ё кӯ тоҳ намудани масофаи аз ҷониби корманди ӯ муқаррарнамуда, ҳамчунин кӯшиши даст расонидан ба силоҳи корманди политсия ё анҷом додани ҳаракатҳои ногаҳонӣ ва дигар ҳаракатҳои хавфнок, инчунин бе дастури корманди политсия аз либосҳои худ кӯшиши гирифтани кадом чизеро дорад, ин амалҳоро корманди политсия метавонад ҳамчун таҳдиди зӯроварӣ ва хатари воқеӣ барои ҳаёт ва саломатӣ арзёбӣ намояд ва ҳуқуқ дорад мутобиқи Қонуни мазкур силоҳи оташфишонро истифода барад.

БОБИ 6. ХИЗМАТ ДАР ПОЛИТСИЯ

Моддаи 40. Корманди политсия
1. Корманди политсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар мансаби ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда фаъолият карда, ба ӯ бо тартиби муқарраргардида, рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунандаи политсия дода шудааст.
2. Рутбаҳои махсус барои кормандони политсия аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Рутбаҳои махсуси ҳайати роҳбарикунандаи политсия якумра мебошанд ва бо дигар рутбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар эътироф карда мешаванд. Ҳангоми қатъ шудани хизмат дар политсия ба рутбаҳои махсуси мавҷуда, калимаи «мустаъфӣ» илова карда мешавад.
3. Тартиби додани рутбаҳои махсуси политсия тибқи Низомномаи дахлдор, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян карда мешавад.
4. Корманди политсия либоси ягонаи расмӣ дорад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад ва он ройгон дода мешавад.
5. Барои айнияткунонии корманди политсия дар либоси расмии ӯ нишони сарисинагӣ бо қайди рақами шахсӣ ҷойгир карда мешавад.
6. Ба корманди политсия шаҳодатномаи хизматӣ ва нишонаи махсус (жетон) бо рақами шахсӣ дода мешавад, ки намунаи онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 41. Уҳдадориҳои хизматӣ ва ҳуқуқҳои корманди политсия
1. Корманди политсия мувофиқи мансаби ишғолнамуда, дар доираи ваколати худ аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебарад.
2. Корманди политсия уҳдадор аст:
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти политсияро ба танзим медароранд, донад ва иҷроиши онҳоро таъмин намояд, инчунин бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷишҳо гузарад;
- уҳдадориҳои хизматиро мутобиқи оинномаҳои идоравӣ, дастурамалҳои мансабӣ иҷро намояд;
- фармоиш ва супоришоти қонунии роҳбаронро иҷро намояд;
- оид ба масъалаҳои хизматӣ ба сардори бевоситаи худ ва дигар роҳбарон муроҷиат намояд;
- ҳар сол на дертар аз 30 апрел ба воҳиди сохтории кадрӣ ва мақомоти андози ҷои истиқоматаш дар бораи даромадҳо ва молу мулки худ эъломия пешниҳод намояд;
- дар бораи ҳар як ҳолати ба ӯ муроҷиат кардани шахсон бо мақсади моил намудан ба содир кардани қонуншиканиҳои коррупсионӣ, ба сардори бевосита ва сардори болоӣ хабар диҳад.
Агар муайян карда шавад, ки дигар корманди политсия оид ба ҳаракатҳои хусусиятҳои корррупсионидоштаи ин корманди политсия огоҳ шуда, дар ин бора сохтори дахлдори политсияро воқиф накардааст, ин ҳаракатҳои корманди политсия ҳамчун шарикӣ ба қонуншикании коррупсионӣ арзёбӣ карда мешавад;
- тибқи Қонуни мазкур маҳдудиятҳоеро, ки ба хизмат дар политсия алоқаманд мебошанд ва нисбат ба рафтори корманди политсия дахлдоранд, риоя намояд;
- ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳоро риоя намояд.
3. Корманди политсия сарфи назар аз мансаби ишғолкардааш дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст:
- ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи содиршавии ҷиноят, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҳодисаҳои нохуш зарар дидаанд, инчунин ба онҳое, ки дар ҳолати оҷизӣ ё дигар ҳолати барои ҳаёт ва саломатии онҳо хатарнок қарор доранд, кӯмак расонад;
- ҳангоми дар бораи таҳдид ба амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ ба ӯ муроҷиат кардани шаҳрвандон ё бевосита аз тарафи корманди политсия ошкор намудани чунин кирдорҳо, барои наҷот додани одамон ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниро пешгирӣ ва огоҳ намояд, шахсони дар содир кардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ гумонбарро дастгир намояд, оид ба муҳофизати ҷойи ҳодиса тадбирҳо андешад ва дар ин хусус ба воҳиди наздиктарини политсия хабар диҳад;
- ҳангоми муроҷиат кардан ба шаҳрванд мансаб, рутба ва ному насаби худро муаррифӣ карда, бо талаби шаҳрванд шаҳодатномаи хизматиашро пешниҳод кунад, асоси ҳуқуқии муроҷиат карданашро иброз карда, сипас сабаб ва мақсади муроҷиатро баён намояд;
- ҳангоми ба корманди политсия муроҷиат кардани шаҳрванд, корманди политсия мансаб, рутба ва ному насаби худро муаррифӣ карда, ӯро бодиққат гӯ ш кунад, дар доираи ваколатҳои худ чораҳои дахлдор андешад ё фаҳмонад, ки ҳалли масъалаи гузошташуда ба ваколати кадом мақомот ё шахси мансабдор мансуб аст.
4. Корманди политсия уҳдадор аст забони давлатиро донад, арзишҳои миллиро эҳтиром ва арҷгузорӣ намояд.
5. Корманди политсия дар рафти иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор қатъ кардани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқиро талаб намояд, ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва ё ваколатҳои онҳоро тасдиқ мекунанд, мавриди санҷиш қарор диҳад;
- тибқи қарорҳои қабулнамудаи мақомоте, ки барои муҳофизат аз офатҳои табиӣ ва дигар офатҳо ваколатдор шудаанд, дар хусуси ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк аз зарар, нобудшавӣ, дуздӣ ва риоя накардани дигар шаклҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ё ин ки барои пешгирӣ намудани зараре, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ё дигар офатҳо расонида шудааст, ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо оид ба андешидани чораҷӯ иҳо супориш диҳад;
- бо дастурамалҳои мансабӣ, ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманди политсия, меъёрҳои баҳодиҳии уҳдадориҳои хизматӣ, нишондиҳандаҳои фаъолияти хизматӣ ва шартҳои болоравии мансабӣ дар политсияро муайян мекунанд, шинос шавад;
- бо тартиби муқарраргардида аз тайёрии касбӣ, коромӯзӣ, бозомӯ зӣ, ва такмили ихтисос гузарад;
- дар мавриди поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ ба суд муроҷиат намояд;
- гузаронидани санҷиши хизматиро ба таври хаттӣ талаб намояд.
6. Корманди политсия дар рафти иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ сарфи назар аз мансаби ишғолнамуда ва маҳали қарор доштааш ҳуқуқ дорад:
- аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор қатъ кардани ҳаракатҳои ғайриқонуниро талаб намояд;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандон ё ваколатҳои шахсони мансабдорро санҷад;
- дар ҳолатҳои таъхирнопазир барои расидан ба ҷойи содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ё пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо, таъқиб намудани шахсони ҷиноят содиркарда ё дар содир кардани он гумонбаршуда, ба муассисаҳои тиббӣ расонидани шаҳрвандоне, ки ба ёрии таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, барои аз ҷойи садама бартараф намудани воситаҳои нақлиёти зарардида, аз воситаҳои нақлиёти ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон (ба истисно аз воситаҳои нақлиёте, ки ба намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда тааллуқ доранд) ва дар ҳолатҳои истисноӣ аз воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон истифода барад;
- шахсони дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар шударо, то омада расидани намояндагони воҳиди ҳудудии политсия ё намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир намояд, чунин шахсонро ба бинои хизматӣ, воҳиди ҳудудии политсия ё дигар бинои хизматӣ таҳвил намояд.

Моддаи 42. Хизмат дар политсия
1. Ба хизмат дар политсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш на кам аз 20 (барои занон на кам аз 18) ва на зиёда аз 30 сола мебошад, забони давлатиро медонад, таҳсилоти на кам аз миёнаи умумӣ дорад, аз рӯ и сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, кордонӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи политсия вогузоршуда мебарояд, хизмати ҳарбиро адо кардааст (ба истисно аз занон ва курсантҳои муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешавад.
Сиёсати кадрии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҷалби занон ва мардон аз ҳамаи табақаҳои ҷамъият, аз ҷумла ақаллиятҳои этникӣ равона карда мешавад, ки мақсади асосӣ - ин расидан ба ҳадафҳои умумӣ, таъсиси хадамоти политсияи ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа мебошад.
2. Ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш на кам аз 15 сола мебошад ва таҳсилоти миёнаи ҳатмии асосӣ ва умумӣ дорад, қабул карда мешавад.
3. Шахси ба хизмат дар политсия қабулшаванда аз қайди ҳатмии давлатии дактилоскопӣ гузаронида мешавад.
4. Ба хизмат дар политсия шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доранд сарфи назар аз муҳлати адои ҷазо, (ба истиснои онҳое, ки нисбаташон ҳукми сафедкунӣ қабул шудааст), аз ҷумла онҳое, ки бо асосҳои ғайрисафедкунӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд, инчунин агар хешовандони наздикашон дар содир намудани ҷиноятҳои қасдона гунаҳкор эътироф шуда бошанд ва ин ҳолат ба обрӯю нуфузи шахсе, ки политсияро намояндагӣ мекунад таъсир расонад, қабул карда намешаванд.
5. Ишғол кардани мансабҳои холӣ дар политсия дар асоси озмун, бо роҳи бастани шартнома сурат мегирад.
Мақсади асосии озмун ин баҳодиҳии сатҳи касбии довталабон ва мутобиқатии онҳо ба талаботҳои тахассусии муқарраргардидаи мансабҳои роҳбарикунандаи политсия мебошад.
6. Политсия бо кормандони барои хизмат кирояшуда шартномаҳои муҳлатнок ва бемуҳлат мебандад. Муҳлати шартномаи муҳлатнок то 5 сол муқаррар гардида, сипас бо розигии тарафайн шартнома метавонад ҳар 5 сол тамдид карда шавад. Шартнома барои хизмат бояд уҳдадориҳои ҳар ду тараф ва кафолатҳои таъмини ҳуқуқҳои корманд ва коргари политсияро пурра дарбар гирад. Бо шахсоне, ки ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва дар хориҷи кишвар ба таълими асосии ройгон фаро гирифта мешаванд, бастани шартномаи ҳатмӣ ба муҳлати на кам аз 5 сол муқаррар карда мешавад. Дар сурати иҷро накардани шартҳои шартнома дар давоми таҳсил ё баъд аз хатми он, маблағҳои барои таълим сарфшуда аз ҳисоби волидайн ё намояндагони қонунии кафилшудаашон ситонида мешаванд.
7. Ҳангоми қабул шудан ба хизмат корманди политсия Савганд ёд мекунад, ки матни онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Дар баробари ин корманди политсия уҳдадориҳо ва маҳдудиятҳоеро, ки бо хизмат дар политсия алоқаманд мебошанд, ба зимма мегирад.
8.Уҳдадорони ҳарбӣ, ки ба хизмат дар политсия қабул шудаанд ва курсантҳои муассисаҳои таълимии махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида аз қайди ҳарбӣ бароварда шуда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд. Масъалаи додани рутбаҳои махсуси политсия ба уҳдадорони ҳарбӣ, ки рутбаҳои ҳарбӣ доранд, бо тартиби аттестатсионӣ баррасӣ карда мешавад.
9. Корманди политсия ҳангоми ба мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, то ба итмом расидани муҳлати ваколаташ дар ҳайати эҳтиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мемонад.
10. Корманди политсия дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои иҷрои вазифаҳои махсус ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ё ташкилотҳои тобеи он бо монондан дар захираи кадрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад. Ба шахси мазкур тамоми ҳуқуқу имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии барои кормандони политсия муқарраргардида, нигоҳ дошта мешавад.
11. Муҳлати фаъолияти корманди политсия дар вазифаҳои дар қисмҳои 8 ва 9-и ҳамин модда зикргардида, ба муҳлати хизмат барои гирифтани рутбаи навбатӣ, иловапулӣ барои давомнокии хизмат, рухсатии меҳнатӣ ва баромадан ба нафақа аз рӯи собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад.
12. Баъд аз ба охир расидани муҳлати ваколат ва вазифаҳои дар банди 8 ва 9 ҳамин модда зикргардида, бо хоҳиши корманди политсия ӯро ба вазифаи пешинааш ва агар он вазифа вуҷуд надошта бошад, ба дигар вазифаи баробар таъин карда мешавад.
13. Муносибатҳои меҳнатии корманди политсия, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 43. Озмоиш ҳангоми қабул шудан ба хизмат дар политсия
1. Бо мақсади омӯ зиши сатҳи омодагӣ ва мутобиқати шаҳрванде, ки барои хизмат дар политсия қабул карда мешавад ва ба мансабе, ки довталаб мебошад, шаш моҳ муҳлати озмоишӣ муқаррар карда мешавад. Шаҳрванди мазкур дар марҳилаи озмоиш ба мансаби дахлдор, ба сифати коромӯз таъин карда мешавад.
2. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар курси ниҳоӣ аз рӯ и ихтисос дар воҳиди политсияе, ки ӯро ба таҳсил фиристодааст, коромӯзӣ менамояд ва барои ишғоли мансаб аз рӯ и касб, аз тарафи роҳбари он аз аттестатсия гузаронида мешавад.
3. Ба коромӯз муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат паҳн мегардад.
4. Муҳлати коромӯзӣ ҳамчун хизмат дар политсия ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 44. Тартиб ва шартҳои адои хизмат дар политсия
1. Барои кормандони политсия давомнокии умумии вақти корӣ дар асоси қонунгузорӣ дар бораи меҳнат муқаррар карда мешавад.
2. Ҳангоми зарурат корманди политсия метавонад ба иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ зиёда аз вақти муқарраргардида, инчунин шабона, дар рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб карда шавад, ки бо маблағи пулӣ ҷуброн карда мешавад. Корҳои зиёда аз меъёр набояд бештар аз чор соат дар давоми ду рӯз паиҳам бошанд ва бояд ҳатман маблағ пардохт карда шавад. Миқдори умумии соатҳо барои кори зиёда аз меъёр дар як сол бояд аз 120 соат зиёд набошад.
3. Ба корманди политсия рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ, бе ҳисоб кардани вақти рафтан ба ҷои истиқомат ё истироҳат ва бозгашт бо пардохти арзиши роҳкиро, дода мешавад.
4. Ба корманди политсия, ки дар маҳалҳои шароити иқлимашон душвор ва номусоид адои хизмат менамоянд, сарфи назар аз собиқаи хизматӣ рухсати меҳнатии асосии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 45 рӯзи тақвимӣ, дода мешавад.
5. Ба корманди политсия рухсатии пардохтшавандаи иловагӣ ба муддати зерин дода мешавад:
- баъди 10 соли хизмат – 5 рӯзи тақвимӣ;
- баъди 15 соли хизмат – 10 рӯзи тақвимӣ;
- баъди 20 соли хизмат – 15 рӯзи тақвимӣ.
6. Ҳангоми ба рухсатии меҳнатӣ баромадани корманди политсия, ба ӯ ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми ду маоши моҳона пардохт карда мешавад.
7. Ба корманди политсия ташкил ва иштирок намудан дар корпартоиҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо, роҳпаймоиҳо манъ аст.
8. Дар политсия таъсис додан ва фаъолият намудани ҳизбҳои сиёсӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ҳадафҳои сиёсӣ доранд, бурдани таблиғот ба манфиати ҳизби сиёсӣ, инчунин аъзогии корманди политсия дар фаъолияти иттиҳодияҳои мазкур, манъ аст.
9. Тартиб, муҳлат ва дигар шартҳои хизмат дар политсия бо Низомномаи адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, ба танзим дароварда мешавад.
10. Барои кормандоне, ки вазифаҳоро оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар шароити вазъияти ҳарбӣ ё вазъияти фавқулода, низои мусаллаҳона, гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ, бартарафсозии оқибати садамаю офатҳои хусусияти табиӣ ва техногенидошта ва дар шароитҳои дигаре, ки бо хавфи калон ба ҳаёт ва саломатӣ, ба тағйирёбии низомӣ, реҷаи вақти хизматӣ ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои иловагӣ алоқамандро иҷро менамоянд, собиқаи хизмати як моҳ ба се моҳ баробар ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 45. Озод кардани корманди политсия аз хизмат
Кормандони политсия бо асосҳои зерин (бо истодан дар қайди ҳарбӣ) аз хизмат ба эҳтиёт озод карда мешавад:
а) бо хоҳиши худ;
б) бо расидан ба ҳадди синну соле, ки Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ муайян намудааст;
в) бо расидани муҳлати собиқаи хизматӣ, ки ба нафақа ҳуқуқ медиҳад (бо ташаббуси корманди политсия ё бо розигии ӯ );
г) баъд аз тамом шудани муҳлати хизмат, ки дар шартнома нишон дода шудааст;
д) бо сабаби вайрон намудани шартҳои шартнома;
е) бо ихтисори штатҳо (ҷойҳои корӣ);
ж) аз сабаби беморӣ - дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ дар бораи корношоями барои хизмат дар политсия;
з) аз сабаби маҳдудияти вазъи саломатӣ - дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ оид ба маҳдудияти коршоямӣ ба хизмат ва иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ аз рӯи вазъи саломатӣ мувофиқи мансаби ишғолкарда ҳангоми набудани имконияти ҷойивазкунӣ дар хизмат;
и) аз рӯи натиҷаи аттестатсия маълум намудани нокифоягии тахассусӣ ва мувофиқат накардан бо мансаби ишғолкарда;
к) ҳангоми мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ;
л) барои содир намудани амале, ки ба шаъну эътибори корманди политсия доғ меорад;
м) ҳангоми аз ҷониби корманди политсия пас аз як моҳи ба охир расидани ваколати хизматӣ дар вазифаҳои дар қисмҳои 8 ва 9 моддаи 42 зикргардида, огоҳ насохтани мақомоти корҳои дохилӣ;
н) ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд.
Корманди политсия, ки ҷиноят содир намудааст, баъди эътибори қонуни пайдо намудани ҳукми суд оид ба маҳкум шуданаш барои содир кардани ҷиноят, аз хизмат озод карда мешавад.
Курсанте (ҷинси мард), ки барои ақибмонӣ ва беинтизомӣ аз муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ хориҷ карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмати ҳарбӣ фиристода мешавад, ба шарте, ки агар ҳангоми хориҷ шудан муҳлати муқаррарии хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо накарда бошад ё барои хондан барқарор карда нашуда бошад.
Муддати таҳсил дар муассисаи таълимӣ бо ҳисоби як моҳи хониш баробар ба як моҳи хизмати ҳарбӣ бо даъват ҳисоб карда мешавад.

БОБИ 7. БОЛОРАВИИ МАНСАБИИ КОРМАНДОНИ ПОЛИТСИЯ ДАР ХИЗМАТ
Моддаи 46. Болоравии мансабии кормандони политсия дар хизмат
1. Дар политсия болоравии мансабии кормандон дар хизмат тибқи низоми зина ба зина ба роҳ монда мешавад.
2. Интихоб, таъин намудан ба мансаби роҳбарикунанда, пешбарии номзад ба мансаби болоӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ, донишу малакаи касбӣ, интизоми хизматӣ, ташаббускорӣ, ахлоқи намунавӣ, ақидаронии солим ба роҳ монда мешавад.
3. Талаботи тахассусӣ ба захираи кадрӣ чунин мебошад:
1) барои ҳар як мансаби ҳайати политсия талаботҳои тахассусӣ таҳия карда мешавад, ки он аз меъёрҳо вобаста ба сатҳи таҳсилоти касбӣ, собиқаи хизматӣ дар мақомоти политсия ё хизмати давлатӣ, собиқаи хизматӣ (таҷрибаи корӣ) ихтисосӣ, донишҳои касбӣ ва малакаи зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ, сатҳи тайёрии ҷисмонӣ иборат мебошанд.
Талаботи тахассусӣ бо Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ тасдиқ карда шуда, дар Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад;
2) дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсатҳои минтақавии он Комиссияҳои махсуси озмунӣ таъсис дода мешавад, ки дар ҳайати он на камтар аз ду аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия шомил карда мешаванд. Комиссия ҳамасола гузаронидани санҷиши кормандони политсияро оид ба мутобиқ гардонидан ба талаботи тахассусии мансаби ишғолнамудаашон ба роҳ мемонад;
3) пас аз муайян гардидани натиҷаи санҷиш рӯйхати захираҳои кадрии пешбаришаванда ба мансабҳои роҳбарикунанда таҳия карда мешавад. Зимнан банақшагирии барномаи рушди захираҳои кадрӣ, аз ҷумла гузаронидани корҳои инфиродӣ, азнавтайёркунӣ, иваз кардан дар давраи рухсатӣ ва коромӯзӣ бо кадрҳои дар захира қарордошта, таъмин карда мешавад.

Моддаи 47. Тибқи озмун интихоб ва таъин кардани корманди политсия ба мансаб
1. Вазорати корҳои дохилӣ рӯйхати мансабҳои ҳайати роҳбарикунандаи дар асоси озмун таъиншавандаро таҳия мекунад, ки тартиби дар асоси озмун ба мансаб таъин шуданро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ аз ҷониби Комиссияи озмунӣ дар асоси талаботҳои тахассусӣ, ки мутобиқи моддаи 46 Қонуни мазкур тасдиқ карда шудааст, гузаронида мешавад. Дар рафти озмун санҷиши савияи дониши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешавад, ки ба усулҳои баҳодиҳии сифатҳои касбӣ ва шахсии номзад, аз ҷумла озмоишҳои санҷишӣ, саволнома, суҳбатҳои инфиродӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва навиштани иншо оид ба масъалаҳои вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматии минбаъда, истифода шаванд.
3. Ҳангоми баҳодиҳии номзад Комиссияи озмун бояд талаботи тахассусии мансаби дахлдор, дониш ва маҳорату малакаи касбиро ба роҳбарӣ гирад.
4. Маълумот дар бораи вақт ва маҳалли гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ дар сомонаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати политсия ва раёсатҳои минтақавӣ нашр карда мешавад.
Ҳар як корманди Вазорати корҳои дохилӣ, ки ба талаботҳои тахассусӣ ҷавобгӯ й мебошад, ҳуқуқи иштирок дар озмунро дорад.
5. Қарори Комиссия оид ба натиҷаҳои озмун бе иштироки номзад бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё ошкоро бо тарафдории аксарияти аъзоёни дар ҷаласа иштирокдоштаи Комиссия қабул карда мешавад ва он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни дар ҷаласаи Комиссия иштирокдошта ба имзо расонида мешавад
6. Қарори Комиссия барои таъин намудани довталаб ба мансаби холибудаи ҳайати роҳбарикунандаи политсия ё рад намудани таъиноти довталабе, ки дар озмун мағлуб гардидааст, асос мегардад.

Моддаи 48. Аттестатсияи кормандон. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳо
1. Бо мақсади ҷорӣ намудани тарзу усулҳои нави корбарӣ ва механизми самараноки пешгирии кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта, бархӯ рди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ, инчунин баланд бардоштани натиҷаҳои корӣ дар политсия, аттестатсияи кормандон ва ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда гузаронида мешавад.
2. Ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда дар политсия, дар се сол як маротиба амалӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷойивазкунӣ (ротатсия), дар байни аҳолии минтақаи хизматӣ пурсиши сотсиологӣ гузаронида мешавад, ки тартиби онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Аттестатсия бо мақсади муайян намудани мутобиқатии кормандони политсия ба мансабҳои ишғолнамудаашон гузаронида мешавад, ки он дар се сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар сурати таъин шудани корманди политсия ба мансаби дигар аттестатсияи ӯ баъд аз як соли таъин шуданаш гузаронида мешавад.
Кормандони ҷинси зан, ки дар рухсатии ҳомиладорӣ ё таваллуд, инчунин кормандоне, ки дар рухсатии нигоҳубини кӯдаки то синни сесола буданд, аз аттестатсия баъд аз як соли ба кор баромаданашон мегузаранд.
3. Аттестатсияи кормандони политсия аз ҷониби Комиссияи марказии аттестатсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
а) ҳангоми ба мансабҳои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ таъин шудани довталаб;
б) ҳангоми таъин шудани довталаб барои ишғоли мансабе, ки он аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад;
в) ҳангоми ишғоли мансабҳои роҳбарикунандаи воҳидҳои сохторӣ, ки бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи политсия гузошташуда, таъсис дода шудааст, аз ҷониби муовини Вазири корҳои дохилӣ сурат мегирад;
г) таъинот ба мансабҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Сарраёсати политсия;
д) ҳангоми таъинот ба мансабҳои воҳидҳои сохтории мақомоти политсия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба истиснои кормандони дар бандҳои б) ва в) қисми 3 моддаи мазкур оварда шуда.
4. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизмат дар политсия, таъмин намудани болоравии мансабии кормандони дар захираҳои кадрии он қарордошта ва бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар хизмат ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандон тариқи таъин намудан ба дигар вазифаҳои роҳбарикунандаи политсия амалӣ карда мешавад.
5. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандон дар доираи як гурӯҳи мансабҳое, ки ҳаҷми маоши онҳо аз ҳаҷми маоши мансабҳои пеш ишғолнамудаашон кам нест, инчунин бо дарназардошти сатҳи тахассусӣ, таҳсилоти касбӣ ва собиқаи хизмат дар политсия гузаронида мешавад.
6. Мансабҳои ҳайати роҳбарикунандаи политсия тибқи тартиби гузаронидани ҷойивазкунӣ (ротатсия), ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ муайян карда шудааст, амалӣ карда мешаванд.

БОБИ 8. КАФОЛАТҲОИ ҲИМОЯИ ИҶТИМОӢ ВА ҲУҚУҚИИ ПОЛИТСИЯ

Моддаи 49. Пардохти музди меҳнати корманди политсия
1. Таъминоти пулии кормандони политсия аз маоши моҳонаи мансабӣ, маоши моҳона барои рутбаи махсус, иловапулӣ барои собиқаи хизмат ва дараҷавӣ иборат мебошад, ки дар якҷоягӣ маоши моҳонаи кормандони политсияро ташкил медиҳанд. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони политсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Ба корманди политсия бар ивази озуқаворӣ ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад, ки ҳаҷми он ҳар сол вобаста ба сатҳи таваррум ва андозаи сабади истеъмолӣ, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад.
3. Музди меҳнати кормандони политсия, ки зиёда аз вақти кории муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хизмат мебошанд, пардохт карда мешавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба маоши моҳонаи муқарраргардидаи кормандони политсия пардохтҳои иловагӣ пешбинӣ намояд.

Моддаи 50. Таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии политсия
1. Маблағгузорӣ молиявӣ, таъминоти моддӣ, техникӣ, иҷтимоӣ ва маишии политсия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пардохт карда мешавад.
2. Политсия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бино ва иншоотҳои зарурӣ таъмин карда мешавад.
3. Маблағгузории дигар ташкилотҳо (давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ) барои муҷаҳҳазгардонии политсия бо техникаву технологияҳои муосир, сохтмон, тармиму таҷдиди биноҳо манъ нест.

Моддаи 51. Ҳавасмандгардонии кормандони политсия ва шахсони дигар
1. Барои нишон додани корнамоӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ноил гаштан ба комёбиҳои назаррас ва ҷасорату фидокорӣ кормандони политсия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
2. Кормандони политсия барои хизмати бенуқсон, пурмаҳсул, намунавии давомнок бо медалҳо ва нишонҳои сарисинагии идоравӣ, ки тавсиф ва тартиби онҳоро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ҳавасманд гардонида мешаванд.
3. Кормандони мақомоти давлатӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон низ барои ҳамкорӣ бо политсия дар амалӣ намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, бо медал ва нишонҳои сарисинагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида мешаванд.
4. Ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи политсия бо роҳи санҷиш ва баҳодиҳӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, аз рӯи сатҳи дониш, малака, тайёрии касбӣ ва таҷрибаи корӣ дараҷаҳои ихтисоси касбӣ дода шуда, маблағи иловагӣ ба маоши ҳармоҳа илова карда мешавад, ки тартиби онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 52. Суғуртаи давлатӣ ва ҷуброни зарар дар ҳолати вафот ва ё маъюб шудани корманди политсия
1. Кормандони политсия, аъзои оила ва молу мулки онҳо бо суғуртаи ҳатмии давлатии шахсӣ фаро гирифта мешаванд.
2. Кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 120 маоши моҳонаи корманди политсия, ки дар рӯзи пардохти ҷуброн муайян карда шудааст, ба оилаи корманди вафотгардида ва ё шахсони таҳти саробонии ӯ қарордошта, бо ҳиссаҳои баробар, дар чунин ҳолатҳо дода мешавад:
1) вафоти корманди политсия, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, ё дар натиҷаи бемории дар давраи адои хизмат дар политсия гирифтааст;
2) вафоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон то интиҳоӣ як сол пас рухсатшавӣ аз хизмат дар политсия, дар натиҷаи маъюбии ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ гирифта, ё дар натиҷаи бемории дар давраи адои хизмат дар политсия, ки имконияти минбаъд хизмат намудани ӯро дар политсия истисно кардааст.
3. Аъзои оила ва шахсони таҳти саробонии корманди вафоткардаи политсия қарор доштанд, (шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз хизмат дар политсия озод карда шудааст), мутобиқи қисми 2 моддаи мазкур ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулии якдафъаинаро доранд, инҳо маҳсуб меёбанд:
- ҳамсаре, ки то рӯзи вафот бо корманди вафоткарда дар ақди никоҳи бақайдгирифта қарор дошт;
- падару модари корманди вафоткарда;
- фарзандони ноболиғи корманди вафоткарда, фарзандони аз 18 сола боло, ки то ба синни 18 сола расидан маъюб шудаанд, фарзандони то 23 сола, ки дар шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд;
- шахсоне, ки дар таъминоти пурраи корманди вафоткарда қарор доштанд ё аз ӯ кӯмакеро мегирифтанд, ки барояшон манбаи даромади доимӣ ва асосии зист буд, инчунин шахсони дигаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсони таҳти саробонӣ қарордошта эътироф шудаанд.
4. Дар сурати маъюб шудан ё расидани зарари дигар ба саломатии корманди политсия ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, ки имконияти минбаъд адои хизмат намудани ӯро дар политсия истисно менамояд, ба ӯ кӯмакпулии якдафъаина ба ҳаҷми 60 маоши моҳона дар лаҳзаи пардохт муайян карда мешавад.
5. Дар сурати озод шудани корманди политсия аз хизмат дар натиҷаи бемории дар рафти адои хизмат пайдонамуда, ба ӯ кӯмакпулии якдафъаина ба ҳаҷми 24 маоши моҳона, ки дар рӯзи пардохти кӯмакпулӣ муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад.
6. Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ бардоштани зарари ҷисмонӣ ва муваққатан корношоям гаштани корманди политсия, ба ӯ вобаста ба дараҷаи зарари ҷисмонии бардоштааш кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми аз шаш то дувоздаҳ маоши моҳона, ки дар рӯзи пардохти кӯмакпулӣ муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад.
7. Зараре, ки ба моликияти корманди политсия, аъзои оила ё хешовандони наздики ӯ вобаста ба фаъолияти хизматиаш расонида шудааст, дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта ҷуброн карда мешавад, ки минбаъд ин маблағ аз шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад.
8. Барои дафни корманд ва нафақахӯри политсия (мақомоти корҳои дохилӣ), хешовандони наздик (падару модар, зан, фарзанд, фарзандхондшуда ва фарзандхондкарда) ва шахсоне, ки таҳти саробони ӯ қарор доштанд, кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 10 маоши моҳонаи охирин, пардохт карда мешавад. Муқаррароти мазкур нисбати шахсони ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯ ии политсия тибқи шартнома ҳамкорӣ намудаанд, паҳн мегардад.
9. Суғуртаи давлатии ҳатмии ҳаёт ва саломатии корманди политсия ва аъзои оилаи ӯ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
10. Таъмини нафақаи давлатии корманди политсия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
11. Ҳангоми дар натиҷаи иштирок дар гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба ҳалокат расидани шахсе, ки мутобиқи қарордод бо политсия ҳамкорӣ менамуд, ба оила ва шахсони таҳти саробонии ӯ қарордошта, аз ҳисоби маблағҳои дахлдори буҷетӣ ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши панҷсолаи шахси ҳалокшуда пардохт карда мешавад ва мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби аз даст додани саробон нафақа таъин карда мешавад.
12. Дар ҳолати вобаста ба иштирок дар гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ осеб дидан, захм бардоштан, контузия гирифтан ё маъюб шудани шахси мутобиқи қарордод бо политсия ҳамкорикунанда, ки ҳамкории минбаъдаи ӯро бо мақомоти политсия ғайриимкон мегардонад, ба шахси мазкур аз маблағҳои дахлдори буҷетӣ ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши сесола пардохт карда мешавад ва ба ӯ нафақаи маъюбӣ таъин мегардад.

Моддаи 53. Таъминоти иҷтимоии корманди политсия
1. Ба корманди политсия мувофиқи тартиби муқарраргардида:
- аз фонди давлатӣ манзили истиқоматӣ дода мешавад;
- барои беҳтар намудани шароити манзили зист, сохтмони манзили шахсӣ қитъаи замин ҷудо карда мешавад;
- аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои харидан ва ё сохтмони манзили истиқоматӣ, инчунин беҳтар намудани шароити манзил, қарзи бефоиз ба муҳлати 20 сол дода мешавад, ки 50 фоизи он аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор пардохт карда мешавад;
- манзили истиқоматӣ аз фондҳои манзили давлатӣ ва ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад.
2. Корманди политсия, ки дар мақомот зиёда аз даҳ сол фаъолият намудааст ва аъзои оилаи корманди вафоткардаи политсия бе додани манзили дигар аз манзили хизматӣ бароварда намешавад.
3. Политсия ҳуқуқ дорад аз ҳисоби манбаҳои молиявии худ барои кормандоне, ки ба беҳтар намудани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, манзили истиқоматӣ харида диҳад.
4. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва маҳаллӣ манзили кормандони политсия, ки фонди манзили давлатиро ташкил менамояд, ҳангоми собиқаи хизматии на кам аз понздаҳ сол доштан, инчунин ба аъзои оилаи онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалок гардидаанд, ба таври ройгон медиҳад.
5. Ба нозирони минтақавии политсия дар давоми шаш моҳ аз рӯзи ба вазифа таъин шудан, аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ манзили истиқоматии хизматӣ дода мешавад.
6. Дар сурати ҳалок гардидани корманди политсия ҳангоми иҷрои фаъолияти хизматӣ, ба оилаи ӯ манзил бо ҳамон асосҳое, ки то вафоти вай мавҷуд буд, на дертар аз шаш моҳ баъди ҳалок шудани корманди политсия аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва маҳаллӣ ё мақомоти политсия дода мешавад.
7. Ба корманди политсия ва аъзои оилаи он, аз ҷумла оилаи корманди ҳалокгардида, пардохти хонапулӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ, об, андози замини наздиҳавлигӣ ва пули истифодаи телефон, новобаста аз навъи фонди манзилӣ, панҷоҳ фоиз кам карда мешавад.
9. Фарзандони корманди политсия ба муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бенавбат қабул карда мешаванд.
10. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои кормандони политсия, метавонанд кафолатҳои дигари ҳифзи иҷтимоиро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, муқаррар намоянд.

Моддаи 54. Таъмини кормандони политсия бо хизматрасонии тиббӣ
Кормандони политсия ва аъзоёни оилаи онҳо, собиқадорон ва нафақахӯрони политсия, инчунин аъзоёни оилаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рафти адои хизмат дар политсия ҳалок гардидаанд дар муассисаҳои тиббии мақомоти корҳои дохилӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд.
Кормандони политсия ба тайёр ва таъмир кардани протезҳо (ба истиснои протезҳое, ки аз металлҳои қимматбаҳо ва дигар маводи гаронарзиш сохта шудаанд), хизматрасонӣ ва таъминоти тиббии ройгон ҳуқуқ доранд.
Аз муассисаҳои тиббии мақомоти корҳои дохилӣ, аз рӯи дорухат гирифтани маводҳои доруворӣ, маҳсулоти таъминоти тиббӣ ройгон мебошад.
Корманд ва нафақахӯри политсия дар осоишгоҳҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва осоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истироҳати ройгон таъмин карда мешавад.

Моддаи 55. Ҳимояи ҳуқуқии корманди политсия
1. Корманди политсия - шахси дахлнопазир мебошад ва таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Шахсият, шаъну шараф ва эътибори ӯ бо қонун ҳифз карда мешавад.
2. Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳояш корманди политсия ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд ва ба иттифоқҳои касаба муттаҳид шавад.
3. Таҳқири корманди политсия, ба ӯ муқобилият нишон додан, таҳдид, зӯроварӣ ё сӯ йқасд ба он, инчунин дигар кирдорҳо, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии корманди политсия монеаҳо эҷод мекунанд, чунин амалҳо фавран пешгирӣ карда мешавад ва тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.
4. Кормандони политсия барои расонидани зарари моддӣ ва ҷисмонӣ ба ҳуқуқвайронкунанда, ки дар натиҷаи итоат накардан ва муқобилият нишон додан расонида шудааст, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Хатар ба ҳаёт ва саломатии корманди политсия ҳамчун таҳдид ба вазъияти муътадили ҷомеа ва амнияти кишвар арзёбӣ мегардад.
5. Кормандони политсия дар баробари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии худ истифода мебаранд. Ба истиснои маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур.
Маҳдудият ба ин ҳуқуқҳо танҳо мутобиқи Қонун ва тибқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 56. Уҳдадории итоат намудан ба корманди политсия
1. Талаботи қонунии корманди политсия барои иҷроиш ба шаҳрванд ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад.
2. Иҷро накардани талаботи қонунии корманди политсия ва дигар амалҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи политсия гузошташуда монеъ мешаванд, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад ва ҳангоми монеъ шудан бо роҳи зӯроварӣ корманд метавонад тибқи муқаррароти ин қонун силоҳ истифода кунад.
3. Талаботи корманди политсия, ки ба шаҳрванд ва шахсони мансабдор нигаронида шудаанд ё дигар амалҳои ӯ то он вақт қонунӣ ҳисобида мешаванд, ки агар аз ҷониби мақомот ё шахси мансабдори ба назорати фаъолияти ӯ ваколатдоршуда ва риояи қонуниятро баамалбароваранда, баракси онро муайян накунад.

Моддаи 57. Эҳтимолияти боварӣ ба корманди политсия
Ба нишондоди корманди политсия, ки ба сифати ҷабрдида ё шоҳид пурсида мешавад, дар баробари дигар далелҳое, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гирифта шудаанд, баҳо дода мешавад.

Моддаи 58. Ҳуқуқҳои корманди политсия ба ҳимояи судӣ
Политсия вазифадор аст, ба он корманди политсия, ки иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ ё гражданӣ мебошад, ёрии ҳуқуқӣ расонад.
Агар корманди политсия дар содир кардани ҷиноят гумонбар ё айбдор шуда, нисбати ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан интихоб шуда бошад, пардохти таъминоти пулӣ ба чунин корманд боздошта мешавад. Ҳангоми нисбати корманд қатъ гаштани парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои сафедкунанда ё баровардани ҳукми сафедкунанда, ба ӯ таъминоти пулӣ дар ҳаҷми пурра барои тамоми давраи дар ҳабс буданаш пардохт карда мешавад, ки минбаъд ин маблағ аз шахсони дар айбдоркунии ғайриқонунӣ гунаҳкор, рӯёнида мешавад.

Моддаи 59. Ҳуқуқи кормандони политсия оид ба аъзо шудан ба иттифоқҳои касаба
Кормандони политсия бо мақсади намояндагӣ аз ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии худ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», ҳуқуқи таъсис додан ва аъзо шудан ба иттифоқҳои касабаро доранд.

Моддаи 60. Дахлнопазирии фаъолияти корманди политсия
1. Корманди политсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда танҳо ба сардорони бевосита ва болоии худ тобеъ мебошад. Ҳеҷ шахси дигар ҳуқуқи ба фаъолияти қонунии корманди политсия дахолат карданро надорад.
2. Таъсир расондан бо мақсади мамониат кардан ба иҷрои вазифаҳои хизматии корманди политсия дар кадом шакле, ки набошад, боиси ҷавобгарии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мегардад.
3. Дар ҳолати аз тарафи сардор ва шахси ваколатдор додани фармон ё супориши ғайриқонунӣ, ҷавобгарӣ ба дӯши шахси фармон ё супоришдода гузошта мешавад.
4. Фармон ё супориши бараъло ғайриқонунии сардор ва шахси ваколатдор аз тарафи корманди политсия иҷро карда намешавад.
5. Дар ҳолати аз сардори бевоситаи худ ё дигар шахсони мансабдори ваколатдор гирифтани фармон, дастур ва супориши баръало ғайриқонунӣ корманди политсия бояд мувофиқи талаботи қонун амал намуда, дар ин бора ба роҳбари болоӣ хабар диҳад.
6. Корманди политсия, ки аз рӯи фармон ё супориши бараъло ғайриқонунӣ қасдона ҷиноят содир намудааст, инчунин шахси мансабдори фармон ё супориши ғайриқонунӣ дода, ҳар ду ба тариқи умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Иҷро накардани фармон ё супоришоти ғайриқонунии сардори бевоситаи худ ё дигар шахсони мансабдори ваколатдор, ҷавобгариро истисно мекунад.
7. Ҷалб намудани корманди политсия ба иҷрои вазифаҳое, ки Қонуни мазкур ба зиммаи политсия вогузор накардааст, манъ аст.

Моддаи 61. Ҳуқуқҳои корманди политсия ба ҷуброни истифодаи воситаи нақлиёти шахсӣ бо мақсадҳои хизматӣ
Ба корманди политсия, ки бинобар мақсадҳои хизматӣ нақлиёти шахсиашро истифода мебарад, ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.

Моддаи 62. Ҳуқуқи корманди политсия ҳангоми дар сафари хизматӣ будан
Корманди политсия, ки дар сафари хизматӣ мебошад, аз рӯи шаҳодатномаи сафари хизматӣ ҳуқуқи бе навбат гирифтани чипта ба ҳама гуна нақлиёт ва дар меҳмонхона ҷойгир шуданро дорад.

Моддаи 63. Ҳифзи иҷтимоии корманди политсия бинобар баромадан ба нафақа
1. Корманди политсия, бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида, бо сабаби беморӣ ё пурра гардидани собиқаи хизматӣ ба нафақа меравад. Ба имтиёзҳои барои кормандони политсия пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», аз ҷумла ба таъминоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатие, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, ҳуқуқ дорад.
2. Андозаи нафақаи корманди политсия, ки бинобар расидан ба синни муқарраршуда, бо сабаби беморӣ ё фарорасии муҳлати собиқаи хизмат аз кор озод карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ҳисоб карда мешавад.
3. Ба шахсоне, ки аз хизмати политсия озод шудаанд, дар сурати таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо вобаста ба фаъолияти хизматии пештараашон мутобиқи Қонуни мазкур, кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандони политсия паҳн мегардад.
4. Ҳангоми ба хизмат дар политсия қабул шудани мутахассисе, ки дорои тахассуси баланди касбӣ мебошад ва аз рӯи ихтисоси асосӣ корро идома медиҳад, собиқаи меҳнатиаш барои таъмини нафақа ва илова намудани маоши изофавӣ ба собиқаи хизматӣ аз ҳисоби ду соли собиқаи умумии меҳнатӣ ба як соли хизмат дар политсия ҳисоб карда мешавад.

БОБИ 9. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Моддаи 64. Ҳамкории байналмилалӣ
1. Политсия бо давлатҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдори он, ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар созмонҳо дар масъалаҳои зерин ҳамкорӣ ба роҳ мемонад:
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ;
- иштирок дар нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сулҳу амнияти байналмилалӣ;
- расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ;
- ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ;
- муайян ва дастгир намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарор дошта;
- такмил додани қонунгузории миллӣ;
- пурзӯр намудани базаи моддӣ-техникӣ;
- фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, мубодилаи таҷриба;
- омода намудани мутахассисон;
- муайян намудани шахсони бедарак гумшуда.
2. Политсия дар доираи ваколати худ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ робита менамояд, шартномаҳо мебандад, ҳамкорӣ мекунад, инчунин дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад.
3. Политсия бо давлатҳои хориҷӣ баргузории ҷаласа ва дигар чорабиниҳои якҷояи байниидоравиро амалӣ менамояд.
4. Ҳамкориҳои политсия бо субъектҳои салоҳиятдори муборизабаранда бар зидди ҷинояткорӣ дар асоси меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сурат мегирад.
5. Вазорати корҳои дохилӣ метавонад дар дигар давлатҳо мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, намояндагии политсияро таъсис диҳад ва намояндаи худро таъин намояд.

БОБИ 10. НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ ФАЪОЛИЯТИ ПОЛИТСИЯ

Моддаи 65. Назорати давлатӣ аз болои фаъолияти политсия
1. Назорати давлатии фаъолияти политсияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, амалӣ менамоянд.
2. Назорати идоравии фаъолияти политсия бо тартибе, ки Вазири корҳои дохилӣ муайян менамояд, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 66. Назорати қонуният дар фаъолияти политсия
Назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар фаъолияти политсия аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ваколатдори тобеи он амалӣ карда мешавад.
Маълумот дар бораи шахсоне, ки ба политсия пинҳонӣ ёрӣ мерасонанд ё расонидаанд, инчунин дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситаҳои амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии политсия ба мавзӯи назорати прокурорӣ дохил намешавад.

Моддаи 67. Назорати ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти политсия
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ назорати ҷамъиятии фаъолияти политсияро амалӣ менамоянд.
Назорати ҷамъиятии фаъолияти политсияро Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсатҳои минтақавии он мутобиқи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятии мазкур ба роҳ мемонад.
Назорати ҷамъиятии фаъолияти политсия тавассути гузаронидани мониторинги ҷамъиятӣ, экспертизаи ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти политсия ва Вазорати корҳои дохилӣ, гузаронидани машваратҳои гуногун байни ҷомеа ва давлат, инчунин ҳар се моҳ ҳисоботдиҳии сардорони политсия дар назди аҳолӣ, таъмин карда мешавад.

БОБИ 11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 68. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии корманди политсия
Шахсони мансабдор барои риоя накардани кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии корманди политсия, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд барои кормандони политсия кафолатҳои дигари ҳифзи иҷтимоиро, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, муқаррар намоянд.

Моддаи 69. Ҷавобгарии кормандони политсия
1. Корманди политсия барои вайрон намудани қонуният, интизоми хизматӣ сӯиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
2. Ҳангоми аз ҷониби корманди политсия поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо, ба онҳо расонидани зарар, мақоми дахлдори политсия вазифадор аст, барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо чораҷӯӣ намояд ва бо талаби шаҳрванд дар шакли дахлдор узр пурсад. Зарари моддии расонидашуда мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
3. Аз тарафи корманди политсия пешниҳод накардан ё пешниҳод гардидани маълумотномаи нопурра ва ё бараъло бардурӯғ оид ба даромадҳо ва молу мулк тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 70. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 71. Дар хусуси аз эътибор соқит кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод. 352; соли 2006, №3, мод.148; соли 2007, №7, мод.663; соли 2008, №6, мод.450; соли 2009, №12, мод.820; соли 2011, №3, мод. 156; №6, мод. 438; №12,мод.835: соли 2012, №4, мод.251; №7, мод.692; №8, мод.821; №12 қ.1, мод.1023; соли 2013,№3, мод.183,184; №12, мод.884, мод.885) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 72. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад