Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкору бартарафсозии камбудиву норасоиҳои зиддисӯхторӣ дар бозорҳои вилояти Хатлон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки таъминкунандаи рушди иқтисодии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои фаъолияти устувору самараноки соҳибкорону савдогарон тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини бехатарии молу мулки онҳо аз ҳаргуна ҳодисаҳои фавқулодда, ба хусус ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, пайваста тадбиру чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. 

Дар ин замина, амалӣ намудани санҷиши мунтазами вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ва сари вақт ошкору бартараф намудани камбудиву норасоиҳои зиддисӯхторӣ дар бозору марказҳои савдо яке аз омилҳои асосии кафолати ҳифзи ҳаёту саломатии савдогарону харидорон ва таъмини амнияти молу мулки тоҷирону соҳибмулкон аз нобудшавӣ дар оташ ба ҳисоб меравад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, маҳз бо ҳамин мақсад, дар асоси дастуру супориш ва талаботи қарорҳои мушовараву протоколҳои ҷаласаҳои оперативии назди роҳбарияти ВКД ва СХДО, аз тарафи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода аз ҳисоби мутахассисони шуъбаҳои мухталифи Дастгоҳи марказии Сарраёсат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, аз санаи 6-уми июн то ба имрӯз ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори бозору марказҳои савдои калони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони РХДО-и вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он, инчунин кормандони милитсия, шабакаҳои барқ ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор дар Бозорҳои «Саховат» ва «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб, Бозорҳои марказии мансуб ба ҷамъияти матлуботи ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Восеъ, Данғара ва бозору марказҳои савдои шаҳри Норак, инчунин дар ҶДММ «Фаровон Қурғонтеппа», ҶДММ «Бозори Ҳоҷӣ Шариф» ва ҶДММ «Нихи»-и шаҳри Қурғонтеппа, Бозори мустақили назди Ҷамъияти матлубот, Марказҳои савдои «Хулоз», «Алишер» ва «Малу»-и ноҳияи Панҷ, Бозори «Қубод»-и Ҷамияти матлуботи ноҳияи Қубодиён, Бозорҳои Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Хурусон дар шаҳраки Уялӣ, «Бозори марказӣ» дар шаҳраки Оби-киик ва Маркази савдои «Шаҳоб» -и ноҳияи Хуросон, ҶДММ «Бозори марказӣ» ва «Тиҷорат» дар ноҳияи Ёвон, Бозори «Шукрона»-и ҶДММ «Эмом-Алӣ», ҶДММ Бозори «Ориён-ЛТД», «Бозори марказӣ»-и Ҷамъияти матлубот дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҶДММ «Бозори Баҳор» ва Маркази савдои «Гулдаста» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, «Бозори марказӣ»-и назди Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷайҳун, Бозори ҶДММ «Баракат-ЛТД» «Бозори марказӣ»-и Ҷамъияти матлубот, ҶСК «Бозори Ином» ва ҶДММ «Пайванд»-и ноҳияи Шаҳритуз, Бозори «Файзбор»-и Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Дӯстии минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор ташкил ва гузаронида шуданд.
Мувофиқи иттилоъи роҳбарони гурӯҳҳои таъсисдодашудаи СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Абдуғафор Яқубов ва подполковники хизмати дохилӣ Нуралӣ Аназода, дар рафти санҷиши муштарак дар бозору марказҳои савдои номбаршуда, ба замми пешравиҳои зиёд дар самти таъмин ва риояи талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, нисбат ба солҳои пешин, боз як қатор камбудиҳои зерин ошкор карда шуданд:
- дар роҳравҳои дохили бозор ва марказҳои савдо барои аз нурҳои офтоб ҳимоя кардани худ, соҳибкорону савдогарон, дар байни растаҳо ва назди нуқтаҳои савдо аз ҳаргуна соябону матоъҳо истифода мебаранд, ки дар вақти сӯхтор ба паҳншавии оташ мусоидат менамояд;
- дар ҳудуди аксари бозорҳо ва марказҳои савдо ҳавзҳои оташнишонӣ сохта нашудааст, дар ҷойҳои мавҷуд буда бошад нақлиётҳои оташнишонӣ ба онҳо наздик шуда наметавонанд ва ё ин ҳавзҳои оташнишонӣ дар ҳолати таъмирталаб қарор доранд;
- мағозаҳо ва нуқтаҳои савдои дохили бозору марказҳои савдо бо воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда (сигнализатсия) таҷҳизонида нашудаанд;
-дар бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ нуқтаҳои савдо, шипангҳое (навесҳо), ки аз масолеҳи зуддаргиранда (чубу тахта ва ғайра) сохта шудааст, бо маҳлули махсуси кимиёвии ба оташ тобоваранда коркард карда нашудааст;
- санҷиши муқовимати рӯйпӯши ноқилҳо ва кабелҳои барқӣ гузаронида нашуда, коршоямии онҳо муайян нагардидааст;
- сипарҳои оташнишонӣ аз рӯи меъёр бо олоту воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ таъмин карда нашудааст;
- нуқтаҳои савдои ҳудуди бозор ва марказҳои савдои он бо деворҳои зиддисӯхторӣ ҷудо карда нашудааст;
- дар гирду атрофи бозорҳо сохтмони ошхонаҳо ва дигар нуқтаҳои хӯроки умумӣ бо дағалона вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор (аз ҷумла, бо риоя нашудани меъёр ва фосилаҳо) фаъолият доранд, ки онҳо ба дигар мағозаҳо ва нуқтаҳои фурӯши матоъҳо хавфи бевоситаи сӯхторро таҳдид менамоянд;
- хатҳои кабелу ноқилҳои барқие, ки таввасути симчубҳо дар ҳудуди бозору марказҳои савдо кашида шудаанд (дар баъзе қитъаҳо бе истифода аз симчубҳо низ кашида шудааст), ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, ҳангоми вазидани шамол онҳо эҳтимолияти ба амал омадани сӯхторро дар пай доранд;
- бар хилофи қоидаҳои амалкунанда, дар гирду атрофи бозорҳо миқдори зиёди нақлиётҳои гуногунтамға гузошта мешаванд, ки барои ҳаракати озодонаи нақлиётҳои оташнишонӣ, дар мавридҳои зарурӣ, монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.
Дар рафти гузаронидани санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор, аз тарафи гурӯҳи корӣ, зиёда аз 396 манбаҳои хавфи сӯхтор дошта, ошкор ва безараргардонида шуда, 412 қитъаҳои хатҳои гуногуни барқии ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, қатъ карда шуданд. Инчунин роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонӣ, дар ҳудуд ва гирду атрофи бозорҳо ва марказҳои савдо, бо истифода аз автомашинаи сӯхторхомушкунӣ аз ҳар гуна монеаҳои ҷойдошта, озод карда шуданд. Пештахта ва соябонҳои дар роҳравҳо ва байни растаҳо буда, ки фосилаи меъёриро вайрон менамуданд, бартараф карда шуданд. Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ бо 3233 нафар роҳбарону масъулон ва соҳибкорону савдогарони бозорҳо ва маркази савдо дастуру суҳбатҳо доир ба риояи қатъии талаботи қонуну қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар баробари ин, амрномаҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор бо маҷмӯи чорабиниҳои муҳими зиддисӯхторӣ, инчунин қарорҳои дахлдор оиди муваққатан боздошташудани фаъолияти бозору марказҳои савдои ба талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ набуда, ба роҳбарони бозору марказҳои савдо ва нусхаҳои ин қарорҳо ба мақомотҳои дахлдор супорида шуданд. Инчунин маълумотнома оиди вазъи бехатарӣ аз сӯхтори ҳар як бозору марказҳои савдои санҷидашуда, ба Раисони Ҳукумат ва Прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, барои баррасӣ ва чораҷӯӣ намудан, ирсол карда шуданд. Дар баробари ин, аз тарафи гурӯҳи кории СХДО ВКД ҳар як парвандаи назоратии бозор ва марказҳои савдои калон санҷида шуда, барои пурра мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузории онҳо ба талаботи Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2012 таҳти №950 «Дастурамал оид ба ташкили кори назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор» ба нозирону муҳандисони ГНДБС РХДО –и вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он ёрии амалӣ расонида шуд.
Ҳамчунин ба роҳбарияти Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он, ҷиҳати пас аз санҷиш ва ба танзим даровардани вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар бозор ва марказҳои савдои минтақаҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи кории муштарак, барои минбад низ ба камбудиҳои зиддисӯхторӣ роҳ надодани роҳбарону масъулон ва соҳибкорону савдогарон, инчунин назорати доимӣ бурдан аз болои он ва таъмини саривақтии иҷроиши амрномаҳои супоридашудаи гурӯҳи кории Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуданд.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов СХДО ВКД ҶТ 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад