Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии муҳаррикҳо ва дигар молу ашё

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: ду нафар марди 47-сола ва марди 32-солаи сокинони ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. 

Номбурдагон, охирҳои моҳи июни соли 2017, бо маслиҳати пешакӣ аз заводи ҶДММ “Сохтмони роҳ”, 4-адад муҳаррикҳои гуногун ва 1-адад муҳуррики “Башенний кран”-ро, ки ба директори корхонаи мазкур, марди 43-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 100,000-сомониро ташкил медиҳад.
Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 29-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми августи соли 2017, тахминан соати 11:00-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз назди кошонаи ҳусни “Сумая”-и пойтахт, аз ӯ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, ки арзишаш 2500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 26-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 34-солаи сокини кӯчаи Маяковскии пойтахт муроҷиат кардааст, ки рӯзи 10-уми августи соли равон, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хундай-Аксент”, ки бе назорат меистод, 11645-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-2”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯ ҳамчун гумонбар дар содир намуданги ҷинояти дуздӣ марди марди 19-солаи сокини кӯчаи Т.Шарқӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад