Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалок гардидани пиёдагарди шахсияташ номаълум дар садама

14-уми июли соли 2017 тахминан соати 21:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Миров Хуршед Зайниддинович сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дар ру ба рӯи деҳаи Шаҳристон ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард марди шахсияташ номаълумро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард дар беморхонаи Ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.
Нишонаҳо: синну солаш тахминан 55-60 сола, қадаш 180 см, муйи сараш сафед, риши сафеди паст дорад. Дар тан либоси варзишии (футболка) сурх ва шими варзишии рангаш сиёҳ дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати муайян кардани шахсияти пиёдагард бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намоянд.

Телефонҳо барои тамос: ‎221 21 21 Телефони боварӣ, 1919 алоқаи хизмати Мадад ва ‎227 98 98 Қисми навбатдории ВКД ҶТ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика