Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии маргбор дар ҳудуди ноҳияи Восеъ

18-уми июни соли 2017, тахминан соати 15:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс”, марди 22-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи марди 42-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронанда ва се нафар мусофирони автомашинаи «Мерседес-бенс», синну солашон 22-24-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, инчунин ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» ва мусофири он марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи «Мерседес-бенс», ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика