Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷишҳои зиддисўхторӣ дар лагерҳои тобистона

Ҳамасола аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар шароити хуб ва хушу хотирмон гузаштани давраи таътили тобистонаи мактаббачагон, тамоми тадбиру чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. 

Дар ин замина тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сўхтор дар фароғатгоҳу лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрии мактаббачагон ва майдончаҳои истироҳатии наздимактабӣ, мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар иншооти номбаршуда, баҳри саривақт ошкору бартараф намудани омилу сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши сўхтор, пайваста чорабиниҳои профилактикӣ-оташнишонӣ, ташвиқоту тарғиботи риояи ҳатмии талаботи меъёр ва қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сўхторро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор менамоянд.
Ҳамаи ин чорабиниҳо баҳри он равона гардидааст, ки хонандагон дар беҳтарин шароит таътили тобистонаи худро хушу хурсандона гузаронда, бо нерўи тоза ва табъи болида ба соли хониши нав омодагии хуб гиранд.
Дар доираи чорабиниҳои мазкур мутахассисони СХДО ВКД дар якҷоягӣ бо нозирону муҳандисони назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтори хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб дар фароғатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» ва истироҳатгоҳи «Гулхан», воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб, ки дар ҳар як кадоми онҳо зиёда аз 200 нафар мактаббачагон таътили тобистонаи худро гузаронида истодаанд, корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва бо дастаҳои идоравии оташнишонии онҳо машғулиятҳои назариявию амалии зиддисўхторӣ ташкил ва баргузор намуданд.
Ҳамингуна корҳои профилактикӣ-тарғиботӣ ва машғулиятҳои зиддисўхторӣ аз тарафи кормандони СХДО ВКД дар якҷоягӣ бо нозирону муҳандисони хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат дар истироҳатгоҳҳои кўдаконаи «Ҳамсафар», «Кайҳон» ва Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат, инчунин аз тарафи кормандони Қисми мустақили 18-уми хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» дар Истироҳатгоҳи бачагонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода низ ташкил ва гузаронида шуданд.
Ҳамзамон барои боз ҳам дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳолати бехатарӣ аз сўхтор ба роҳбарият ва шахсони масъули онҳо дастуру пешниҳодҳои зарурии зиддисўхторӣ дода шуданд.
Кор дар ин самт аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД ҶТ 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад