Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Раддия

Вазорати корҳои дохилӣ маълумоти дар шабакаҳои интернетӣ дарҷ шударо таҳти сарлавҳаи «Ошкор шудани 3 тонна гӯшти хар дар роҳ ба Душанбе, ё гӯшти хар тиҷорати кист?» мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки ахбороти мазкур асоси воқеӣ надорад.

Барои дастгир ва муайян намудани ашхосе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти пастсифат ворид менамоянд ва ё маҳсулоти бесифатро ба фурӯш мебароранд, аз ҷониби кормандони милитсия мунтазам чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад.
Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҷӯраев Олим Шарифбоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як қисми ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қодиров Маҳмуд Абдумуминович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро ба иҷора гирифта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи қочоқ гӯшти қиммакардашуда ворид намуда, баъдан онро ба шаҳри Душанбе ба корхонаҳои истеҳсоли ҳасиб фиристодааст. Маҳсулоти воридкардаи ӯ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатариро надорад.
Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва азназаргузаронии манзили истиқоматии Қодиров М.А. 50 қуттӣ ба вазни умумии 500 кг гӯшти қиммаи мурғ истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон пайдо карда гирифта шуд, ки дар ҳолати антисанитарӣ нигоҳ дошта мешуд ва ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифатро доро набуд.
Ҳамчунин дар дидбонгоҳи БДА ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н.Айнӣ худи шаҳрванд Қодиров М.А. дастгир карда шуд, ки номбурда 1500 кг гӯшти қиммаи мурғро бо супориши Ҷӯраев О.Ш. бо автомашинааш тамғаи «Мерседес-Спринтер» ба шаҳри Душанбе интиқол доданӣ буд. 

Мувофиқи хулосаи ташхиси озмоишии санитарӣ-бактериологии Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии ш.Хуҷанд, №45 аз 22-феврали соли 2018 маҳсулоти гирифташуда, яъне 2000 кг гӯшти қиммаи мурғ ба маблағи 26000 сомонӣ ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии инсон ҷавобгӯй намебошад.
Дар асоси маводҳои таҳиякардашуда нисбати Ҷӯраев О.Ш. аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров бо моддаи 209 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Рӯйдодҳо

  • Нисбати Ашуров Алиҷон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст

    Дар расонаҳои иҷтимоии интернетӣ хабаре паҳн гаштааст, ки гӯё аз ....

    25.03.2019 12:47
  • Ғоратгарӣ дар бозори Панҷшанбе

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи ....

    25.03.2019 09:19
  • Ба фоҳишагӣ ҷалб намудан ҷиноят аст!

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....

    25.03.2019 09:17
  • Ҳалокати пиёдагардон дар садамаҳои нақлиётӣ

    Рӯзи 23-юми марти соли 2019, тахминан соати 05:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    25.03.2019 09:15
  • Боздошти як зани қаллоб дар ноҳияи Бӯстон

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 26-солаи ....

    23.03.2019 09:15
  • Садама аз беэҳтиётӣ

    22.03.с.2019 тахминан соати 20:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мирзоев Фирдавс ....

    23.03.2019 09:12
  • ФАВРӢ: ФАРМОИШИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

    21.03.с.2019 дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн шуд, ки дар ....

    22.03.2019 01:15
  • ХАБАРИ ФАВРӢ

    Имрӯз (21.03.с.2019) дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки як ....

    21.03.2019 18:59
  • Ошкор гардидани силсиладуздиҳо

    Санаи 19.03.2019 сол ба мақомоти милитсия марди 24-сола, сокини ҷамоати ....

    21.03.2019 09:48
  • ДАР ЧЕҲРАИ ГУЛ НАСИМИ НАВРӮЗ ХУШ АСТ!

    20-уми марти соли равон, дар Маркази таълимии ВКД бахшида ба ....

    20.03.2019 16:17
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълони «Авто-Бону-2019»

    Бонувони азиз! Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва «Солҳои рушди деҳот, ....

    04.03.2019 09:53
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    24.02.2019 16:50
  • Эълони ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия

    Рӯзи 12-уми марти соли 2019, соати 10:00, бо ташаббуси Вазорати ....

    21.02.2019 09:54
  • Диққат! Амалиёти «Пиёдагард”

    Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ....

    09.02.2019 12:23
  • Эълони Нишасти матбуотӣ дар ВКД

    14-уми феврали соли 2019, соати 11:00-дақиқа, дар Вазорати корҳои дохилӣ ....

    04.02.2019 17:28
  • Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ....

    Аз 25-уми январ то 28-уми феврали соли 2019, мусобиқаҳои кушоди ....

    22.01.2019 16:22
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonun

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика