Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ

Ба мақомоти милитсия зани 26-солаи сокини ноҳияи Бохтар муроҷиат намудааст, ки шаби 18 ба 19-уми апрели соли 2017, тахминан соати 03:00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур кормандони милитсия зани 23-солаи сокини ноҳияи Бохтарро дастгир намуданд.
Ҳамчунин, кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров як ҷинояти дуздии қаблан бақайдгирифташударо ошкор намуданд. Моҳи сентябри соли 2016 шахси номаълум пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи мазкур ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 15 ҳазор сомониро дуздидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти дуздии ҷавоҳироти тиллоиро марди 30-солаи ҷамоати деҳоти зикргардида содир намудааст. Гумонбаршуда дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Тафтишоти ҳодисаҳои дуздӣ идома доранд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика