Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чаппа намудани автомашина ба Сирдарё

19-уми марти соли 2017, тахминан соати 01:00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрда, автомашинаро аз болои купрук ба дарёи “Сир” чаппа намудааст. 

Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири автомашина марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе шино карда, ба соҳили дарё баромада, мусофири дигари автомашинаи мазкур марди 24-солаи сокини шаҳри Хоруғ аз дохили дарё то ҳол дарёфт нашудааст.
Барои дарёфт намудани ҷасади ҷавони ғарқшуда ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ таъсис дода шудааст.
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика