Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳақиқати Гулҷаҳон Бобосодиқова

329

Қазияи ҳазораи Сино, марги Ҷумъа Одина, пайдоиши ҲНИТ ва хоҳиши Лучинский

Бо номи Гулҷаҳон Бобосодиқова қариб ҳамаи мардуми кишвар ошно ҳастанд, зеро Гулҷаҳон Бобоевна яке аз чеҳраҳои калидии солҳои 60, 70 ва 80-и қарни гузаштаи таърихи сиёсии Тоҷикистон мебошанд. Эшон фаъолияти кории худро аз комсомол оғоз карда, то ба дараҷаи котиби идеологии ҳизб расидаанд. Хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» суҳбати қаблии муаллифи ин сатрҳоро бо ӯ ёд доранд. Баъдан ду сӯҳбати дигар, яке сӯҳбати рӯ ба рӯ дар хона ва дигаре дар маҳфили “Гуфтугӯи тамадунҳо” бо эшон сурат гирифт. Инак, фишурдаи ин сӯҳбатҳо…

Чаро Рашидов дар ҳазораи Сино ширкат накард?
— Зиёда аз 20 соле, ки ман дар ҳайати Бюрои Марказӣ будам, бо се Котиби якум: — Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамов кор кардам. Аммо нақши Ҷаббор Расулович дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар ва ҳам сарнавишти банда ниҳоят бузург аст. Бинобар ин, мехостам суҳбатамонро аз замони эшон оғоз кунам. Аниқтараш аз ҷашнгирии 1000 — солагии Абӯалӣ ибни Сино. Ҳазораи Сино бояд дар се ҷо: — Маскав, Тошканд ва Душанбе баргузор мешуд. Расулов чун котиби якум ба ман амр доданд, ки ҷашнгирии Синоро дар Маскав ва Тошканд бодиққат мушоҳида кунам, то ки мо дар Тоҷикистон аз онҳо бештару беҳтар онро ҷашн гирем. Ҷаббор Расулович аз баҳсҳои олимони мо бо аҳли илми ӯзбек дар мавриди Сино хабардор буданд. Бинобар ин, он кас мехостанд, ки ҳазораи Синоро Тоҷикистон аз ҳама беҳтар таҷлил кунад, то ки олимони мо хурсанд шаванд. Ҳамин тавр, як рӯз пеш аз таҷлили ҳазораи Сино дар Маскав, мо вакилони Тоҷикистон ба Маскав рафтем. Дар фурудгоҳи Домодедово вакилони ӯзбекро вохӯрдему онҳо ба мо хабар расониданд, ки Шароф Рашидов, Котиби якуми Ҳизби комунистии Ӯзбекистон дар ҷаласа ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. Ҳол он ки номи ӯ ва Расулов дар барнома набуд. Шароф Рашидов он шабу рӯз дар Маскав қарор доштаву дар ҷаласаи котиботи КПСС иштирок мекардааст. Вақте ин хабар ба мо расид, Муҳаммад Осимӣ бисёр асабӣ шуда, ба ман гуфтанд, ки ягон чора андешам. Ман ба Сафорат омада, ба Ҷаббор Расулович занг задам. Он кас гуфтанд, ки хавотир нашавед, агар Рашидов ширкат кунад, ман ҳам ширкат хоҳам кард. Мо дар ҳайрат мондем, зеро он шабу рӯз аз Душанбе ба Маскав ҳамарӯза имкони парвоз набуд. Воқеан, субҳ вақте ба толори ҷашн рафтем, Шароф Рашидович наомада буд. Яъне Ҷаббор Расулович шаб то субҳ талош карданд, ки Рашидов ширкат накунад. Чун сухани эшон дар марказ эътибор дошт, Рашидовро иҷозат надоданд, ки дар ин чорабинӣ ширкат кунад. Ӯро ба куҷое фиристоданд. Мо ниҳоят хурсанд шудем. Аммо моро зарбаи сахти дигар интизор буд…
Ҳазораи Синоро бояд ноиби президенти Академияи илмҳои СССР Федосеев Пётр Николаевич ифтитоҳ бахшида, нахуст суханро ба президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ медод. Вақте ӯ эълон мекард: «Сухан ба Президенти академияи фанҳои Республикаи советии сотсиалистии…» Осимӣ аз ҷояшон нимхез шуда, омодагӣ медиданд, аммо ӯ «…Ӯзбекистон Обид Содиқов дода мешавад» гуфта, эълон кард. Шумо он замон ҳолати Осимиро медидед… Ман чизе гуфта натавонистам, аммо мудири шуъбаи фарҳанги КМ, Шауро Василий Филимонович, ки дар паҳлуямон менишаст, ба дасти Осимӣ зада гуфт: «Не волнуйтесь, все будет нормально». Аммо дигар чиро иваз карда мешуд? Телевизор чорабиниро сабт мекард. Бо вуҷуди ин Осимӣ худашонро аз даст надода, баромад карданд… Бегоҳ ман бояд ба Душанбе бармегашатам. Дар меҳмонхона, барои сафар омодагӣ гирифта, телевизионро равшан кардам, ки ҳазораи Синоро нишон медоданд. Аммо дар сабти телевизион аввал Осимӣ сухан кардаву баъдан Содиқов. Ин кори дасти Шауро буд, ӯ иштибоҳи Федосеевро ислоҳ карданӣ шуд…
Баъди Маскав ҳазораи Сино дар Тошканд баргузор мегардид. Ҷаббор Расулович ба ман бевосита таъин карда буданд, ки ҳама чизро дар Тошканд мушоҳида кунам, то ки мо кам наоем, балки беҳтар бошем, то ки интеллегентсияи мо хурсанд шавад. Дар барномаи Тошканд ҳам Пётр Федосеев конфронсро мекушод. Ман ҳар лаҳза аз ӯ мепурсидам: «Пётр Николаевич, оё шумо дар Тоҷикистон ҳам маҷлиси тантанавиро мекушоед?» Аммо ӯ посух намедоду ман ҳамоно пофишорӣ мекардам. Ним соат пеш аз маҷлис ӯ аз кушодани ҷаласаи Тошканд даст кашид, зеро медонист, ки агар дар Тоҷикистон ҳам ҷаласаро ифтитоҳ накунад, барояш мушкилӣ эҷод мешавад. Пеш аз сар шудани маҷлис Шароф Рашидович омада, дасти маро қапида гуфтанд: «Ӯртоқ Бобосодиқова…». Ман фаҳмидам, ки он кас аз талошҳои ман барои ширкат накарданашон дар тантанаи Маскав ва монеъ шуданам ба суханронии Федосеев огоҳанд…
Вақте дар конфронси Душанбе Федосеев вориди Душанбе шуд, Ҷаббор Расулович ӯро пешвоз нагирифтанд. Худи Пётр Николаевич хоҳиш кард, ки бо Расулов вохӯрад. Ҷаббор Расулович, ниҳоят розӣ шуданд, аммо фармуданд, ки дар рӯйи миз як чойник чой ва ду пиёла бошаду халос. Федосеев андешаи миллатгароии тоҷиконро маҳкум мекард. Ин андешаашро дар назди Расулов ҳам гуфт. Ҷаббор Расулович асабӣ шуда, бо мушт ба миз зада, аз мулоқат рафтанд ва дигар бо ӯ вонахӯрданд…
САВОЛ: — Гулҷаҳон Бобоевна, далелҳое, ки шумо нақл кардед, устураҳоеро, ки дар бораи Ҷаббор Расулов мегӯянд, рад мекунад. Масалан, мегӯянд, ки Расулов фақат ба пахта диққат дода, ба ҳаёти мадании кишвар дахолат намекард. Ҳатто шиори «Аз даҳ олим ба ман як пахтакор беҳтар»-ро ба ӯ нисбат медиҳанд. Ин то куҷо ҳақиқат дорад? Саҳми Ҷаббор Расулович дар ҳаёти мадании кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Шумо бояд дарк кунед, ки он замон мисли имрӯз набуд. Ва ба ҳаводиси он давра аз ин зовия назар кардан хатост. Мо дар чорчӯба кор мекардем, ки онро КМ таъин мекард, мо онро тағйир дода наметавонистем. Аммо Ҷаббор Расулович аз обрӯву нуфузи доштаашон дар Маскав истифода карда, баъзе қолабҳоро шикаста буданд. Ман дар паҳлуи Ҷаббор Расулович аз соли 1961 то 1982 кор кардам. Расулов яке аз роҳбарони тозатарин ва серталабу ватандӯст буданд. Зиндагии азсаргузаронидаи он касро гӯям, бовар намекунем. Он кас шикастанафс буданд, ним коса хӯрок, як бурида нон ва як истакон чой мехӯрданд. Ҷавонҳоро дастгирӣ мекарданд. Солҳои 60-ум ман котиби якуми комсомол будам ва дар он давра ҷавонҳо дар тамоми соҳаҳо ҷалб шуда буданд. Бубинед, ки худашон ҳам пас аз суханронӣ дар Анҷумани ҷавонон дар минбар ҷон доданд. Барои тарбияи эҷодкорон саҳм мегузоштанду онҳоро дастгирӣ мекарданд. Мӯъмин Қаноат, ниҳоят характери вазнин доштанду ҳар вақт аз чорчӯба мебаромаданд. Ҷаббор Расулович он касро даъват карда, суҳбатҳо мекарданд ва ором менамуданд. Он кас намехостанд, ки дар ҳаёти чунин як шоири бузург шикасти рӯҳиву равонӣ шавад. Гулрухсор зиёд эркагӣ мекард. Вақте котиби Иттифоқи нависандаҳо буд, ман ба Яхч меравам гуфта, баъзан даъво мекард. Ҷаббор Расулович ӯро бевосита даъват карда, суҳбат мекарданд ва ором менамуданд. Малика Собирова корро партофта, Маскав рафтанӣ шуд. Ӯ бемор будаасту мо намедонистем. Он кас ӯро бевосита наздашон даъват карда, гапзанон карданд. Маҳз дар замони Расулов театри мо то авҷи аъло рушд кард, зеро Расулов имконият медоданд.
Дуруст аст, ки Ҷаббор Расулович заминро дӯст медоштанд. Ин хислати инсонии эшон буд. Аммо дар атрофи Расулов киҳо буданд? Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ ва дигар аҳли илму адаб. Мисол, шумо дар бораи Бӯринисо Бердиева мақола навиштед. Бердиеваро ҳеҷ кас дар он замон тоқат карда наметавонист, аммо Ҷаббор Расулович буданд, ки ӯро дастгирӣ мекарданд. Мегуфтанд: -«ба Бердиева нарасед!». Гарчанде Ҷаббор Расулович дар саргаҳи бедории миллӣ набуданд, аммо ҳамеша дастгиру пуштибон буданд.
Дар ҳамон давра дар байни котибони якуми дигар республикаҳо Ҷаббор Расулович эҳтироми бештар доштанд ва он касро дӯст медоштанд. Дар муқоиса Ҷаббор Расулович беҳамто ҳастанд. Қаҳҳор Маҳкамовичро ҳам шумо медонед. Рафтору гуфторашон оина барин равшан аст. Фаъолияти Раҳмон Набиевичро бошад, намедонам чӣ гуна баҳо диҳам, ба гуфти англисҳо «No coment»… Ман се соли ҳамкориамонро бо эшон аз ҳаётам хат задаам…
Чаро Қонуни забон соли 1982 қабул нашуд?
-Имрӯз вақте сухан дар мавриди бедории миллӣ меравад, онро ба охири солҳои 80-ум рабт медиҳанд, аммо ин масъала хеле пештар оғоз шуда буд. Аммо ба таври мулоим ва эҳтиёткорона. Охири солҳои 70-ум масъалаи таҳияи як барномаи давлатикунонидани забони тоҷикӣ баромад. Соли 1981 Муҳаммад Сайфиддинович як мактуб тайёр карданд. Дар заминаи он қарори Бюрои Комитети марказӣ ва Шӯрои вазирон баромад. Мо он қарорро бо имзои Осимӣ, ман ва муовини раиси Совети вазирон Юсуфбеков ба Маскав бурданӣ будем. Ҷаббор Расулович гуфтанд, ки вақте шумо Маскав меравед, нахуст назди котиби КМ ПК Зимянин Михаил Василевич даромада, бо ӯ машварат кунед, ки мо ҳамин тавр як қарорро қабул кардем ва фикрашро пурсед. Зимянин шахси босаводу дурбин буд. Вақте бо ӯ суҳбат кардам, гуфт, ки шумо метавонед онро қабул кунед. Ин охири соли 1981 ва аввали соли 1982 буд. Аммо аввали соли 1982 Расулов аз олам гузаштанду Раҳмон Набиевич котиби якум таъин шуданд ва ба ин масъала дигар таваҷҷуҳ нашуд…
САВОЛ: — Гулҷаҳон Бобоевна, агар ин тавр аст, чаро дар он солҳо адабиёти илмӣ, махсусан дар соҳаи илмҳои дақиқ бо забони тоҷикӣ таҳия намешуд?
-Дар ин самт кӯшишҳо буданд, аммо фақат аз ҷониби олимон. Ҳанӯз соли 1959 Соҳиб Табаров проректори Университети давлатӣ буданду баробари хатм кардан, маро аз фанни математика дар университет муаллим монданд. Эшон ба ман амр карданд, ки дарсҳоро бо забони тоҷикӣ гузаронам. Ман як китоби душвори «Алгебра»-ро варақ ба варақ тарҷума карда, дарс медодам. Бубинед, ба ин масъалаҳо ҳизб ва давлат таваҷҷуҳ ҳам намекарданд, аммо аҳли зиё қадамҳои нахустинро гузошта буданд.
Экстремизми динӣ ва ташкили ҲНИТ
— Дар солҳои 70-80-ум дар Тоҷикистон як навъ экстремизми динӣ оғоз шуд. Аммо он аз экстремизми имрӯза ба куллӣ фарқ мекард. Дар ҳамон давра аз номи ду котиби КМ ҲК ИҶШС дар бораи Тоҷикистон як ҳуҷҷат омода шуд. Дар он ҳуҷҷат гуфта мешуд, ки дар Тоҷикистон 1000 муллои овора мавҷуданд ва ба ин масъала диққат дода намешавад. Ба мо супориш доданд, ки рафта, дар гирду атрофи ҳамин 1000 нафар кор баред. Мо оҳиста-оҳиста ба омӯхтани онҳо шурӯъ кардем. Вақте водии Вахшро омӯхтем, ин масъала аллакай реша давонида буд. Ё дар Орҷонекидзеобод (имрӯза Ваҳдат), ҳисобот дода баданд, ки қариб 1000 чойхонаву китобхона мавҷуд аст, аммо ин дурӯғ буд. Ин муллоҳо махфӣ кор мебурданд. Вақте ман ба Орҷонекидзеобод рафтам, котиби ҳизбии он ҷо Ҳасанов буданд. Он кас аз мо пинҳон карда, мавҷудияти муллоҳоро рад мекарданд. Пас аз ин Табаров котиби ҳизбии ин ноҳия шуданду будани чунин як ҳаракатро тасдиқ карданд. Албатта, бо ин 1000 нафар як ба як сӯҳбат кардан имкон надошт. Бо вуҷуди ин мо номҳои баъзеро мушаххас кардем. Аммо аллакай кор аз кор гузашта буд. Бубинед, ки баъди 4 сол маҳз ҳамин гурӯҳи диндорон боиси ба вуҷуд омадани кашмакашиҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ шуданд… Ман гарчанде солҳо дар Ҳукумати Шӯравӣ кор кардам, аммо иқрор мекунам, ки ҳизб ба диндорон муносибати нодуруст мекард, эътиқоду виҷдони мардумро бераҳмона поймол менамуд. Ин иштибоҳи калон буд. Ҳоло ҳам баъзе ташкилотҳои байналмилалӣ моро барои озод набудани дин дар Тоҷикистон маҳкум мекунанд, аммо ин беинсофист. Дар замони шӯравӣ ҳамагӣ 15 масҷид вуҷуд дошт. Дирӯз Ҷаноби Олӣ баромад карданд, ки зиёда аз 3000 масҷид дар кишвар имрӯз фаъолият доранд. Дар он давра барои хатна аз ҳизб ҷазо медоданд, имрӯз бошад, озод аст. Дар ин масъала диндорони мо бояд шукр кунанд.
Шарҳи Иброҳим Усмонов: — Вақте Гулҷаҳон Бобоевна дар бораи 1000 муллои сайёри нимаи дуюми солҳои 80-ум ёд карданд, мехоҳам ба як нукта равшанӣ андозам. Сухан дар бораи пайдо шудани Ҳизби наҳзати исломии пинҳонӣ дар ҷумҳурӣ меравад. Сухан дар бораи домулло Нурӣ ва пайравони эшон аст. Шумо медонед, ки онҳо расман эълон карданд, ки мо ҳизбамонро соли 74 таъсис додем. Яъне, дар солҳои 80-ум, як наҳзати сиёсӣ дар таркиби ҳайати диндорон пайдо шуда, реша медавонд. Инро метавон, ташаккулёбии ақидаи сиёсии динӣ гуфт. Инро худи аъзои наҳзати ислом эътироф кардаанд. Вақте соли 1994 20 – солагии ҳизбшонро ҷашн гирифтанд, ман ба Ҳимматзода гуфтам, ки «Домулло, шумо дирӯз пайдо шудеду чӣ тавр аллакай 20 – сола шудед?» Он кас посух доданд, ки мо аз замоне пайдо шудем, ки мактаби Қорӣ Муҳаммадҷон пайдо шуд ва домулло Нуриву ҷавонҳоро ҷалб карда, маҳфил барпо карданд… Ин 1000 муллои пинҳонӣ, ҳамон наҳзатиён буданд, ки дар оғози истиқлолият якбора сар боло карданд…
Лучинский мехоҳад боз ба Тоҷикистон ояд…
— Охири солҳои 80-ум ба Тоҷикистон Пётр Лучинский ба сифати котиби 2-юм омад. Аммо ӯ нақшаҳои вайронро дар сар мепарварид, рафторҳои нодуруст мекард ва худашро аз котиби аввал боло мегирифт. Лучинский Юрий Яковлевро ба Тоҷикистон даъват кард. Дар толори имрӯзаи Кохи Ваҳдат бо намояндагони аҳли зиё вохӯрӣ сурат гирифт. Дар он ҷо 5 нафар: Пономаренко, Акбар Турсун, Табаров, Давлат Худоназаров ва Гулрухсор баромад карданд. Се нафари аввал баромадҳои хуб ва муътадил карданд. Аммо Давлат ва Гулрухсор гапҳои танқидӣ заданд. Ҳатто Давлат дар як ҷойи суҳбаташ гуфт, ки чаро котибони сеюм фақат аз занҳо интихоб мешаванд? Гулрухсор ҳам баъзе чизҳо гуфт, аммо ман посух надодам. Лучинский мехост, ки ман ба саҳна бароям, бо онҳо хархаша кунам. Ӯ мехост моро ҷанг андозад, аммо ман ором нишастам. Дар охири маҷлис ӯ назди ман омада гуфт: «Как ты выдержала?». Ман ба саволаш посух надодам. Чанд рӯз пеш аз Маскав ӯ ба ман занг зад. Гуфт: «Тоҷикистонро ёд кардам, маро даъват кунед». Ман ба чанд нафар ин хоҳиши ӯро расонидам, аммо онҳо гуфтанд, ки агар ояд, ӯро сангборон мекунем… Ман Лучинскийро аз давраи комсомол медонам. Он нақшаи вайроне, ки ӯ дар сар мепарварид, амалӣ нашуд, мо сарбаландона онро пушти сар кардем.
Ҷумъа Одинаро кӣ кушт?
-Ман Ҷумъа Одинаро аз ҷавонӣ медонистам. Мо дар як хобгоҳ зиндагӣ мекардем. Дар мавриди «Гузашти айём» бошад, баъзе аз дастандаркорони ин қазия дар қайди ҳаёт нестанд ва ман одати аз қафои фавтидагон гап заданро надорам. Агар онҳо дар ҳаёт мешуданд, шояд мегуфтам. Вақте китоби Ҷумъа Одина «Гузашти айём» омода шуд, Главлит онро барои муҳокима ба Бюрои КМ пешниҳод кард. Асосан ба се нуктаи китоб эрод гирифта мешуд:
1. Вазъи забони тоҷикӣ дар Самарқанд, ки мардум дар хона тоҷикиву дар кӯча ӯзбекӣ суҳбат мекунанд;
2. Симои Котиби майхораи райком, ки шароб мехӯраду саг рӯяшро мелесад;
3. Таҷовузи зани рус дар қабристон.
Мо ин китобро дар Бюрои Кумитаи Марказӣ 2 маротиба муҳокима кардем. Дар ҳайати Бюро 3 нафар рус буданд, ки мехостанд дар муҳокимаронӣ ширкат кунанд. Ман эрод гирифтам, ки чаро шумо асарро нафаҳмида, дар бораи он ҳарф мезанед? Ҷаббор Расулович тавсия карданд, ки нуктаҳои эродгирифтаи китобро тарҷума кунем, то онҳо ҳам хонанд. Ниҳоят дар муҳокимаи дувум хулоса шуд, ки Ҷумъа Одинаро даъват карда, фаҳмонем, ки асарашро таҳрир кунад. Ман Ҷумъа Одинаро ба мулоқот даъват кардам, суҳбати мо бо ӯ ором мегузашт. Дар байни сӯҳбат вай хаста шуда, хоҳиш кард, ки баромада сигор кашад. Ман розӣ шудам. Дар ҳамин вақт Ҷаббор Расулович аз Маскав ба ман занг зада, амр карданд, ки “ба Ҷумъа Одина кордор нашавед!». Ҷаббор Расулович зимни сафарашон ба Маскав бевосита назди Шауро даромада, масъали Ҷумъа Одинаро гузошта, хоҳиш кардаанд, ки ба ӯ нарасем, зеро бемор буданашро медонистанд. Шауро ҳам розӣ мешавад. Муносибати мо бо Ҷумъа хуб буд. Вақте китоб нашр шуд, ӯ онро бо соядаст ва орзуи нек ба ман ҳадя кард. Мисле ки ҳама хуб буд, аммо ин масъаларо боз баъзе гурӯҳҳо ба миён кашиданд. Ман номи онҳоро намегӯям, аммо ӯ дар миёни манфиатхоҳон қурбон шуд. Бо боварӣ ба шумо мегӯям, дар қазия ва марги Ҷумъа Одина ман даст надорам. Солҳои аввали нооромиҳо як журналист бо ман суҳбат карда, дар ин мавзӯъ низ суол дод. Ман гуфтам, ки агар дар қазияи Ҷумъа Одина гунаҳгор бошам, узр мепурсам. Аммо он журналист калимаи «агар»-ро партофта танҳо «Ман узр мепурсам»-ро нашр кардаасту халос. Бо ҳамин иштибоҳ ман гунаҳкори асосӣ шуда мондам, ҳол он ки худамро гунаҳгор намедонам.
Принсипи Бобосодиқова
-Ман тамоми умр бо принсипҳои худам зиндагӣ кардам. Ба ҳама туҳматҳое, ки нисбати ман мекунанд, посух надодам, яъне нахостам дар сатҳи дигарон бошам. Мо дар замоне ба воя расидем, ки маромамон хизмат ба Ватан буд. Мо маҳалро намедонистем. Ба наздикӣ 80-солагии маро дар зодгоҳам Истаравшан таҷлил карданд. Як нафар гуфтааст, ки «Бобосодиқова барои Истаравшан чӣ кор кард?” Ман се навбат депутати Шӯрои Олӣ аз Бадахшон ва ду навбат аз Кӯлоб будам. Ман аз куҷо ҳастам? Оё ин аҳамият дорад? Ман аз Тоҷикистонам. Мо набояд дигар ин гуна суолҳоро матраҳ созем, балки дар ҷавонон ҳисси якпорчагии Тоҷикистонро бедор кунем.
Хулоса
Ин буд ҳақиқати Гулҷаҳон Бобосодиқова, ки аз чанд суҳбат онро гирд овардам. Шояд ин гуфтаҳо симои ин ходими давлативу сиёсӣ ва машҳуртарин зани солҳои 1970 ва 1980-и қарни гузаштаро бозгӯ кунад ва ё андешаҳои мубҳами солҳо дар зеҳнатон бударо равшанӣ бахшад.
Одили Нозир.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон»




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика