Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти роҳзанӣ

 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар шаҳрвандон: марди 28-солаи қаблан бо моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия судшуда, марди 21-солаи донишҷӯ, сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир гардиданд. 

Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон бо маслиҳати пешакӣ, шаби 24 ба 25-уми январи соли 2017, тахминан соати 02:00-дақиқа, ниқоб пӯшида, бо олоти оҳанин мусаллаҳ гашта, ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”-и деҳаи Работи ноҳияи Айнӣ ворид шудаанд. Сипас, онҳо шаҳрвандон: марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 24-солаи сокини ноҳияи Айниро лату кӯб намуда, бо банд дастҳояшонро баста, 24 ҳазор сомонӣ, ду адад телефонҳои мобилии тамғаҳои “Nokia N-8” ва “Samsung G-2”, таҷҳизотҳои сабткунандаи мушоҳидавиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 27 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика