Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар мешаванд

Ба мақомоти милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2015 марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ ба миқдори 17 ҳазор сомонӣ маводҳои зарурии рузғор барои фурӯш гирифта, маблағашро то ҳол барнамегардонад. 

Дар пайи шикоятҳои шаҳрвандон зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони қаллобӣ марди 35-солаи сокини ноҳияи Бохтарро дастгир намуданд. Гумонбаршуда, моҳи августи соли 2016 бо роҳи фиреб аз сокинони ноҳияи мазкур, марди 32-сола ва марди 50-сола, аз ҳар кадом ба маблағи 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, бозпас барнамегардонад.
Вобаста ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика