Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғорат намудани ронанда дар заминҳои ҷамоати деҳоти Исфисор

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 38-солаи сокини шаҳри Норакро, ки пеш бо моддаҳои 248, 249, 138, 120 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд. 

Номбурда, рӯзи 12-уми феврали соли 2018, тахминан соати 12:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо 2-нафар шахсони ба тафтишот номаълум аз назди бозори “Фаровон”-и шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров ба автомашинаи тамғаи “Мерседес- Бенс”, ки ба ронанда, марди 54-солаи сокини деҳаи Тоҷикистони ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, савор шуда ба ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Исфисор рафта, дастони ронандаро ба арғамчин баста, аз ӯ бо роҳи зӯроварӣ 185-сомонӣ ва 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Айфон” ва “Алкател”, ки арзишашон 500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Барои муайян ва дастгир кардани 2 нафар шарикони номбурда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика