Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати се нафар дар садамаи нақлиётии ҳудуди ноҳияи Шаҳристон

19-уми апрели соли 2017, тахминан соати 19:45-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-180”, марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Хуҷанд”, дар километри 191-уми ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, таҳти идораи марди 57-солаи сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-180”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, марди 65-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, зани 67-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” ва мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-180”, зани 64-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика