Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Интиқоли ғайриқонунии моҳӣ (Видео)

Муносибат ба табиат бахусус ба олами хайвоноту наботот аз ҳар сокини кишвар масъулияти баландро такозо мекунад. Зеро ҳаёти инсон ба табиат вобастагии зич дошта, поку тоза нигоҳ доштани фазои экологӣ ва хифзи ҳайвоноту набототи нодир вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванд мебошад.
Кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, пешгирии шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва парандагони нодир, буридани дарахтони сабз фаъолияти хурдо ба роҳ монда, пайваста миёни ҷомеа чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд. Вале, бар хилофи ин дар ҷомеаи мо ҳастанд нафароне, ки нисбати табиат дағалона рафтор намуда, ҷои ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ба несту нобуд кардани он, аз ҷумла ба буридани дарахтони сабз ва шикору интиқоли ғайриқонунии ҷонварони нодир даст мезананд.

 

 

Ҳафтаи равон Командони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД ҳангоми хизматбарӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт, автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс”, рақамаи қайди давлатиаш 78 41 РР 02-ро, ки таҳти идораи шахрванд Умаров Салимҷон, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров карор дошт, боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии дохили автомашина муайян гардид, ки дар зери дигар анвои хӯрока 336 кг моҳиро ронандаи автомашинаи мазкур ғайриқонунӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол дода, мехост дар пойтахт ба фурӯш гузорад.
Чунин ҳуқуқвайронкунии Умаров Салимҷон аз ҷониби кормандони милитсияи экологӣ ошкор гардида, 336 кг моҳӣ аз ӯ мусодира гардид ва нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Эҳсон Абдуллоев 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад