Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ аз беэҳтиётӣ

17.06.с.2017, тахминан соати 15:35-дақиқа, зани 48-солаи сокини ноҳияи Данғара бо духтари 15-солааш ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари деҳаашон, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. 

18-уми июни соли 2017, тахминан соати 14:00-дақиқа, марди 56-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Кофарниҳон”, дар наздикии бозори “Хайр” аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. 

Дар ин рӯз тахминан соати 15:55-дақиқа, марди 26-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Сир” дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи “Лочин”-и шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи А.Ҷомӣ, низ чунин ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Тахминан соати 12:30-дақиқа, писарбачаи 4-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи А.Ҷомӣ аз беназоратии волидонаш дар канали обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст.
18-уми июн, тахминан соати 15:00-дақиқа, писарбачаи 4-солаи ҷамоати деҳоти Маҷнуни ноҳияи Деваштич аз беэҳтиётии волидонаш ба ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ғарқ шудааст.
Аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки зимни оббозӣ дар кӯлу дарёҳо эҳтиёт бошанд ва фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика