Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо роҳи фиреб азхуд намудани автомашина ва ҷавоҳироти шаҳрвандон

105Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 32-солаи сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи мазкур бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015, марди 39-солаи ҳамдеҳааш бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “ДАФ”-ро (бо ядакаш) ба маблағи 70000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда, автомашинаашро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино зани 45-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2017, зани 39-солаи сокини кӯчаи Туниси пойтахт, ки пеш бо моддаҳои 244 қисми 2, 289, қисми 3 ва 234 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 244 грамм ҷавоҳироти тиллоӣ ва 3100-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Шахсони гумонбар дар қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбати ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика