Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии ашёи рӯзгор

Ба мақомоти милитсия зани 54-солаи сокини ноҳияи Ашт муроҷиат намудааст, ки шаби 13 ба 14-уми апрели соли 2017, шахсони номаълум пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо як адад тафдони барқӣ, як адад дастгоҳи ҷомашӯии барқӣ, як адад телевизор ва ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда ба соҳибмулк 2 ҳазору 480-сомониро ташкил медиҳад. 

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздии мазкур марди 34-солаи сокини ноҳияи Ашт, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Ҳангоми гузаронидани як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯии дигар аз ҷониби кормандони милитсия марди 57-солаи сокини ноҳияи Мурғоб барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда моҳи марти соли 2016 аз мавзеъи Қурбашии ноҳия 5-адад симчӯби алоқаро, ки ба ҶСК “Телеком”-и ноҳияи Мурғоб тааллуқ дорад, дуздидааст. Зарари расонидашуда ва маблағи умумиашон 2510-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика