Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ғоратгарони телефонҳои мобилӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 18-уми апрели соли 2017, дар роҳи зеризаминии кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт марди 27-солаи сокини ноҳияи Фархор бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилии тамғаи “Нокия-720”- ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Ҳамин тариқ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Восеъро, ки пеш бо моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани якчанд ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд.
Гумонбаршуда 19-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 10:00-дақиқа дар назди маркази савдои “Беҳрӯз”, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт бо тариқи зӯроварӣ аз дасти зани 30-солаи сокини ноҳияи Муъминобод телефони мобилии тамғаи “Нокия-1110”- ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамчунин, гумонбаршуда дар ин рӯз тахминан соати 11:00-дақиқа дар назди қаҳвахонаи “Шифо”, воқеъ дар кӯчаи Қ.Кироми пойтахт аз дасти зани 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ телефони мобилиаш тамғаи “Самсунг”-ро бо тариқи зӯроварӣ тасарруф намудааст.
Вобаста ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика